Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан- То зонуяш санг шавад.
Ҳамин дам ҷавон ҳис кард, ки то зонуяш санг шуда монд.
Ҷонварон такрор мекарданд: - Хоҳар!
- Ҷони хоҳар!
- Вай мехоҳад моро дастгир карда равад.
- То миёнаш санг шавад!
То миёни ҷавон санг шуд. - Хоҳар!
- Ҷони хоҳар!
- Ин ҷавон мехоҳад, ки моро ба қафас андохта, ғуломи хоҳараш кунад.
- Тамоман санг шавад!..
Духтарак як ҳафта интизор шуд, ду ҳафта интизор шуд, як моҳ гузашт, аз додараш ному дараке набуд. Вай ғамгину ҳайрон шуда, ба оинаи ҷаҳоннамо нигоҳ кардан гирифт, яке дид, ки додараш дар як боғи бошукӯҳ дар байни ҳайкалҳои сангини бисёр санг шуда мондааст. Вай бо ғами зиёд «оҳувоҳ» ба пешонааш якта заду ҳамон замон роҳи он боғро бо оинаи ҷаҳоннамо муайян кард ва либосҳои мардона пӯшида, баромада рафт. Рафт, рафт, ба назди кӯҳи булӯрин, ба назди ҳамон чашма расид. - Ҳа, духтарам, - гуфт кампир ба чашми ӯ бодиққат нигоҳ карда, - барои чӣ ин хел либосҳои мардона пӯшидай ва ба куҷо роҳ пеш гирифтӣ?
Духтар рӯи чун барги гул нозуку зебояшро бо оби дидагонаш тар карда, воқеаи санг шудани акаашро гуфта дод.
Кампир як дақиқа фикр карда гуфт: - Аз паҳлӯи рости ин кӯҳ гузашта, ба манзили тӯтиҳо мерасӣ. Ба боғ наздик нашав, ки ту ҳам санг мешавӣ. Аз дур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё