Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ТибСаломатӣ
Аз аввал хонданДАР БОБИ БЕМОРИИ ҚУБО (ХОРИШ ВА Ё ШУКУФАИ ПӮСТИ БАДАН (ЭКЗЕМА ВА ПИСИАЗ)
Ин беморӣ ду навъ аст: сурх ва сиёҳ. Сурхи он хоришаш камтар аст ва сиёҳи он ғафстар ва хоришаш бисёр аст. Моддаи навъи сурхи он хуни мурдори обии шӯр аст ва моддаи навъи сиёҳаш хуни ғайри табиии мурдор, ки хоҳ аз хуни сӯхта бошад, хоҳ аз сафрои сӯхта ва хоҳ аз савдои сӯхта, ба тарафи пӯст рехта мегардад.
Парҳез: донагӣ, тезӣ, шӯрӣ, талхӣ ва ғайраҳо. Даво:
- Шилми бодоми талхро бо сирко даромехта ба шукуфа банданд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.
- Пиёз ва ё сирро куфта, бо асал ба шукуфаи пӯст банданд, шифо меёбанд.
- Сиёҳдонаро куфта, бо сирко даромехта, ба шукуфаи пӯст банданд, шифо ёбанд.
- Олтингугирдро куфта, бо ҳипои куфта, даромехта, ба шукуфаи пӯст бимоланд, шифо ёбанд.
- Агар 2-3 дона Ҳалилои Ҳиндиро куфта орд карда рӯзе 2-3 бор бо як пиёла оби гарм хӯранд.
- Оби чӯби тари токро, ки ҳангоми сӯхтан таровиш мекунад, ба шукуфаи пӯст банданд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё