Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

рояд. Кабир боз як чанд маротиба зада буд, ки шонасарак аз сӯрохии дигар баромада, патарроззанон парида рафт. Маълум шуд, ки дар қисми болоии танаи дарахт боз як сӯрохӣ будааст, ки бачаҳо надидаанд.

Ҳама аз омад накардани сайдашон афсӯс хӯрда, чӣ кор карданашонро надониста хомӯшу ҳайрон истода буданд, ки аккоси саг баромад. Бӯрон ба сӯи пода нигоҳ карда, мергани хоҷагии ҷангал амаки Рустамро дид, ки дар китф милтиқи шикорӣ ва дар даст бордон аз кӯҳ фуромада меомад. Бӯрон ва ҳамроҳонаш ба пешвози мерган рафтанд. Бачаҳо ба умеди ёрӣ ба ӯ воқеаро нақл намуданд.

Дунё баумед аст

Саҳарии барвақт мерган амаки Рустам омад ва аз бордонаш чизи қоғазпечро бароварда ба Замира гуфт:

— Ба очаю отат салом гӯй. Шонасаракро ҳозир сайд карда овардам. Илоҳо ба дардаш даво шавад.

— Хона намедароед? – илтифот намуд Замира.

— Не, раҳмат. Вақт танг, маро интизоранд.

Замира қоғазпечро кушода, шонасаракро берун баровард. Ба димогаш бӯи бад зад. Давон бурда онро ба модараш дод.

— Барои чӣ бӯи бад дорад, оча? – пурсид Замира.

— Ин худаш ҳамин хел паррандаи бадбӯй аст, - ҷавоб дод холаи Салима ва шонасаракро пӯст канда, тоза шуст, аз рӯи гуфти табиб дилу чашмашро ҷудо кард. Дили паррандаро, ки хурдакак буд, рӯи лаълӣча гузошт ва аз чашмаш ресмон гузаронд, то ки Беҳрӯз ба гарданаш овехта гардад. Ва Беҳрӯзро чеғ зада, бо навозишу меҳрубониҳои зиёд гуфт:

— Бачаҷони азиз, ин доруро табиб фармудааст. Чашматро пӯшида дилашро якбора фурӯ бару чашмашро аз ресмонаш ба гарданат овез. Фоида дорад, зуд сиҳат мешавӣ.

Беҳрӯз лаълӣча ба даст гирифта буд, ки аз бӯяш дилаш беҳузур шуд. Лаълӣчаро бо қаҳр ба замин монда:

— Ин чизи бадбӯйро хӯрда мешавад? Намехӯрам, намехӯрам!

пешина
аз 77
навбатӣ