Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа
БАЧАИ БАДНАФС
Бачаи баднафсе бемор мешавад. Як пагоҳӣ модараш ширҷой карда аз ӯ мепурсад:
— Ба косаат чӣ қадар нон пора кунам?
Бачаи баднафс уфу пуф карда, ба модараш мегӯяд:
— Дар сиҳатиам чӣ мехӯрдам, ки дар бемориам хӯрам, фақат нимта нон пора кунӣ, мешавад.
АЙНАК
Шахсе буд, ки навиштану хондан наметавонист. Рӯзе касеро дид, ки айнакро аз ҷайби худ кашида, ба чашм гузошт ва бо айнак коғазеро хонд. Нохон гумон кард, ки ҳар кас ба чашми худ айнак гузорад, хат хонда метавонад. Ба назди айнакфурӯш рафт ва айнак хост. Чанд адад айнакро ба чашми худ гузошт ва ба навиштаи коғазе нигоҳ кард. Чун чизе хонда натавонист, айнакро пас дод. Айнакфурӯш пурсид:
— Чӣ навъ айнак мехоҳед?
Шахси нохонда гуфт:
— Айнаке мехоҳам, ки бо он хонда тавонам.
Соҳиби дӯкон ҳайрон шуда пурсид:
— Ба мактаб рафтаед? Хондану навиштанро ёд доред?
Гуфт:
— Агар мактаб рафта хондану навиштанро меомӯхтам, оё айнак мехаридам?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё