Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

ХОСИЯТИ ЗУФ

Ин растанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш дарозу борик ва дигареро баргаш паҳн. Беҳтарини он баргпаҳн мебошад.

Ҳар як қисми онро биҳӯранд, хун қай кардан, хуни бинӣ, хуни меъдаю рӯда, бавосирро манъ мекунад.

Тухмашро кӯфта биҳӯранд, хунравиро аз меъдаю рӯда боз медорад.

Агар 150 то 200 мг шарбати усораи онро чун усма об карда, бо як қошуқча асал дар шиками холӣ рӯзе 3 бор 2 соат пеш аз хӯрок биҳӯранд, Худо хоҳад дар давоми як моҳ аз бемории саратони меъдаю рӯда шифо меёбанд.

Баргу решаи тару тозаи зуфро кӯфта, дар муқад аз таг бардоранд, варами бавосир (геморрой)-ро нест карда, ҷароҳатро хушк мекунад. Агар шарбат, яъне усора (сок)-и зуфро гарм карда, аз 20 то 50 гр. дохили рӯдаи ғафс (клизма) кунанд вараму захмҳои даруни рӯдаи ғафсро хушк карда шифо мебахшад.

пешина
аз 69
навбатӣ