Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

Ана аз тирезаи вагон ифтихори адабиёти тоҷик — Зебуннисо намудор мешавад, ки ҷамоли худро бо гулдаста пинҳон намудааст ва аз байни гулҳои рангоранг ба ҳама табассуми ширин эҳсон мекунад. Шоираҳои тоҷик, ҳофизони хушхон, санъаткорони забардаст ва дигарон ба назди тирезаи Зебуннисо меоянду илтимос менамоянд, ки ҷамоли худро нишон диҳад. Вай дар ҷавоб мегӯяд:

Дар сухан пинҳон шудам чун бӯи гул дар барги гул, Майли дидан ҳар ки дорад, дар сухан бинад маро.

Шоираҳои забардасти тоҷику форс Робия, Маҳастӣ, Тоҷуддавлат ин манзараро дида завқ мекунанд.

Бастакорон ва мусиқашиносон пианино, доираю думбак ва карнаю сурнаи худро бардошта меоянд. Рассомон, ҳайкалтарошон, кандакорон, наққошон аз паси онҳо қадам мепартоянд.

Садои ханда, ашӯла, ҳазлу мутоиба ба фалак мепечад, чип-чипи бӯсу канор гӯшҳоро қитиқ мекунад. Аз ҳарорати бӯсаи гуселкунандагон ва равандагон ҳаво мис барин метафсад.

Радио эълон мекунад:

— Рафиқон! Иштироккунандагони Даҳрӯзаи санъат ва адабиёт, ба вагонҳои худ дароед! Гуселкунандагон, вагонҳоро холӣ кунед! Баъд аз панҷ дақиқа поезд ба сӯи Маскав раҳсипор мешавад!

Ҷунбуҷӯли одамон тезтар, суханҳо мухтасартар ва баландтар мешаванд.

— Дӯстони азиз! — хитоб мекунад шахсе, — аз мо ба Москва саломи гарму ҷӯшон расонед ва маҳорати худро нағзакак намоиш диҳед.

— Амин бошед. Мо шарафи республикаро аз даст намедиҳем.

пешина
аз 144
навбатӣ