Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Бо супориши рӯзнома лозим буд, ки ба ягон корхона телефон карда, бифаҳмам, ки имрӯз дар бобати ба кори ҳафтсоата гузаштан чӣ хел тайёрӣ рафта истодааст. Аммо тасодуфан ба телефони 17-12 афтодам.

— Агар бемалол бошад, ба чунин саволи мо ҷавоб медодед: имрӯз дар идораи шумо чӣ воқеаи қобили қайд рӯй дод?

— Мисли ҳаррӯза.

— Яъне?

— Сездаҳ духтару нӯҳ писар.

— Чӣ? Чӣ?

— Ба шумо гуфта истодаам-ку: сездаҳ духтару нӯҳ писар. Аз дирӯза якто зиёд.

Ба гумони ман чунин расид, ки 13 духтар ва нӯҳ писар планро барзиёд иҷро кардаанд. Бинобар он такроран пурсидам:

— Чанд процентӣ иҷро шуд? Номи онҳо чӣ?

пешина
аз 144
навбатӣ