Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Боли сахте бархост, раъду барқи салобатноке замину осмонро ба ларза андохт. Раъду барқ тарсу ваҳми бе он ҳам зиёди Руқия холаро афзун кард. Вай бо дили ларзон ва бо чашми ҳаросон ба ҷойгаҳаш даромада хеле вақт хобаш набурд. Танҳо ними шаб чашми ӯро ғанаб бурд, ки хоби тунуки ӯро гурс-гурси ногаҳонии воҳимдоре парронд. Руқия ҷаста аз ҷой хест ва бо диққат аз роғи дар ба берун гӯш андохт:
— Гurs-гурс! Гум-гум! Гуп-гуп!
Ин садо аз болои бом ба гӯш мерасид. Ҳуш аз сари кампир парид. Вай чӣ кор карданашро надониста ба чаҳор тарафи хона давид, аммо чорае андешида натавонист.
Дили ӯ ба ҳазор кӯча рафта меомад. Ниҳоят вай калимаашро гардонда, таваккалкунон чароғ дар даст ба берун баромад. Осмонро абри сиёҳ фаро гирифта, шаб торик буд ва гоҳ-гоҳ барқ дурахшида, атрофро лаҳзае равшан мекарду боз ихтиёрро ба ҳукми зулмот месупурд.
Руқия хола, ки маҷоли даҳон кушодан ё садое баровардан надошт, ҳамчунон шах шуда, чароғ дар даст меистод. Дар ин вақт аз бом овози хастаи ларзоне ба гӯши ӯ расид:
— Эй завҷаи мӯҳтарама ва эй маҳрами рози ман!
Садои ногаҳонии Руқияро бештар ба ваҳшат андохт: дасту пой ва тану дили ӯ ба ларза даромаданд.
— Натарс. Ин ман... ман... — такрор шуд садо аз болои бом.
— Кӣ, охир? — Поко парвардигоро... Ту ҷин ҳастӣ ё парӣ?
— Ҷин ҳам не, парӣ ҳам не! Ман... арвоҳи шавҳари ту Сироҷ Махдум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё