Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ДИЛАМ АЗ МЕЪЁР ЗИЁД МЕЗАД
Дилро муҳаррики ҷисми инсон мегӯянд. Чанд сол боз аз меъёр зиёд задани дил маро азият медод. Барои ба дардам даво ёфтан ба бисёр ҷойҳо муроҷиат намудам. Билохира суроғаи Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзодаро ёфта, ба эшон муроҷиат кардам. Табиби ҳозиқ аз дӯлона, зира, чокула, санои Маккӣ, кокутӣ ва ғайра даво таҳия намуданд. Муддати муайян онро истеъмол кардам. Ҳолатам оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ташаккур мегӯям ба касоне, ки маро ба назди ин табиби мардумӣ роҳнамоӣ карданд. Истеъмоли давои аз гиёҳ омодашуда гуворо ва манфиатнок буда, ба кас тавон мебахшад. Шукр мегӯям, ки дар кишвар чунин табибони аз асрори тибби ниёгон бохабар ҳастанд.
Садбарг Солеҳова, сокини деҳаи Ромити шаҳри Ваҳдат
АЗ САРАТОН ШИФО ЁФТАМ
Чанд сол пеш мубталои бемории ғадуди шир гаштам. Духтурон баъди ташхис онро ба бемории саратон нисбат дода буданд. Бо маслиҳати шифоёфтагон ба Муҳаммадрасул Иброҳимзода муроҷиат намудам. Он кас аз орди ҷаву анҷир, наъно, қаранфули гардан, татум, семизут (чилмангӯштак), қиёми ширинбия, кучалаи покистонӣ давое тайёр намуд, ки бо истеъмоли он ва риояи парҳез шифо ёфтам. Ба М. Иброҳимзода миннатдорӣ баён карда, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё