Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Вақт барояш фурсати муносибе фаро расид. Ҳамин ки дар ҷумҳурӣ ҷанг сар шуд, «бахташ тофта», ҷавонони ба худаш ҳамфикру ҳамхислатро ҷамъ оварда, даста ташкил дод ва ба сафи мухолифон дохил шуд.
Дар тепаҳо ва доманаи кӯҳҳои атрофи шаҳр моли мардумро зӯран кашида гирифта, ба пули он силоҳ харид ва ба амалиёт шурӯъ намуд. Вай бо силоҳдорони худ деҳаҳои Чанорзор, Якқабед ва Навободро зери тасарруф гирифта, тартиботи нав ҷорӣ кард: кӯдакон бояд ба мактаб намерафтанд, занону духтарон куртаю поҷомаи дароз пӯшида, ба сар рӯймол мебастанд, мардон ришу мӯйлаб мемонданд. Бо фармони ӯ таҳхонаҳо ба зиндон табдил ёфтанд. Ҳар касе, ки бар хилофи раъйи ӯ рафтор менамуд, зиндонӣ шуда, азобу шиканҷа медид ва ба қатл расонда мешуд. Танҳо мардуми деҳаи Гулистон саркашӣ карда, гуфтаҳои ӯро ба ҷо намеоварданд. Аз ин рӯ бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекарданд. Баъди имзои созишномаи сулҳ дар байни мухолифин ва ҳукумати қонунии Тоҷикистон низ дастаи мусаллаҳи Аҳмади Ҷаллод ба қоидаю қонунҳо риоя накарда, амалиёти ҷангии худро давом дод.
... Вақте ки Беҳрӯз аз мактаб омад, модараш холаи Салима ва апааш Замира ба рафтан тайёр буданд. Падараш амаки Абдураҳим пагоҳӣ дару тирезаи сохтаашро ба мошин бор карда, ба модараш гуфт, ки бегоҳ аз бозор рост ба хонаи хоқараш меравад. Имшаб ҳамаашон дар хонаи вай мехобанд.
– Зуд бош, – гуфт модараш, – сумкатро хона дароварда мону тез баро. Интизори ту шуда аз ҳамсояҳо қафо мондем.
Онҳо як мошин шуда рафтанд.
Модару бачаҳо шитобон ба роҳ даромаданд. Мошинҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё