Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ТибСаломатӣ
Аз аввал хондансафед гашта бошад, аз нав сиёҳ мегардонад”. (Бо худи ман ин ҳодиса рӯй дода буд, мӯям сиёҳ шуд).
Банда дар давоми таҷрибаи кории 25 солаам ба чандин одамон ин даворо фармуда будам, онҳо низ шифо ёфтанд, мӯйҳояшон сиёҳ шуд. Ин ба одамони аз 40-сола поён дахл дорад.
ПИЁЗИ АНСУЛ
- Пиёзи ансулро дар хамир ё латтаи тар печонда, дар кӯри оташ бипазонед, бо шаш миқдори он намак, камтар равғани зайтун даромехта, 8 грамм аз он дар дили наҳор бихӯранд, дарунро хуб меравонад ва ба бемориҳои вобаста ба узвҳои сар, монанди: шаро (алергия), саръ (припадка), васваса, молихулиё, асаб, дарди нимсар, дарди сари аз хунукӣ пайдошуда, хоби гарон, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, фалаҷ (шал шудани нимаи бадан), каҷ шудани рӯй, сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ ва ғайраҳо даво мебахшад.
Тухми пиёзи ансулро бо сирко кӯфта, дар ҳаммом ба доғҳои сафеди пӯст, ки ҳеҷ як даво сиҳат наёфта бошад, бимоланд, он доғҳо иншоаллоҳ ҳатман нест мешаванд.
- Пиёзи ансулро бо корди чӯбин варақ карда, аз он 25-30 граммашро дар 100 грамм равғани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё