Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Якравӣ накуну якбора фурӯ бар.
  • Не гуфтам, не.
  • Хайр чашмашро овез.
  • Не, не, намехоҳам. Чаро маро азоб медиҳӣ? Ман касал не!

Холаи Салима лолу ҳайрон монд, чӣ кор карданашро надонист. Бечора модар, вай ҷон канда, ғами бачаро мехӯраду бача парвое надорад. Вай мехоҳад ҷигарбандаш сиҳат шавад, чун пештара хушрӯю зирак, чусту чолок, хотираш мустаҳкам бошад. Барои ҳамин шабҳоро нахобида рӯз кард, пеши мулло рафт, фолбину табиб рафт, ҳазору як хел дору оварду дору тайёр карда ба бачааш дод. Вале ҳамааш барабас.

Холаи Салима ҳарчанд гоҳ бо зорию тавалло ва гоҳ бо зӯрӣ бисёр доруҳоро ба писараш хуронд, натиҷае ҳосил нашуд ва Беҳрӯз монандӣ пештара ҳама чизро зуд-зуд фаромӯш мекард ва кори кардаашро намедонист. Модар аз ин хуни ҷигар мехӯрд, аз ғаму ғусса обу адо мешуд. Наход илоҷи табобати ин беморӣ набувад? Наход фарзандаш, ҷони ширинаш як умр ҳамин хел боқӣ монад? Не, албатта.
Роҳи ягонаи халосӣ ин табобати духтурон. Танҳо духтурон метавонанд бачаи ӯро аз касалӣ наҷот диҳанд. Дунё баумед гуфтаанд. Ӯ умед дорад, боварӣ дорад. Агар зарур шавад, молу мулк, чизу чора ва ҳавлии худро мефурӯшаду ба пули он Беҳрӯзи азизашро табобат мекунонад.

Маслиҳати профессор

Беҳрӯзро боз ба беморхонаи шаҳр хобонданд. Духтурони шӯъбаҳои касалиҳои рӯҳу асаб ӯро муоинаю ташхис карда, сабаби фаромӯшхотириашро муайян намуданд. Сардухтури шӯъбаи касалии асаб профессор Амон Пӯлодов, ки марди солхӯрдаи тоссар ва айнакӣ буд, амакӣ Абдураҳимро дар утоқи кораш қабул карда, сӯҳбати тӯлонӣ орост:

  • Касалии бачаатон муайян шудааст, — гуфт вай, — онро ба истилоҳи илми тиб амнезия, ба тоҷикӣ нисён меноманд.
пешина
аз 77
навбатӣ