Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Вазир гуфт:
- Подшоҳам, он чи, ки дар хазинаву дафина буд, магар тавассути хироҷу андоз аз ҳамин мардум, ки имрӯз зиндаву саломат мондаанд, гирифта нашуда буд? Гуноҳи ман ҳамин аст, ки моли халқро ба халқ баргардонидам. Лекин муфт барнагардонидам, ба қарз додам, мардум онро боз медиҳанд.
Бадхоҳони вазир боз ғавғо бардоштанд:
- Аз куҷо? Кай?
Вазир гуфт:
- Ман ба мардум гуфтам, ки баъди сари подшоҳ. Мардум имрӯз қудрати баргардонидани қарзро надоранд, бинобар ин ҳама рӯзу ҳама соат, дар кӯчаву бозор, масҷиду хонаҳояшон даст ба омин бардошта, ба Парвардигори олам илтиҷо карда, бо як овоз мегӯянд, ки «Худоё, Худовандо, умри подшоҳро дароз кун»! Барои подшоҳу подшоҳӣ магар қудрати бузургтаре аз дуои неки тамоми халқ метавонад вуҷуд дошта бошад?!
Вазир ин суханонро гуфту ба подшоҳ рӯ овард:
- Эй подшоҳи муаззам, эй султони бокарам, худ фикр кунед:
Он ҳангом, ки тарки подшоҳӣ кардед, мардум дар чӣ ҳоле буданд, мамлакат чӣ аҳволе дошт. Ҳоло мамлакат обод мешавад, мардум аз марг наҷот ёфтанду шабу рӯз заҳмат мекашанду дуои ҷони шуморо мекунанд. Мамлакат бе халқ, мамлакат нест. Бе мамлакат подшоҳ нест. Пас худ ба сари инсоф биёеду бигӯед: магар ман кори нодуруст кардаам?!
Подшоҳ ин гапро шунида, аз ҷой бархосту фармуд, ки аз дасту пои вазир кундаву ишқилро бикушоянду ба дасту пои онҳое зананд, ки подшоҳро зидди вазир шӯронда буданд.
Ҷаллодон ҳамоно тайёр буданд, фурсате нагузашта ду сар аз тан ҷудо ба чор тараф хун пош дода, ғелида рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё