Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

РАДИОИ ГАПЧИН

Ҳамсояҳои мо Қобилҷон ва Мунаввара чунон нағз зиндагӣ мекарданд, ки одамони гирду пеш аз онҳо ҳасад мебурданд.
— Чашм нарасад, Қобилҷону Мунаввараино хуб тифоқ-дия,— мегуфтанд онҳо дар омади гап.— Илоҳо қўшшапир шаванд.

Пагоҳирӯзӣ Қобилҷон ҳапил-тапил дасту рӯй мешуст ва ношто карда, ба мактаб мерафт, Мунаввара бошад, дастархонро меғундошт ва гирду пешро рӯфта, ё ба бозор, ё ба магазин ва ё худ ба назди дугонаҳояш мерафт ва ба хона баргашта, то омадани Қобилҷон хӯрокҳои болаззат пухта интизор шуда менишаст. Баъзан ҳамаи корашро буд карда, ба таги дарвоза мебаромад ва Қобилҷонро пешвоз мегирифт.
— Мунавварахон, даҳ дастатон ҳунар-дия. Ҳамаи коратон табъи дил,— мегуфт Қобилҷон бо ширинкаломӣ ба ӯ.

пешина
аз 144
навбатӣ