Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

– Не, — гуфт бо қатъият холаи Салима, – рафтани ту мумкин нест. Ғайр аз ин ман ба ту кори зарур дорам.

Вақте ки бачаҳо аз маҳалла гузашта, ба тепаи якум баромаданд, офтоб аллакай баланд шуда, нурҳои гарми худро ба атроф мепошид. Бо вуҷуди ин болои тепа салқин буд. Шамолаки форами кӯҳсор сабук-сабук вазида, бӯи хуши алафҳо ва гулҳои тару тозаро ба атроф паҳну парешон месохт. Тухмҳои хушкидаи гули коку аз вазиши бод чун ғозҳои пахта рақскунон ба дуродур парида мерафтанд. Гумбази нуқрафоми осмон аҷаб асрорангез ба назар метофт. Як гӯшаи он монандӣ дудҳои ғализи заводи семент сип-сиёҳ, гӯшаи дигараш оина барин софу бегубор ва зебо буд, ки кас аз тамошояш сер намешуд. Гоҳ-гоҳ садои ғадру барқ баланд шуда, аз дур рангҳои сурху сафед, сабзу бунафши тиру камон ба чашм мезад. Баъди он ки ба тепаи дуюм баромаданд, бачаҳо дам гирифтанд.

Ҳабибаю Замира болои бистари алафин дароз кашиданд.

– Аз афташ дар ин ҷо савсан намерӯяд, — гуфт Кабир ва халтаи худро, ки дар дарунаш корду теша ва доси майда дошт, ба замин монда, ба хаёл рафт.

– Не, мерӯяд, — гуфт Замира, — порсол омада, як даста гули савсан чида будем. Дар ин ҷо ҳамаи гулҳо ҳастанд. Фақат ин ки ҳоло мо бо инҳо дучор нашудем.

Ногаҳон садои найи чӯпонӣ ба гӯш расид. Аммо дар атроф касе наменамуд. Кабир аз ҷой хеста ба пастӣ нигоҳ кард. Чӯпонбачаи тахминан шонздаҳ-ҳабдаҳсола гову гӯсола ва гӯсфанду бузголаҳоро ҳай карда меомад. Аз қафои пода як саги калони сиёҳ мерафт. Чӯпонбача молҳоро боло бароварда, як сӯ ронду худаш ҳамроҳи саг назди бачаҳо омад. Шиму курта ва кастюми кӯҳна пӯшида буд, дар пой мӯзаи калон дошт. Рӯю гардан ва дастонаш аз нурҳои офтоби баҳор сип-сиёҳ шудаанд. Мӯйсар, абрӯвон ва ҳатто мижаҳои заб-зард ва чашмони кабудаш ба як тарзи аҷиб медурахшиданд. Бачаҳо ба мӯйҳои тилоранги ӯ нигариста хандаашон омад, вале худдорӣ карданд.

– Чукричинӣ омадед? — пурсид чӯпонбача ва аз паҳлӯи Кабир ҷой гирифта нишаст.

пешина
аз 77
навбатӣ