Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа
Латифа
Аз аввал хонданБАҲОНАИ БЕМАВРИД
Рӯзе амаки Салим писаронаш Аҳмаду Маҳмудро ба лат кардан даромад. Аҳмаду Маҳмуд аз кори падарашон ҳайрон шуда, пурсиданд:
- Дада, барои чӣ моро мезанед?
Падар: - Имрӯз ду бача ба оббозӣ рафта, ғарқ шудаанд, барои ҳамин шумоёнро мезанам.
Аҳмаду Маҳмуд ҳайрон шуда гуфтанд: - Охир, мо ба оббозӣ нарафтаем-ку, барои чӣ моро мезанед?
Падар чунин ҷавоб дод: - Агар шумоён ба оббозӣ рафта ғарқ мешудед, баъд ман киро мезадам?
ОФТОБ АЛАКАЙ БАРОМАДАСТ
- Офтоб аз кадом тараф мебарояд? — пурсид муаллими ҷуғрофия аз Шӯҳрат.
- Намедонам, вақте ки ман аз хоб мехезам, мебинам, ки офтоб алакай баромадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё