Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Музаффар чизе нагуфта, аспашро ба саисхона бурда, баста, ба аспонон фармуд, ки нағзак нигоҳубин кунанд.

Подшоҳ зани дигар гирифта буд. Моиндар Музаффарро аз рӯзи ба қаср оварда шуданаш бад дид. Вай ҳар рӯз «харидҳои беҳудаи Музаффар туро хонахароб мекунад» гуфта ба гӯши подшоҳ мехонд. Вале подшоҳ писарашро қоҳиш намедод.

Зани подшоҳ роҳи дигари аз писари ӯгаяш халос шуданро ҷустуҷӯ намуд. Бо амри ӯ дар хонае, ки Музаффар истиқомат дошт, аз пойгоҳ то миён чуқурӣ кофтанд. Зан ба таги чуқурӣ алмоси зиёде партофта, рӯяшро бо шолчаи тунук пӯшид.

«Музаффар аз сайру гардиш баргашта, ба чуқурӣ — ба болои алмосҳо меафтаду мемурад, ман ба болояш хок мепартоям, ҳеҷ асараш намемонад» мегуфт худ ба худ моиндар. Музаффар аз сайру саёҳат баргашта, ба хонаи худ рафтанӣ шуд, вале аспаш ба хотираш омада, ба саисхона рафт.

Асп тамоман лойолуд буд. Вай сарашро ҳам карда, андӯҳгинона ба рӯи соҳибаш нигоҳ мекард.

— Оҳ, аспи ман, ба ту чӣ шуд? — пурсид Музаффар.

— Музаффар, моиндарат ба қасди нест кардани ту афтодааст, — гуфт асп, — ба ман гӯш кун, вақте ки ба хонаат рафтӣ, аз остона то ҷои нишастагии моиндарат парида гузар.
Вай мепурсад, ки чаро ту парида гузаштӣ? Ту гӯй, ки ба назари ман гӯё сайде ҳастӣ, ки шумо шикор карданиед!

Музаффар суханони аспро шунида, бисёр хафа шуд. Вай бо димоғи сӯхта ба хонааш омад ва аз рӯи гуфтаи асп амал карда, аз остона ба пеши моиндараш парида гузашт.

— Барои чӣ ин хел кардӣ? — пурсид занак рӯяшро турш карда.

— Ба назарам ман гӯё сайде ҳастам, ки шумо шикор карданиед! — ҷавоб дод ӯ.

Занак фаҳмид, ки Музаффар фиреби ӯро фаҳмидааст.

пешина
аз 135
навбатӣ