Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Гӯш кунед, эй тарсончакҳо, гӯш кунед, ман ба шумо як чизи аҷиб нишон медиҳам ... Ман... Ман...

Ҳамин вақт гургро дида, гапашро гум карду нафасаш гашт. Аз тарс мисли хаппак лӯнда шуда, аз шохи баланд ба болои сари гург афтод. Афтоду поён ҷаҳида рафт, ба пушташ нигоҳ накарда мегурехту мегурехт, қувваташ намонд, лекин истода наметавонист, гумон дошт, ки гург аз ақибаш давида меояд ва ҳамин замон ӯро дошта мехӯрад.

Вай чашмонашро пӯшида, ба таги буттае афтоду аз хуш рафт ва баъди чанд вақт ба хуш омада, ҳайрон шуд, ки Гург ӯро чаро نҳӯрдааст.

Гург бошад, вақте ки харгӯш ба болои сараш афтод, гумон кард, ки касе ӯро парронд ва бо тамоми қувваташ ба тарафи дигар гурехта рафт.

Харгӯшча чӣ хел шудани воқеаро пай бурду ба пеши харгӯшҳо баргашта худро тавсиф кард.

Шариконаш гапи ӯро маъқул дониста, сар ҷунбонданд.

ЗАХМИ СУХАНИ БАД

Буд-набуд, як марди ҳезумкаш буд. Ҳар пагоҳ банду табарашро гирифта, ба кӯҳсор рафта, ҳезум мекард, ба пушташ бардошта, ба бозор оварда, мефурӯхту ҳамин хел рӯз мегузаронид.

Рӯзе вай як дарахти хушки арчаро афтонида, майда карда истода буд, ки аз куҷое як хирси калони бадҳайбате пайдо шуда, ба пешаш омад. Ҳезумкаш хирсро дида тарсиду «аз дасти ин дарранда халосӣ нест, аҷалам расида будааст» гуфта, умедашро аз зиндагӣ канд.

пешина
аз 135
навбатӣ