Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
АРВОҲ
Сироҷ Маҳдум ногаҳон аз олам чашм пӯшиду зани мушфиқу меҳрубони ӯ Руқия хола бева монд. Ин мусибат фиғони Руқия холаро ба осмон баровард. Вай ҳарчанд фарёд кард, мӯй канд ва гиребон чок намуд, суде набахшид.
Дар рӯзҳои аввали азо хешу табори дуру наздик, ёру дӯст ва ҳаққу ҳамсояҳо ҷамъ шуда, ба андӯҳи Руқия хола шарик шуданд. Аммо баъд аз бегоҳи се ҳамаи онҳо як-як, ду-ду баромада рафтанд, ҳавлӣ сел бурдагӣ барин холӣ шуда монд. Руқия хола бошад, дар миёнаи хона танҳо монд.
Сироҷ Маҳдум дар зиндагиаш раиси комитети маҳалла Неъмат Қонторро дӯсти наздик ва беғарази худ шуморида, як култ обро бе вай намехӯрд. Бинобар он Маҳдум чанде пеш аз фавташ ӯро ба хона таклиф намуда, обу ош кард ва додари қиёматии худ ва занаш хонда, изҳори хоҳиш карда буд, ки «баъд аз сари ӯ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё