Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Бачагон яксола шуданд, дусола шуданд, сесола, баъд чорсола шуданд ва ба синни мактабхонӣ қадам монданд. Подшоҳ ҳардуро ба мактаб дод.
Писари подабон бо завқ мехонд, хушзеҳн буд, маънии китобҳоро фаҳмонда медод. Шоҳзода ҳам бо майлу рағбат мехонд, аммо зеҳни писари подабон дар ӯ дида намешуд.
Рафта-рафта бачагон ба балоғат расида, хуни ҷавонӣ дар вуҷудашон ба ҷӯш омад, онҳо дар гирду атрофи шаҳр сайру шикор мекардагӣ шуданд.
Як рӯз ҳар ду ба шикор рафта истода буданд, ки шоҳзода дар наздикии як деҳа мурғеро дида, тир андохт.
Ҳамин вақт дар як ҳавлӣ кампире карбос танида нишаста буд. Мурғи тирхӯрда рафта, ба рӯйи карбоси кампир афтод, торҳои карбос тит хӯрданд, хунолуд шуданд.
Шоҳзода аз пайи сайди худ ба ҳавлии кампир зада даромад.
— Эй ҷавон, — гуфт кампир ӯро дида, — кори бад кардӣ, беадабӣ кардӣ, илоҳо, шамоли ишқи Фариштамоҳ ба рӯят занад.
— Эй модар, — гуфт шоҳзода ҳайрон шуда, — Фариштамоҳ гуфтӣ? Вай кист, дар куҷо зиндагӣ дорад?
— Фариштамоҳи зебову доно, — ҷавоб дод кампир, — аз ин ҷо беҳад дур дар тарафи ғуруби офтоб, дар паси ҳафт ағбаи баланд зиндагӣ мекунад. Вай чунон нозанин ва чунон оқила аст, ки мислаш дар дунё нагузаштааст. Ҳазорҳо ҷавонмардон гирифтори ишқи ӯ шуда, дар гирди ӯ гаштанд, алҳол, ҳеҷ кас ба табъи ӯ мувофиқ наомадааст.
Шоҳзода ин гапро шунида, зуд ба қасри падараш баргашта омад. Ҳанӯз вай ба дарвозаи қаср нарасида, хабар доданд, ки падараш мунтазир аст.
— Писарам, — гуфт подшоҳ, — ман пир шудам, баъд аз сари ман подшоҳи мамлакат ту мешавӣ, ба ин кор тайёр шуданат зарур аст. Биё, ман ба ту хазинаю дафинаи подшоҳиро нишон диҳам, ту дониста гир, ки дар куҷо чӣ мавҷуд аст ва дар кадом вақт чиро истифода кардан даркор.
Шоҳзода аз падараш пурсид:
— Эй падари меҳрубон, ҷаҳон хӯрдан хуб аст ё ҷаҳон гаштан? Як ҷо будан хуб аст ё дунё дидан?
Падараш гуфт:
— Эй фарзанди азиз, ҷаҳон гаштан, дунё дидан беҳтар аст, бисёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё