Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
Қозӣ кӯзаи равғанро гирифта, кори Мушфиқиро мувофиқи табъи вай дуруст карда, ҳукмномае навишта, мӯҳр зада дод.
Фардои он рӯз зани қозӣ палав пухтанӣ шуда, дегро ба оташдон гузошту хост, ки бо кафгир аз кӯза равған бардошта, ба дег андозад, ба рӯи кафгир як парда равған, дигар ҳама лой баромад. Вай ин ҳолро ба шавҳараш маълум кард.
Қозӣ донист, ки Мушфикӣ ӯро фириб додааст, зуд мулозими худро чеғ зада гуфт:
– Ба пеши Мулло Мушфикӣ раву гӯй, ки «дар ҳукмномаи дирӯза як саҳв рафтааст, онро гардонда диҳад, ки эшони қозӣ аз сари нав дуруст карда медиҳанд».
Мулло рафта ин гапро ба Мушфикӣ гуфт:
– Рафта ба ҷаноби шариатпаноҳ гӯед, ки бояд саҳв дар кӯзаи равған рафта бошад, на дар ҳукмнома, – гуфт Мушфикӣ.
ФАҚАТ АЗ МАН ГУРЕЗ
Мушфикӣ зан гирифтан хост. Бо одати замони худаш модар ва хешу таборонаш занеро, ки рӯи вайро ҳаргиз надида буд, барои ӯ хостгорӣ карданд. Ин зан сиёҳи дабанг, доғи нағзакдор, чӯтур, баднамо ва бадхӯ буд.
Баъд аз гузаштани айёми никоҳ ва тӯй занак аз Мушфикӣ пурсид:
– Хешу табори мардинаи шумо бисёр будаанд, шумо ба ман фаҳмонед, ки кадоми инҳо ба ман маҳраму кадомашон номаҳраманд, то ки аз номаҳрамашон гурезам?
– Фақат аз ман гурез, дигар ҳар киро хоҳӣ, дидан ғир! – гуфт Мушфикӣ.
ХИҶОЛАТ ПЕШИ ДУЗД
Рӯзе дузде ба хонаи Мулло Насриддин даромад.
Мулло ӯро дида, дохили хонаи дарун шуду дарро аз дарун занҷир кард. Дузд чор тарафро дида, ягон чизи арзанда наёфту гумон кард, ки чизҳои қимат дар хонаи дарун аст, дарро канда Афандиро дид. Дар ҳолате ки аз тарс забонаш мегирифт, гуфт:
– Шумо ин ҷо будед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё