Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

Падараш пурсид:
— Чӣ шуд ба ту, чӣ рӯй дод?
Ӯ гуфт:
— Ҳангоме ки медавидам, ба замин «сарф кардам» ва аз биниам хун «ташриф овард».

АДАБ

Падар:
— Баҷем, ман сад дафъа бароят гуфтам, ки ҳамроҳи бачаҳои бетартиб гашту гузор накунӣ, онҳо тарбияи туро ҳам хароб месозанд.
Писар:
— Падарҷон, намефаҳмам, гапи шуморо қабул кунам ё аз Луқмони Ҳакимро. Луқмони Ҳаким гуфта буд, адабро аз беадабон омӯхтам. Ман ҳам ҳамроҳи бачаҳои беадаб бозӣ мекунам, ки адаб ёд бигирам.

АМОНАТДОРӢ

Писараке ба модаркалонаш гуфт:
— Бибиҷон, дар ин синну сол дандонҳоятон чӣ қадар солим ва маҳкаманд?
Модаркалон гуфт:
— Не фарзандам, дандонҳои ман ба куллӣ хароб шуда ва ба дарди ҳеҷ коре намехӯранд.
Писарак гуфт:
— Пас хоҳиш мекунам, ки чормағзҳои маро наздатон нигоҳ доред.

пешина
аз 43
навбатӣ