Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
таҳхона нигоҳ дошта ба ҳеҷ кас нишон надиҳад, ҳатто ба берун ҳам набарорад.
Бачаро Музаффар ном карданд. Музаффар солҳо дар таҳхона нури офтобро намедид. Ӯро аз панҷсолагиаш ба хонондан сар карданд. Вай ба хондан истеъдоди калон нишон дода, дар понздаҳсолагиаш ҳамаи илмҳои муаллимаш ёд додагиро нағз аз худ кард.
Муаллим ба подшоҳ мунтазам дар бораи ақли расо ва зеҳни тези Музаффар хабар дода меистод, вале подшоҳ ӯро дидан намехосту ба муаллим мефармуд, ки писарашро боз ҳам нағзтар хононад.
Дар охир муаллим ҳамаи чизи медонистагиашро ба Музаффар ёд дода, роҳи аз ин таҳхона баровардани ӯро ҷустуҷӯ кард.
Як рӯзи тобистон, вақте ки шӯълаи офтоб сӯзон буд, муаллим аз гумбази таҳхона як хиштро гирифт. Нури офтоб ба хонаи нимторик даромад. Музаффар роҳи дурахшони нурро дида, ҳайрон шуд ва шитобон аз ҷояш хеста, нурро дошта гирифтанӣ шуд. Вай ҳар чӣ қадаре ки кӯшиш мекард, чизе ба дасташ намеомад.
Ҳамин дам муаллим ба назди вай даромада, гуфт:
- Вақти аз ин хонаи торик ба офтобрӯя баромадани ту расидааст. Ту бояд дунёи равшан, одаму олам, паррандаҳои осмон, аспони даванда ва рамаҳои чаррандаро бинӣ.
Музаффар берун баромада, боғҳои сабз, осмони кабӯд, обҳои равонро дида, зор-зор гиря кард, ки ҳамин қадар илмҳоро аз худ карда, дар бораи олами равшану зинда чизе намедонистааст.
Дар дили ӯ хоҳиши ҳамон лаҳза хонаи тагизаминӣ ва шаҳри падарашро монда, ба ягон ҷой баромада рафтан пайдо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё