Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

МАЪЛУМОТ ДАР БАЁНИ МАВОДҲОИ СОХТААМ Дар асоси «Дастурамали технологӣ»-и Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти беҳдоштии ҳам ғизо, ҳам даво, барои харобшавӣ, малҳами «Солимӣ» ва малҳами «Маъҷун»-ро барои баланд бардоштани нерӯи мардон (простата), камхунӣ, камқувватӣ, безурётию бешаҳватӣ ва малҳами «Шаҳди шифо»-ро барои табобати узвҳои дохила (меъдаю рӯда), ҷогар (зоб), бавосир (геморой) ва асаб, тарбод ва ғайраҳоро тайёр карда, дастраси беморон гардондаам.

МАЛҲАМИ «СОЛИМӢ» Таркиб: асал, равғани зайтун, санои маккӣ, имбир, дарчин, хокаи тухми зағир, хокаи гули хайрӣ, хокаи бодиён, гули бобуна (Ба ҳомилаҳо тавсия дода намешавад) Ба беморони захми меъдаю рӯдаи ғафс ва рӯдаи 12 ангушта 2. Тарзи истифодаи малҳами «Солимӣ»: а) саҳар 2 ё 3 қошуқчаи чойнушӣ дар шиками холӣ бо як ё ду пиёла ширу об, ҷурғот, оби гарм ё сметана мехӯрад. Агар то бегоҳ шикамро мулоим накард, яъне наравонд, бегоҳ боз такрор мекунад ва аз хокаи «Меҳри гиёҳ», ки ҳамроҳи малҳами «Солимӣ» мебошад як қошуқча бо оби гарм мехӯрад.

пешина
аз 69
навбатӣ