Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Вай кафк аз даҳону барқ аз чашмон пошида, ин суханҳоро мегуфту бо остинҳои дарози худ келинчакро мезад:
— Барака ёбед, эшонпоччо, аз дуои шумо ман худ- ро сабук ҳис карда истодаам. Боз як дуо кунед.
Эшон даст бардошта дуо кард:
— Поко парвардигоро, ҳамин заифаро ба муроду мақсад расон ва қалбашро мунаввар соз! Омин! — эшон инро гуфту илова намуд. — Исми шарифатон?
— Ҷамилаой.
— Ҳай-ҳай, чӣ навъ исми хуб. Ин ном ифодаи ҷа- моли ҷаҳонорои шумо. Канӣ, Ҷамилахон, наздиктар биёед, ман як куфу суф кунам.
— Ана, — гуфт андаке наздиктар омад.
— Боз наздиктар.
— Ана.
— Ҳай-ҳай, чӣ мешуд, ки рӯймолатонро мепартоф- теду чоки гиребонро мекушодед, то ки дуои ман ба ҳамаи узви шумо бевосита таъсир мебахшид.
Вақто ки зан худро аз нафаси эшон дуртар кашид, ҳирси ҳайвонии эшон ба ҷӯш омада, пеши чашмонаш хира гашт ва панҷаҳои панҷшоҳамонанди худро дароз карда, аз банди дасти ӯ гирифт ва бо шиддат ба сӯи худ кашид.
— Э ба шумо чӣ шуд, магар девона шудед? — гуфт ҳарифи эшон. — Дастамро сар диҳед, набошад...
— Фарёд кажидан фоида намебахшад. Деву па- риҳои ман омада, ҳозир дасту пои туро чунгурак ме- кунанд. Беҳтараш ин ки ба амри ман итоат кун ва ба савоб дохил шав.
Эшон дудаста часпид ва ба даҳони ӯ як дасташро гузошта, ӯро ба замин пахш карданӣ шуд. Дар ҳамин вақт як мушти базарбае аз поён ба таги манаҳи эшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё