Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

Раммол бе се ка тақиқоти тартиб дод, босудрошабу кард. Он

кас дар ҳамон ноҳиябаи рафта як напта тағо оварда талқо кард, ки

сирри онҳоро фош накунад.

Асли воқеа ин гуна буд:

Чил нафар дузд хазинаи подшоҳро дуздиданд. Баъзе аз подшоҳ

кори онҳоро ба раммол дод, дар дили онҳо мотам афтод, онҳо

метарсиданд, ки мабодо раммол сирри онҳоро кушода дастирашон

кунонад. Бо вуҷуди ин дуздон то 39 рӯз сабр карданд. Шаби 39-ум

сардори дуздон барои аҳволфахмӣ ба боми раммол баромада тӯрӣ повид!

Вақте ки аз даҳони раммол калимаҳои «имрӯз 39 рӯз, танҳо як монд,

фардо чил пур мешавад, кор тамом, вассалом»-ро шунид, ӯ гумон кард,

ки «раммол чил нафар будани дуздонро ёфтааст, то ҳол ӯ ҳатто 39 нафари

онҳоро муайян кардааст ва кор тамом мешавад».

Сардори дуздон бо ин мулоҳиза бо раммол сулҳ карданро муносиб

дид ва ба тартибе ки дида гузаштем, дили раммолро ёфт.

Бо ҳамин ҳодисаи тасодуфӣ раммол молҳои хазинаи подшоҳро ҳам

ёфта дод.

Подшоҳ ба раммол гуфт:

– Акнун туро дар пеши худ як имтиҳони дигар мекунам, агар аз ин

имтиҳон дуруст бароӣ, туро саррамол таъйин мекунам. Ҳозир, то барои

он озмоиш тайёр шудани ман, ту аз хона берун баромада исто!

Раммол аз пеши подшоҳ баромад. Подшоҳ хост, ки дар мушташ

чизеро пинҳон кунад ва дар дили худ гуфт: «Агар ангуштарин ва ё

монандӣ ин як чизи муқаррариро дар муштам пинҳон кунам, аҷаб нест,

ки раммол бо қиёс ба гумон дарёбад, бояд чизеро пинҳон кунам, ки

ҳаргиз ба хотири касе нагузарад».

Подшоҳ дар бораи ин гуна як чиз фикр мекард, ки як малах аз

равзан ба хона даромад. Подшоҳ хост, ки он малахро дошта пинҳон

кунад. Ӯ ба ҳамин ният аз ҷояш хеста ба малах ҷанг зад, аммо малах ба

даст надаромад ва раҳоӣ ёфт. Дар мартабаи дуюми ҷанг задани подшоҳ

ҳам малах ба даст надаромада халос шуд. Аммо дар мартабаи сеюм малах

дар чанголи подшоҳ банд шуд, подшоҳ вайро дар мушти худ пинҳон

карду раммолро пеши худ чеғ зада дароварда гуфт:

– Дӯред, ки дар мушти ман чист?

Ба назари раммол охири рӯзи хушбахтии худаш намоён шуда буд, ӯ

ҳаргиз намеандешид, ки дар мушти подшоҳ чӣ чиз аст. Ба ин андеша

муносиби ҳоли худ гуфт:

– «Як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак, охир ба дастӣ,

малахак», - гӯянд раммол мехост ба худаш бигӯяд, ки «як бор иттифоқо

пешина
аз 23
навбатӣ