Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Муомилоти пулии ғайринақдӣ — идома 2
Барои мисол, агар ман гармиро аз пули додаам зиёдтар истифода карда бошам, маблағи иловагӣ медодам ва баръакс. Барои пулгузаронӣ дар давоми сол талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ истифода мешуд.
Тартиби дигари ин шакли ҳисоббаробаркунӣ пулгузаронӣ аз ҷониби бонк дар асоси супориши чеки мебошад. Истифодаи ин шакли ҳисоббаробаркунӣ дар шартнома байни фурӯшандаю харидор (масалан, нашриёту меҳмонхона дар хусуси ҳар саҳар ба он фиристодани миқдори муайяни рӯзномаҳо барои меҳмонон), иҷорадиҳандаю иҷорагир ва ғайра нишон дода мешавад. Дар ин асос харидор ё иҷорагир бо бонки хизматрасонаш дар хусуси аз суратҳисоби ӯ пайваста гузаронидани маблағи муайян ба суратҳисоби фурӯшанда ё иҷорадиҳанда супориш медиҳад. Бонк ҳар моҳ дар рӯзи муайян маблағи дар шартнома нишондодашударо аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда гузаронида, бо фиристодани рӯйнавишти суратҳисобҳо ба онҳо дар бораи иҷрои амалиёт хабар медиҳад.
Масалан, дар шартнома оид ба иҷораи бино барои Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия чунин шакли ҳисоббаробаркунӣ истифода мешавад. Дар асоси шартнома ва супориш ба бонк, он мустақилона аввали ҳар моҳ аз суратҳисоби Сафоратхона пули иҷораро ба суратҳисоби иҷорадиҳанда гузаронида, рӯйнавишти суратҳисобро ба Сафоратхона мефиристод, ки дар он иҷрои амали пулгузаронӣ қайд шудааст. Ин амал то қатъи шартнома байни иҷорадиҳандаю иҷорагиранда давом мекунад.
Моҳияти ин шакли ҳисоббаробаркунӣ — пардохтҳо аз рӯи нақшаи пешакӣ — аз кам кардани харҷи техникию тезонидани ҳисоббаробаркуниҳо иборат аст. Албатта, шарти асосии истифодаи он вазъи хуби молиявии харидор ва муносибатҳои пайвастаю доимии он бо фурӯшанда мебошад.
6.3.3. Шакли аккредитивии ҳисоббаробаркунӣ
Ин шакли ҳисоббаробаркунӣ дар байни ширкатҳою соҳибкорон он қадар маъмул нест, зеро истифодаи он нишонаи нобоварии фурӯшанда ба пардохтпазирии харидор буда, онро маҷбур месозад қисме аз воситаҳои пулии худро дар ҳисоби алоҳида то вақти муайян беҳаракат нигоҳ дорад.
Агар дар ҳамин вақт харидор барои додани музди меҳнати коргарону иҷрои ӯҳдадориҳои дигар ба пул мӯҳтоҷ шавад ҳам, наметавонад пули дар ҳисоби аккредитивӣ доштаашро истифода барад. Харидор сарфи назар аз пул доштанаш маҷбур аст аз бонк қарз гирифта, ба он фоизи муайян диҳад.
Тартиби истифода ва шартҳои аккредитив дар шартномаи байни харидору фурӯшанда нишон дода мешавад. Баъдан дар асоси шартнома харидор ба бонкаш барои кушодани аккредитив ариза пешниҳод мекунад, ки дар он шакли аккредитив, мӯҳлати он, номгӯйи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби фурӯшанда пешниҳодшаванда ва шартҳои дигари зарурӣ қайд шудааст.
Тартиб, шакл ва шартҳои умумии истифодаи аккредитив дар дохили ҳар як кишвар аз ҷониби бонки марказии он муайян карда шудааст.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ истифодаи шаклҳои зерини ҳисоббаробаркунии аккредитивӣ маъмуланд:
-
пешпардохтшуда;
-
кафолатдошта;
-
бозхондшаванда;
-
бозхонднашаванда.
Ҳангоми истифодаи аккредитиви пешпардохтшуда бонк маблағҳои пулии харидор ё қарзи ба он додашударо ба бонки фурӯшанда гузаронида, хоҳиш мекунад онро то мӯҳлати муайян дар ҳисоби аккредитивӣ нигоҳ дорад. Агар дар давоми ин мӯҳлат фурӯшанда ҳуҷҷатҳои дар аризаи аккредитивӣ нишондодашударо пешниҳод намояд, бонк маблағи пулии дар ҳисоби аккредитивӣ бударо ба ҳисоби он мегузаронад. Дар ҳолати ба охир расидани мӯҳлати аккредитив ва пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби фурӯшанда маблағи дар ҳисоби аккредитивӣ буда ба бонки харидор баргардонида мешавад.
Пайдарпайии амалиёт:
-
Бастани шартномае, ки дар он ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи аккредитиви пешпардохтшуда қайд шудааст;
-
Пешниҳоди ариза ба бонк оид ба кушодани аккредитив, супоришномаи пулдиҳӣ барои аз ҳисоби харидор ба ҳисоби аккредитивӣ гузаронидани пул;
-
Гузаронидани пул ба бонки фурӯшанда ва ворид кардани он ба ҳисоби аккредитивӣ;
-
Хабар кардани фурӯшанда оид ба кушодани аккредитив;
-
Фиристодани мол ва ё расонидани хизмат;
-
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба бонк ва аз ҳисоби аккредитивӣ ба ҳисоби фурӯшанда гузаронидани пул;
-
Фиристодани хабар ба бонки харидор оид ба истифодаи аккредитив;
-
Хабар кардани харидор оид ба истифодаи аккредитив.
Агар бонкҳои харидору фурӯшанда дар ҳамдигар ҳисобҳои муросилотӣ дошта бошанд, мизоҷони онҳо (харидору фурӯшанда) ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ метавонанд шакли аккредитиви кафолатдоштаро истифода баранд. Мувофиқи он баъди қабули аризаи аккредитивӣ бонки харидор ба бонки фурӯшанда ҳуҷҷатҳои заруриро фиристода супориш медиҳад, ки баъди иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби фурӯшанда пули мол ё хизматҳои расонидашуда аз ҳисоби муросилотӣ пардохта шавад.
Тартиби истифодаи аккредитиви кафолатдошта (Фурӯшанда — Харидор / Бонки фурӯшанда — Бонки харидор):
-
Бастани шартномае, ки дар он ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи аккредитиви кафолатдошта қайд шудааст;
-
Пешниҳоди ариза ба бонк оид ба кушодани аккредитив бо кафолати бонк, инъикоси он дар ҳисоби ғайритавозунии «Кафолату гаравҳои бонкӣ»;
-
Хабар кардани бонки фурӯшанда оид ба кушодани аккредитив ва инъикоси он дар ҳисоби ғайритавозунӣ;
-
Хабар кардани фурӯшанда оид ба кушодани аккредитив;
-
Фиристодани мол ва ё расонидани хизмат;
-
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба бонк ва аз ҳисоби муросилотии бонки харидор ба ҳисоби фурӯшанда гузаронидани пул;
-
Фиристодани хабар ба бонки харидор оид ба гирифтани пул аз ҳисоби муросилотии он. Бонки харидор дар навбати худ аз ҳисоби харидор ин маблағро мегирад ва ё дар ҳолати пардохтнопазириаш ба он қарз медиҳад;
-
Хабар кардани харидор дар хусуси аз ҳисоби он гирифтани пул.
Ҳар як аккредитив бояд ё бозхондшаванда ва ё бозхонднашаванда бошад. Дар ҳолати мавҷуд набудани ин шарт аккредитив бозхондшаванда ҳисобида мешавад. Бонки харидор метавонад ҳангоми вайрон кардани шартҳои аккредитив аз ҷониби фурӯшанда бе розигии он аккредитиви бозхондшавандаро беэътибор эълон кунад ва ё шартҳои онро тағйир диҳад. Дар ҳолати истифодаи аккредитиви бозхонднашаванда, бонки харидор наметавонад бе розигии фурӯшанда онро беэътибор эълон кунад ва ё шартҳояшро тағйир диҳад.
Барои муносиб гардонидани ин шакли ҳисоббаробаркунӣ ба талаботи тиҷорати байналмилалӣ тартиби умумиҷаҳонии истифодаи аккредитив муайян шудааст, ки иҷрои шартҳои дар он нишондодашуда барои ҳама ҳатмӣ мебошад. Тартибу қоидаҳои истифодаи шакли аккредитивии ҳисоббаробаркунӣ дар савдои байналмилалӣ аз ҷониби Палатаи савдои байналмилалӣ декабри соли 1993 дар шаҳри Париж (Фаронса) тасдиқ шудааст.
Бартарии ин шакли ҳисоббаробаркунӣ аз он иборат аст, ки кафолати пардохти пули мол ё хизматрасонӣ дода мешавад. Камбудиаш — аз муомилоти пулии харидор муваққатан баровардани қисме аз маблағҳои он ва суст кардани муомилоти молӣ аст, зеро дар аксари ҳолатҳо то кушодани аккредитив фурӯшанда моли тайёрашро ба харидор намефиристад.
Истифодаи ин шакли ҳисоббаробаркунӣ асосан хоси ширкату соҳибкорони мамлакатҳои сусттараққикарда аст. Дар мамлакатҳои пешрафта, аз он ҷумла аврупоӣ, бо сабаби баланд будани рақобату зиёд будани имконияти касодшавӣ ширкатҳо маблағҳои пулии ҳамдигарро сари вақт пардохт мекунанд. Аз ин рӯ, зарурати истифодаи аккредитив ба миён намеояд.
6.3.4. Ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи чек
Чек ҳуҷҷати ба шакли муайян даровардашудаю аз ҷониби давлат тасдиқшудаест, ки ба воситаи он соҳиби суратҳисоб (чекдиҳанда) ба бонки худ дар хусуси аз ҳисоби ӯ ба пешниҳодкунандаи чек додани маблағи муайян супориши хаттӣ медиҳад.
Иҷрои ин амал метавонад бо роҳи ба пешниҳодкунандаи чек додани пули дар чек навишташуда ва ё гузаронидани ин маблағ ба суратҳисоби он таъмин карда шавад.
Дар муомилот намудҳои гуногуни чекҳо истифода мешаванд:
-
номӣ — чеки ба номи шахси муайян навишташуда, ки ҳуқуқи интиқоли онро надорад;
-
фармонӣ — чеки ба номи шахси муайян навишташуда, ки дар навбати худ имкон дорад бо роҳи навишт дар пушти чек ҳуқуқи гирифтани пулро ба шахси сеюм диҳад;
-
пешниҳодӣ — мувофиқи он маблағи дар чек нишондодашуда ба пешниҳодкунандаи чек дода мешавад;
-
аксептшуда — мувофиқи он бонк кафолати додани пули дар чек навишташударо додааст;
-
пардохтӣ — чекҳое, ки танҳо барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истифода мешаванд.
Истифодаи чек дар мавридҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
-
вақте ки харидор намехоҳад то гирифтани мол ё расонидани хизмат пули онро диҳад. Масалан, ҳангоми қабули маҳсулоти зироатӣ дар саҳро, хариди лавозимоти хона ва ғайра;
-
фурӯшанда мехоҳад баробари додани мол кафолати гирифтани пулашро дошта бошад;
-
вақте ки фурӯшанда пешакӣ аниқ нест. Масалан, ҳангоми аз ҷониби корхонаҳои матлуботӣ тайёр кардани захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ.
Тартиби истифодаи чек дар дохили ҳар як мамлакат аз ҷониби бонки марказии он муайян карда мешавад.
Чек ба гурӯҳи коғазҳои қиматнок дохил карда шудааст. Мизоҷ метавонад аз бонкаш як дона ва ё аз он зиёдтар чек гирад. Дар ҳолати дуюм ба мизоҷ китобчаи чекӣ (дар дохилаш 10, 20, 25 ва ё 50 дона чек) дода мешавад.
Барои гирифтани чек ё чекҳо мизоҷ бо ариза ба бонки худ муроҷиат мекунад. Бонк баъди аз ҳисоби ӯ ба ҳисоби алоҳида гузаронидани маблағи дар ариза қайдшуда ба мизоҷ китобчаи чекӣ медиҳад. Дар варақаи аввали он маблағи ба ҳисоби чекӣ гузаронидашуда нишон дода шудааст. Мизоҷ метавонад танҳо дар ҳудуди ин маблағ чек нависад. Дар ҳолати аз ин маблағ зиёд навиштани чек пули он аз ҷониби бонк дода намешавад.
Вобаста ба вазъи молиявии мизоҷ ва дар асоси шартнома бонк метавонад ба он таҳти гарави худ китобчаи чекӣ диҳад, яъне дар ин ҳолат зарур нест, ки маблағи муайяни мизоҷ ба ҳисоби алоҳида гузаронида шавад.
Дар аксари кишварҳо (масалан, Русия) чек бояд дар давоми на дертар аз 10 рӯз ба бонк пешниҳод карда шавад, вагарна он барои иҷроиш қабул карда намешавад.
Манзараи ҳаракати чек:
-
Фиристодани аризаи харидор ба бонк барои гирифтани китобчаи чекӣ;
-
Додани китобчаи чекӣ аз ҷониби бонк ба харидор;
-
Қабули мол, хизматрасонӣ ва ё корҳои иҷрошуда;
-
Навиштану имзо кардани чек ва додани он ба фурӯшанда;
-
Пешниҳоди чек ба бонки фурӯшанда;
-
Фиристодани чек ба бонки харидор барои пардохт;
-
Пардохти чек ва хабар кардани харидор дар ин бора.
Агар бартарии ин шакли ҳисоббаробаркунӣ кафолати гирифтани пул бошад, камбудии он дар ҳисоби алоҳида нигоҳ доштани пул аст, зеро то истифодаи ҳамаи чекҳо пули харидор аз муомилоти он берун монда, ҳуқуқи истифодаи онро ندارد.
6.3.5. Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ
Ин шакли аз ҳама маъмули ҳисоббаробаркунӣ дар мамлакатҳои пешрафта мебошад. Истифодаи он дар шартномаи байни харидору фурӯшанда ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ нишон дода мешавад. Дар ин асос фурӯшанда баъди фиристодани мол, хизматрасонӣ ё иҷрои корҳои фармудашуда дар қатори ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба харидор, инчунин талабнома-супоришномаи пулдиҳиро мефиристад. Харидор дар ҳолати эътироз надоштанаш талабнома-супоришномаи пулдиҳиро имзо карда, ба бонкаш пешниҳод менамояд. Бонк дар мӯҳлати муайян пулро аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда гузаронида, бо роҳи ба харидор фиристодани рӯйнавишти суратҳисобаш ба ӯ дар бораи иҷрои супоришаш хабар медиҳад.
Манзараи ҳаракати талабнома-супоришнома:
-
Фиристодани мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ;
-
Фиристодани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ ба харидор;
-
Пешниҳоди талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ ба бонк;
-
Гузаронидани пул аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда;
-
Хабар кардани фурӯшанда оид ба воридоти пул ба суратҳисоби ӯ.
