Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ТАБОБАТИ ДАРДИ САР ВА ДАРДИ НИМСАРА
Агар шуши модагови сиёҳ ва модагови зардро бо ҳам омехта, кӯфта, бо орди ҷав ҳамроҳ намуда, ба сар бимоланд, дарди сарро рафъ созад.
Ба сар молидани заҳраи гов низ манфиатнок аст. Истеъмоли карафс (селдерей) барои муолиҷаи дарди нимсара давои хуб аст. Агар суми модаговро сӯхта, хокистарашро бо равғани думба зам карда, ба сар бимоланд, беҳ мешавад. Ба сар молидани тухми санавбар низ шифобахш аст.
Агар оби кашнизро бо гулобу сирко бақия карда, ба сар бимоланд, дарди сар дафъ шавад. Бояд пойро дар оби гарм гузоранд ва то се рӯз оби гарм бихӯранд. Агар дарди сар аз гармӣ бошад, сандали сафед бимоланд ва агар аз сардӣ бошад, сандали сурх бимоланд.
Гашничи сабзро кӯфта дар сар бандед, агар фишори мағзӣ бошад, шифо меёбад.
Агар дард аз сардӣ бошад, равғани бодоми ширинро рӯзе 2 маротиба дар пешонӣ ва паси сар мемолед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё