Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хонданНогаҳон духтарак овози Осиноси кампирро шинохта, ба назди дарвоза тохта омад.
- Вай-вай, очаҷон! - гуфт ӯ кампирро хурсандона пешвоз гирифта, - гапатон рост баромад, ин оинаи ҷаҳоннамо чизи ғалатӣ будааст.
- Ҳоло, ин ҳеҷ гап не, - гуфт кампир, - дар дунё чизи аз ин ҳам ғалатӣ ҳаст. Ба акаат гӯй, ки ба ту як ҷуфт тӯтии сухангӯй гирифта биёрад. Тӯтиҳо бисёр ҳикояҳои ширин мегӯянд, гӯш карда, кайф мекунӣ.
Бача боз оби дидаи шашкатори хоҳараки ягонаашро дида, раҳмаш омаду ба ҷустуҷӯи тӯтиҳои сухангӯй баромада рафт.
Рафт, рафт, ба ҳамон кӯҳи булӯрин расида, бо ҳамон кампир вохӯрд. - Ин дарди ту бедаво аст, - гуфт кампир, - агар ба ҷони ҷавонат ҷабр накарданӣ бошӣ, гашта рав! Бисёр одамони далер ба ҷустуҷӯи тӯтиҳои сухангӯй рафта нобуд шуданд.
- Не, - гуфт ҷавон, - ман номард нестам, ки аз роҳам гардам.
Фақат гӯед, ки ба кадом тараф равам. - Нарав! - такрор кард кампир, - Беҳуда нобуд мешавӣ!
- Не, маро ҳеҷ чиз нигоҳ дошта наметавонад, - гуфт ҷавон ва боз як бор аз кампир илтимос кард, ки роҳро нишон диҳад.
- Аз паҳлӯи рости кӯҳи булӯрин гузашта рав, - гуфт кампир.
Ҷавон бо роҳи гуфтагии кампир рафта, ба як ҷои хушобу ҳавои сабзу хуррам расид. Дар як боғи калон ҳайкалҳои хушрӯйи сангини бисёр гузошта шуда буданд. Ногаҳон ба гӯши ӯ овози маҳини форами ду ҷонвар расид: - Хоҳар!
- Ҷони хоҳар!
- Ин ҷавони кӯтоҳфикр ҳам ба кофтукови мо омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё