Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Қадахбардорию табрикгӯиҳо авҷ гирифтанд, ҳар кас орзу ва умедҳои неки худро мегуфт, ваъдаҳои нав медод.

Навбати қадахбардорӣ ба Хорпуштак расида буд, ки вай қомат рост карда, сухан оғоз намуд:

— Ман барои соли нав, барои он менӯшам, ки ба хонаи мо бахту саодати нав ояд, кабӯтари сулҳ баландтар парвоз кунад, офтоби бахти безаволи мо бо саховати зиёд нурпошӣ намояд, мамлакат ободтар ва хушнудии мо افزунтар гардад. Ман боз барои он менӯшам, ки лаққиҳо, даҳаньялаҳо, хушомадгӯйҳо, тӯраҳо, хиёнаткорҳо ва танбалу муфтхӯру дигар хел нобакорон дар сафи мо ҷой гирифта натавонанд.

Базми калони шаби Соли нав чунон тафсид, ки аз тасвири он қалам оҷиз аст. Мардум машғули сӯҳбат ва тараб буданд, Хорпуштак камарро аз ҳафт ҷояш маҳкам баста, ба хизмати халқ қойим меистод.

пешина
аз 144
навбатӣ