Ин шакли хеле одии ҳисоббаробаркунӣ мебошад, вале истифодаи васеи он ба сатҳи пешрафти соҳаи почта, ҳисси ҷавобгарии соҳибкорон дар назди ҳамдигар ва ғайра вобаста аст. Аз ин рӯ, қисме аз мамлакатҳо истифодаи онро ба шароити худ мутобиқ гардонидаанд. Масалан, дар Русия ҳуҷҷатҳо ба харидор не, балки ба бонки он фиристода мешавад. Агар дар суратҳисоби харидор маблағи зарурӣ набошад, ҳуҷҷатҳо пас гардонида мешаванд ва харидор бояд дар давоми 3 рӯз талабнома-супоришномаи пулдиҳиро ба бонк пешниҳод намояд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ин шакли ҳисоббаробаркунӣ то кунун маъмул нест.
6.3.6. Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи талабномаи пулгирӣ
Ин намуди ҳисоббаробаркунӣ инчунин бо номи «шакли аксептии ҳисоббаробаркунӣ» маълум аст. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ он яке аз шаклҳои асосӣ ба ҳисоб мерафт. Масалан, соли 1988 ҳиссаи он дар маҷмӯи умумии ҳисоббаробаркуниҳо 66,2 фоизро ташкил медод, зеро он ба сатҳи пешрафти техника ва ҳисобдории онвақта бештар ҷавобгӯй буд. Дар қисме аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, он то ҳанӯз истифода мешавад.
Ҳангоми истифодаи ин намуди ҳисоббаробаркунӣ фурӯшанда баъди фиристодани мол ва иҷрои кору хизматрасонӣ ба бонки худ ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва талабномаи пулгириро пешниҳод менамояд. Бонк ин ҳуҷҷатҳоро барои иҷро ба бонки харидор мефиристад. Бонки харидор онҳоро барои аксепт ба харидор пешниҳод мекунад. Тартиби изҳори розигӣ ва ё норозигии харидорро аксепт меноманд. Мӯҳлати гузаронидани пул ба суратҳисоби фурӯшанда аз шакли аксепт вобаста аст, ки метавонад пешакӣ ва ё баъдина бошад.
Ҳангоми истифодаи аксепти баъдина пули мол рӯзи ба бонки харидор ворид шудани ҳуҷҷатҳою талабномаи пулгирӣ дода мешавад. Харидор ҳуқуқ дорад дар давоми 3 рӯз норозигии худро оид ба додани пули мол бо нишондоди сабаби муайян изҳор намояд. Дар ин ҳолат бонк маблағи онро барқарор менамояд.
Ҳангоми истифодаи аксепти пешакӣ дар кунҷи талабномаи пулгирӣ навиштаҷоти зерин ҷой дода мешавад: «аксепти пешакӣ». Дар ин ҳолат бонк танҳо баъди гирифтани розигии хаттии харидор пули молро аз суратҳисоби он ба суратҳисоби фурӯшанда мегузаронад.
Ин ду намуди аксепт дар навбати худ метавонанд мусбӣ ва ё манфӣ бошанд:
-
Аксепти мусбӣ талаб мекунад, ки харидор ҳангоми розӣ буданаш дар давоми 3 рӯз ба таври хаттӣ бонкро огоҳ созад. Ворид нашудани огоҳнома дар ин мӯҳлат маънои аксепти манфиро дорад.
-
Дар ҳолати истифодаи аксепти манфӣ дар давоми 3 рӯз ворид нашудани огоҳнома маънои розигии харидорро дорад. Дар ҳолати норозигии харидор он бояд ба таври хаттӣ бонкашро огоҳ созад.
Тартиби иҷро:
-
Фиристодани мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ;
-
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳою талабномаи пулгирӣ ба бонки фурӯшанда;
-
Фиристодани ҳуҷҷатҳою талабномаи пулгирӣ ба бонки харидор;
-
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳою талабномаи пулгирӣ ба харидор;
-
Аксепти мусбии харидор;
-
Гузаронидани пул аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда;
-
Хабар кардани фурӯшанда оид ба воридоти пул.
Ҳангоми истифодаи аксепти манфӣ баробари ворид шудани ҳуҷҷатҳою талабномаи пулгирӣ пули мол аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда гузаронида мешавад. Харидор ҳуқуқ дорад дар давоми 3 рӯз пурра ё қисман норозӣ будани худро ба таври хаттӣ баён намояд. Дар ин ҳолат маблағи зарурӣ барқарор карда мешавад.
Дар ҳолати зарурӣ баҳси байни харидору фурӯшанда аз ҷониби суд ҳал карда мешавад. Бонк ҳуқуқи ба он дахолат карданро ندارد.
Дар аксари вақт ин намуди ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми додани пули газ, об, барқ, телефон, иҷораи хона ва ғайра истифода мешавад.
Бартарии истифодаи талабномаи пулгирӣ дар тезонидани суръати гардиши пул ва сари вақт гирифтани пули молу корҳои иҷрошуда мебошад. Камбудиаш — дар набудани имконияти тафтиши сифати мол аз тарафи харидор ва набудани кафолати гирифтани пули он аз ҷониби фурӯшанда аст. Аз ин рӯ, ҳиссаи он дар ҷамъи умумии ҳисоббаробаркуниҳо пайваста кам мешавад.
6.3.7. Ҳисоббаробаркунӣ бо роҳи пӯшонидани қарзҳои байниҳамдигарӣ
Ташкили дурусти муносибатҳои иқтисодӣ ва истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ба талаботи хоҷагию соҳибкорон ҷавобгӯй шаклҳои гуногуни онро ба миён овардааст. Яке аз онҳо ҳисоббаробаркунӣ бо роҳи пӯшонидани қарзҳои байниҳамдигарӣ мебошад.
Аслан ин намуд дар ҳолати зиёд шудани қарзҳои байниҳамдигарӣ истифода мешавад. Ширкату корхонаҳои гуногунсоҳа ба ҳамдигар мол мефурӯшанд ё хизмат мерасонанд, вале аз сабаби надоштани маблағ пули якдигарро сари вақт дода наметавонанд. Дар як давраи муайян бо мақсади кам кардани қарзҳои байниҳамдигарии онҳо чунин шакли ҳисоббаробаркунӣ гузаронида мешавад.
Агар ду корхона байни ҳамдигар муносибатҳои молӣ дошта бошанд, метавонанд охири ҳар моҳ, семоҳа ё сол қарзҳои дар назди якдигар доштаашонро ҳисоб намуда, аз рӯйи фарқи он ҳисоб баробар кунанд. Масалан, ширкати истеҳсолкунандаи гилхок ва ширкати алюминийи тоҷик, ки яке ба дигаре гилхок дода, аз он алюминий мегирад. Онҳо метавонанд охири ҳар семоҳа фарқи арзиши молҳои фиристодаро ҳисоб карда, қарздорро муайян намоянд. Агар ширкати истеҳсолкунандаи гилхок аз арзиши моли додааш дида зиёдтар алюминий гирифта бошад, пас пули фарқи онро пардохт мекунад.
Ҳисоббаробаркунӣ бо роҳи пӯшонидани қарзҳои байниҳамдигарӣ инчунин дар байни корхонаҳои як соҳа ё соҳаҳои гуногун истифода бурда мешавад. Масалан, ширкати «А» аз ширкати «Б», ширкати «Б» аз ширкати «В», ширкати «В» аз ширкати «Д», он бошад аз ширкати «А» қарздор аст. Бонк метавонад ҳисоббаробаркунии байни онҳоро ташкил намуда, маблағи фарқкунандаи пулро муайян намояд, ки яке ба дигаре пардохт менамояд.
Азбаски дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳисоббаробаркунии чекӣ васеъ истифода мешавад, бо мақсади кам кардани ҳаракати пул байни бонкҳо шакли ҳисоббаробаркунӣ бо роҳи пӯшонидани қарзҳои байниҳамдигарӣ васеъ истифода мешавад.
