Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Поён фуроед, як дарахти калони сада ҳаст, таги дарахт чашмасор, ана ҳамон ҷо пури савсан.

Бачаҳо бо пайраҳаи борик поён фуромада, ба чашмасор расиданд. Дар ҳақиқат дар лаби чашмаҳо савсан чунон фаровон буд, ки гули сурху сиёҳ ва зарди дурахшони он чашми касро мерабуд. Кабир халтаро кушода, досу теша ва кордҳоро баровард. Замира бо досча гулҳоро даравиданӣ буд, ки Ҳабиба намонд:

  • Савсанро бо решааш канда мегиранд. Худи гулаш даво намешавад.

  • Набошад досчаро барои чӣ овардем? - пурсид Замира.

  • Барои эҳтимол, шояд даркор шавад, - ҷавоб дод Кабир.

Ҳар се бо тешаю кордҳо бехи гули савсанро кофта, бо решааш, ки дарози пургиреҳ ва ғафсиаш ангушти даст барин буд, канда гирифтанд. Дар андак муддат халта аз гулҳои савсан пур шуд. Баъди нӯшидани оби чашма ва каме дам гирифтан бачаҳо роҳи хонаро пеш гирифтанд. Дар пайраҳаи теппа Бӯронро диданд, ки болои харсанг нишаста най менавохт. Аз теғаҳои кӯҳ акси садои он шунида мешуд. Саги ӯ - Шер дар паҳлӯяш нишаста, чун посбони зирак атрофро наззора мекард. Аввал Ҳабибаю Кабир, сипас Замира ба сӯи Бӯрон нигариста даст ҷунбонданд.

  • Чӣ хел бачаи аҷоиб будааст ин Бӯрон, - гуфт Ҳабиба, - хушсуҳбат, меҳнатдӯсту боақл ва хоксор.

  • Кошки бори дигар бо ӯ вомехӯрдем, - гуфт Замира.

Дар ҷустуҷӯи шонасарак

Холаи Салима гулҳои савсани чида овардаи бачаҳоро тоза шуста хушк кард. Аз рӯи дастури китоби шифо панҷоҳ грамм решаи хушки онро дар сеюним литр об дар оташи паст ним соат ҷӯшонд. Баъд обро соф карда, аз он ҳар шаб пеш аз хоб сад граммӣ ба Беҳрӯз нӯшонд ва як чойқошуқӣ асал ҳам хӯронд. Аз байн чанд рӯз гузашт, вале дар аҳволи бемор ягон беҳбудӣ дида нашуд.

Бачаҳо аз паи ҷустуҷӯи давои дигар - шонасарак шуданд,

пешина
аз 77
навбатӣ