Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа
Латифа
Аз аввал хонданДАРСИ ТАБАҚШӮЙ
- Духтарам, таоматро ки хӯрдӣ, косаву табақро бишӯй.
Духтар:
- Наметавонам, чунки мо ҳанӯз дарси табақшӯйро нагузаштаем.
ДАСТУ РӮ ШӮЙ МЕГӮЯДУ ХАЛОС
- Чаро гӯшу гардани ту ҳамеша ношуста? — пурсид роҳбари синф аз Анвар.
- Чунки модарам ҳар пагоҳӣ фақат «Дасту рӯ шӯй» мегӯяду халос, — ҷавоб дод Анвар.
АВВАЛ СЕБ ДИҲЕД...:
Муаллим ба шогирд:
- Ту ду дона себ дорӣ, ман ба ту боз ду донаи дигар себ медиҳам. Ҷамъ дар дасти ту чанд себ мешавад?
Шогирд:
- Аввал себ диҳед, баъд мегӯям.
АЗ НАМАКДОН
Муаллим:
- Намакро аз куҷо мегиранд?
Шогирд:
- Аз намакдон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё