Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ТИФЛ ВА МАРДИ ПУРТАМАЪ

Тифле дар даст як тангаи тило дошт. Шахсе ба қасдаш афтода, хост онро аз дасти тифл бирабояд. Он шахс ба тифл гуфт:

  • Тангаро ба ман бидеҳ, барои ту кор намеояд.
    Тифл гуфт:
  • Тангаро ба ту медиҳам, ба шарте ки як бор мисли хар ар-ар бизанӣ.
    Марди тамаъкор гулӯ дарронда, мисли хар ар-ари гӯшхароше зад ва мунтазир шуд, ки бача тангаи тилоро ба ӯ медиҳад.
    Аммо тифл ба ӯ гуфт:
  • Эҳ, аҳмақ, ту бо ин ақл тилоро мешиносию магар ман намешиносам?

ТИЛОРО АЗ КУҶО МЕГИРАНД

Муаллим:

  • Аҳмад, ту бигӯ, ки тилоро аз куҷо мегиранд?
    Аҳмад:
  • Аввалан, ман намедонам, сониян, агар донам ҳам, он қадар сода нестам, ки ҷои онро ба шумо бигӯям.

МАН ҲАМ ХАНДИДАМ

Ҳасани хурдсол гирякунон ба хона омад. Модараш ӯро ба оғӯш гирифта пурсид:

  • Ҳасанҷон, чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ?
    Ҳасан гирякунон гуфт:
пешина
аз 43
навбатӣ