Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Овозаи ба як кали боғбон додани Маликадунё ба гӯши Тороҷподшоҳ ҳам расид. Тороҷподшоҳ сахт ранҷид ва бисёр хашмгин шуда, чунин лашкари зиёде ҷамъ кард, ки миқдораш чун барф дар зимистон буд ва бо ин лашкар ба Корф ҳуҷум намуд.

Подшоҳи Корф пир шуда буд, вай аз воқеа хабардор шуда, домодони дӯстдоштаашро чег зада гуфт:

  • Эй ҷавонмардон, ватанатонро мудофиа кунед!

Домодон аввал тарсида аз ҷанг даст кашиданд, вале тамоми халқи шаҳри Корф бар зидди Тороҷподшоҳ бархост ва танҳо баъди ин онҳо аз пинҳон шудан шарм карда, ба ҷанг миён бастанд. Музаффар аз ҳуҷуми душман хабардор шуда, ба занаш гуфт:

  • Зуд ба пеши падарат рафта, илтимос кун, ки аспу шамшер, камон диҳад, ман ба ҷанг меравам!

Маликадунё ба пеши падараш омада, илтимоси шавҳарашро расонид. Подшоҳ ханда карда гуфт:

  • Рафта ба шавҳарат гӯй, ки ягон ҷои хилватро ёфта баҳузур хоб кунад. Ҷанг кардан аз дасти вай намеояд!

Маликадунё ҷавоби падарашро ба шавҳараш гуфт.
Он вақт Музаффар аспи ҷувозхонаро гирифта, ба ҳамон кӯҳи баланд равон шуд. Вай аспро дар он ҷо ба дарахте баст ва мӯи аспи дӯстдоштаи худро дуд андохт. Ҳамон лаҳза асп бо зину афзоли қимматбаҳо, бо пӯшоки зебо ва бо тамоми аслиҳаи ҷангӣ ҳозир шуд.

Музаффар бо либоси аслиҳаи ҷангӣ, сипару найза дар даст ва тиру камон дар китф омада, ба майдони ҷанг даромад. Баҳодури ношиносро дида, ҳама ҳайрон шуданд. Музаффар бошад, чунон ҷасурона ҳамла кард, ки лашкари душман дар як дам тарсону гурезон шуд. Тороҷподшоҳ, дид ки мағлуб

пешина
аз 135
навбатӣ