Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
зайтун биҷӯшонанд, то пиёз бипазад. Пас ин равғанро соф карда, дар шиша нигоҳ доранд ва вақти хоҷат ба кор баранд. Равғани ансулро шаб бар кафи ҳар ду пой бимоланд ва пойҳоро то субҳ ба замин нагузоранд, ба дард даво буда, олоти мардӣ хоб намекунад. Тамоми шаб онро бархоста медорад. Агар як ҳафта ҳамин амалро ба ҷо биёранд, аз ҳолати мардӣ маҳрумшудагонро ба ҳолати ҷавонӣ барқарор мекунад.
Ин равғанро ба сар бимоланд иллатҳои сарро шифо мебахшад.
ҚАЛАМФУЛИ ГАРДАН
Қаламфули гарданро (ҳиндӣ) ҳам ном мебаранд. Ин дар қатори заъфарону ҳалилои ҳиндӣ ба гурӯҳи шоҳи рустаниҳо дохил мешавад. Ҳангоми хӯрдан фараҳ мебахшад, нафсҳои ҳайвонӣ ва табииро қувват мебахшад: узвҳои масонаро, ки иборат аз дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд, мустаҳакам мекунад ва онҳоро ба ҳолати сиҳатӣ нигоҳ медорад. Мағзи сарро қувват дода, зеҳнро тезу равшан карда, фикрро қавӣ мегардонад. Пиёзи ансулро орд карда дар бинӣ бирезанд, гӯшти зиёдатӣ ва маҳкамшавии биниро нест мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё