Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

НОБИНО

Зане аз кӯча гузашта истода дид, ки гадои нобино аз дӯкони китобфурӯшӣ журнали мусаввар мехарад.
— Агар шумо нобино бошед, журналро чӣ хел мехонед? — пурсид зан.
— Ман намехонам, — ҷавоб дод нобино, — фақат суратҳояшро тамошо мекунам.

УЗРИ БАДТАР АЗ ГУНОҲ

Писараке аз мактаб ба хона баргашт. Модараш дид, ки каллапӯши наппа-нави ӯ дарида лойолуд шудааст.
— Боз ин чӣ гап?
— Ҳа, ин... бачаҳо...
— Чӣ «бачаҳо»?
— Каллапӯшамро кашида гирифтанду футболбозӣ карданд.
— Ту дар куҷо будӣ?
— Ман дарвозабон будам.

ҶАФОДИДА

Марди рӯяш пур аз нақши нохун бо ҳамроҳии занаш ба назди маникюрчӣ омад.
— Хӯш, чӣ хизмат? — пурсид маникюрчӣ.
— Илоҷаш бошад, — гуфт он мард ба нохунҳои тези занаш ишора карда, — нохунҳои ойими маро андак кӯтоҳтар карда мондед.

пешина
аз 144
навбатӣ