Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ИҚТИБОСИ МУХТАСАР АЗ НОМАҲОИ МИННАТДОРИИ БЕМОРОНИ ШИФОЁФТА, БА ВОСИТАИ ҲАФТАНОМАҲОИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ”, “ОИЛА”, “МУҲАББАТ ВА ОИЛА” ВА МАҶАЛЛАҲОИ “ДАВО”, “ТИББИ БӮАЛИ” ДАР ДАВОМИ СОЛҲОИ 2022-2024 НАЗДИКОНАМ АЗ ҶУРРАИ СУТУНМУҲРА, ҶОҒАР ВА БАВОСИР ШИФО ЁФТАНД
Солҳои зиёд дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳоҷири меҳнатӣ будам. Рӯзе як ҳамдиёрам аз Тоҷикистон ба наздам омад, ки бо худ ҳафтаномаи “Муҳаббат ва оила”-ро дошт. Дар он мусоҳиба бо табиби мардумӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода чоп шуда буд. Мусоҳибашро хонда, суроғаи табибро гирифтаму бо чанде аз наздиконам наздаш рафтем. Баъди гиёҳдармонӣ наздиконам аз ҷурраи сутунмуҳра, ҷоғар ва бавосир (геморрой) шифо ёфтанд.
Ҳам ба аҳли ҳафтанома ва ҳам ба Иброҳимзода арзи сипос менамоем. Муҳаммадӣ, сокини ноҳияи Ванҷ
ДОҒҲОИ САФЕД ГУМ ШУДАНД
Чанд сол пеш ногаҳон дар баданам доғҳои сафед пайдо шуданд. Ғусса хӯрда, шабу рӯз гиря мекардам. Ҳарчанд доғҳои сафед гузаранда нестанд ҳам, наздиконам аз ман дурӣ меҷустанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё