Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

АдабиётЛатифа

ХУДОИ 17 999 ОЛАМ

Рӯзе амири Бухоро ба Мулло Мушфиқӣ гуфт: — Агар як рӯз тахти худамро ба ихтиёри ту супорам, дар ҳаққи ман чӣ мекунӣ? Мушфиқӣ ҷавоб дод: — Дуо мекунам, Худои 17 999 олам ба шумо амирии охиратро бахшад! (Яъне бимиред). — То ҳол, — гуфт амир, — мардум дар вақти дуо «Худои ҳаждаҳ ҳазор олам» мегуфтанд, ту чаро як оламро кам кардӣ? — Зеро як олам мамлакати Шумо буд, ки аз шарафи ҳукмронии Шумо тамоман несту нобуд шуд ва дар натиҷа 17 999 олам боқӣ монд.

ШУТУР ДАР ҲАММОМ

Рӯзе Мулло Мушфиқӣ ба ҳаммом даромаданӣ шуд, аммо ҳаммомчӣ вайро даромаданӣ намонда гуфт: — Имрӯз калонон — амиру қозикалон даромаданд, бинобар ин ба шумо барин касони хурд ба ин ҷо роҳ нест. Мушфиқӣ рафта як шутури бисёр калонро киро карда, ба вай ҷулу ҷағози нав зада ва нӯҳтаи тоҷдоре андохта гирифт. Баъд ба бозор рафта як ҷомаи зарбафти калонеро ҳам киро карда, ба пушти шутур пӯшонд, ба сари ҷағозчӯби шутур дастори калонеро баст ва оварда ба ҳаммом дароварданӣ шуд. Ҳаммомчӣ бо тааҷҷуб пурсид: — Шумо чӣ кор карданиед? Мушфиқӣ гуфт: — Модом ки имрӯз ҳаммоматон ба калонон махсус будааст, ман мехоҳам, ки шутурамро ҳамин рӯз ҳаммом кунонам. Зеро ки дар калонӣ шутури ман аз амиру қозикалон калонтар аст. Агар барои калон будан тоҷу дастор ва ҷомаи зарбафт лозим бошад, ана тоҷу дастору ана ҷомаи зарбафт.

ДУ ХАРА БОРАШ

Рӯзе подшоҳу вазир Афандиро ҳамроҳ гирифта ба саёҳат баромаданд, ҳаво гарм буд, либоси рӯяшонро кашида ба Афандӣ бор карданд.

аз 23
навбатӣ