Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
— Не, гулчинӣ, ҷавоб дод Кабир. — Моли колхоза мепой? — пурсид вай.
— Не, ин моли мардуми деҳа.
— Худат аз кадом деҳа мешавӣ?
— Аз Чортут.
— Чортута медонам. Хонаи тағом дар ҳамон ҷо.
— Номаш чӣ?
— Киромиддин.
— Киромиддини оҳангар?
— Ҳа, ҳамон кас.
— Вай ҳамсояи мо.
Сӯҳбати Кабир бо ӯ тасфид. Ҳабибаю Замира ҳам ҳар хел саволҳо доданд.
— Номам Бӯрон, дар синфи нӯҳум мехонам, — ба нақл даромад чӯпонбача. — Мардуми деҳа моли худро бо навбат ба чарогоҳ мебаранд. Ҳафтае як бор навбат ба ман мерасад.
Дилам мехоҳад ҳар рӯз ба кӯҳу доманаҳо бароям. Ина бинед чӣ хел ҷойҳои зебою хушҳаво. Кас кайфу сафо мекунад.
Вай бо дастонаш атрофро нишон дода, завқ мекунад, — Барои ҳамин хонданро бас кардаӣ шудам. Лекин очаю отам намонданд, ҷанг карданд ва гуфтанд, ки ҳатман бояд синфи даҳумро тамом кунам. Ман гуфтам: аз хондан чӣ фоида?
Ана бинед, муаллимҳо мактабро партофта савдогарӣ мекунанд. Ё мисол гирем амакамро. Вай институтро тамом кардагӣ. Дар совхоз механик шуда кор мекард, ҳозир бошад бекор. Хайрият совхоз камтар замин дод, акнун бо кишту кор машғул. Лекин барои кори деҳқонӣ хондану маълумот гирифтан чӣ даркор? Отам ба ин фикри ман тамоман муқобил баромада мегӯяд: маълумот, касбу ҳунар ягон вақт лозим мешавад, умуман хондан ҳеҷ зарар надорад. Дар бораи гуфтаҳои отам дер вақт фикр мекунаму баъзан розӣ ҳам мешавам.
Бӯрон хомӯш шуд ва аз бағалкисаи костюмаш найро бароварда, оҳанги шӯхере замзама кард. Ҳама гӯшу ҳуш шуданд. Аз садои найи ӯ гӯё баргу шохаҳои гиёҳу буттаҳои атроф ларзида, ҳаму рост шуда мерақсиданд.
— Офарин, хуб менавоҳтай! — таъриф кард Ҳабиба.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё