Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

РОҲИ САФЕД!

Вокзали Душанбе пур аз одам буд. Гӯё замин кафидасту одам баромадааст. Дар дасти бисёриҳо қосидони аввалини баҳор: гули зардак — бойчечак ва бунафшаю лола. Халқ бо ин гулдастаҳои тару тоза адибон ва санъаткорони худро ба Москва ба намоиши даҳрӯзаи санъат ва адабиёт гусел мекард.

Ҳар кас ҳаракат мекард, ки зудтар ба вагон расида, пештар ҷои нағзро гирад. Дар вагони якум бузургони адабиёт ва санъат Абулҳасан Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носир Хисрав, Умари Хайём, Саъдӣ, Убайди Зоконӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Беҳзод, Ҳилолӣ, Мулло Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодири Бедил, аз паси онҳо Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон мақоми муносиби худро ишғол намудаанд. Ҳар кадоме аз онҳо се-чортогӣ чамадонро аз китоб пур карда гирифта-

пешина
аз 144
навбатӣ