Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ин муносибат аз нав тӯи пурдабдабаю хурсандибахше барпо кард.
Шумо ин ҷо будеду мо ҳам расидем, як себу як пои мурғча болои токча, касе зуд хезад, гирифта мехӯрад!

ТОҲИР ВА ЗӮҲРО

Буд-набуд, як подшоҳ буду як вазир. Ҳарду фарзанд надоштанд. Фақат, вақте ки мӯи сарашон мошу биринҷ шуда, синнашон ба як ҷо расид, занҳояшон умедвор шуданд. Шоҳу вазир хурсанд шуда, зуд-зуд базму зиёфат меоростагӣ, ҳар моҳ як бор, ду бор ба шикор мерафтагӣ шуданд.
Рӯзе дар як дараи кӯҳсор шикор мекарданд, ки вазир оҳуи даргузареро дида, аз ақибаш асп ронд. Оҳу боазоб мегурехт. Вазир нишон гирифта, тир паррондаӣ шуда дид, ки шиками оҳу калон: оҳу ҳомиладор буд. «Зани ман ҳам ҳамин барин дуҷон аст, хуб намешавад, агар ман модару фарзандро нобуд кунам!» гуфта, тир напарронда пас гашт. Подшоҳ ҳайрон шуда пурсид:

  • Эй вазир, чаро аз чунин сайде даст кашидӣ?
    Вазир сабабашро гуфта дод.
  • Кори хуб кардӣ, гуфт подшоҳ,—кори савоб кардӣ.
    Шоҳу вазир он рӯз якчанд кабк зада, пар канонда, кабоб пазонда хӯрда нишаста буданд, ки подшоҳ оҳуи ҳомиладорро ба хотир оварда, ба вазир гуфт:
  • Дӯсти азиз, солҳост, ки ту ба ман ёру бародар барин хизмат мекунӣ, ба ин хотир ман қарор додам, ки агар занҳои ҳардуямон писар зоянд, коре бояд бикунем, ки онҳо монандӣ
пешина
аз 135
навбатӣ