Дар шаҳрҳо марказҳои махсуси ҳисоббаробаркунӣ (Clearing House) ташкил шудаанд, ки ҳар саҳар намояндагони бонкҳо ба он ҷо чекҳои дар рӯзи гузашта ҷамъшударо оварда месупоранд. Кормандони марказ маблағи умумии чекҳо ва ба кадом бонк дахл доштани онҳоро аниқ карда, қарзҳои байниҳамдигарии бонкҳоро муайян менамоянд. Ҳисоббаробаркунӣ бошад, танҳо аз рӯйи маблағи фарқкунанда гузаронида мешавад.
Масалан, мизоҷи бонки «А» ба мизоҷи бонки «Б» ба маблағи 54 000 евро чек додааст. Дар ҳамин рӯз мизоҷи бонки «Б» ба мизоҷи бонки «А» ба маблағи 55 500 евро чек додааст. Дар ин ҳолат, қарзҳои байниҳамдигарӣ пӯшонида шуда, бонки «Б» ба бонки «А» ҳамагӣ 1 500 евро пардохт мекунаду халос. Бартарии ин шакли ҳисоббаробаркунӣ содаю самаранокии он аст, зеро барои ҳисоббаробаркунӣ маблағи пулии зиёд зарур нест.
6.4. Ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ
Бо пайдо шудани Интернет ва имконияти ба кор бурдани он дар бонкдорӣ, бонкҳо дарҳол тарзи нави хизматрасонӣ — ҳисоббаробаркуниҳои электрониро ҷорӣ намуданд. Содаю манфиатовар будани истифодаи онҳо боиси бо суръати баланд ворид шуданашон ба фаъолияти бонкӣ гардид. Ширкату корхонаҳо ва шахсони алоҳида дарҳол ба истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ гузаштанд.
Ҳоло қисми зиёди ширкату корхона ва шаҳрвандони аврупоию амрикоӣ бонкдориро бе истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ тасаввур карда наметавонанд. Мувофиқи маълумотҳои Ассосиатсияи миллии ҳисоббаробаркуниҳои автоматии дохилӣ (National Automated Clearing House Association), соли 1995 дар ИМА 90 фоизи пардохтҳои бонкӣ ба ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ рост омад. Маблағи он 533 трлн. долларро ташкил дод, ҳол он ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифодаи чек 73 трлн. доллар ва нақдӣ ҳамагӣ 2,2 трлн. долларро ташкил доданду халос.
Дар ҳолати доштани компютеру Интернет ширкат ё шахси алоҳида метавонад оид ба ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ бо бонки хизматрасонаш шартнома бандад. Дар шартнома тартиби ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ, ӯҳдадорию ҷавобгарии тарафҳо ва шумораи махсуси мизоҷ нишон дода мешавад.
Баъди бастани шартнома ба мизоҷ калкулятори бонкӣ дода шуда, баъдан ба суроғаи ӯ коди махсус барои истифодаи калкулятор фиристода мешавад. Мизоҷ бо тартиби дар дастурамали калкулятор нишондодашуда метавонад коди истифодаи онро дигар кунад. Масалан, мизоҷ метавонад коди аз бонк фиристодашударо ба коди худаш, ки аз рӯзу моҳу соли таваллудаш иборат аст, иваз намояд.
Барои аз суратҳисоби ширкат ё шахси алоҳида гузаронидани маблағи муайян ба суратҳисоби дигар, мизоҷро зарур аст, ки аввал ба сайти бонк дарояд. Баъди пайдо гардидани саҳифаи аввали сайт аз мизоҷ хоҳиш карда мешавад, ки ӯ шумораи махсуси дар шартнома буда ва «имзои ададӣ»-и худро дар ҷойҳои муайяншудаи саҳифа гузорад. Имзои ададӣ бо роҳи ба кор даровардани калкулятори бонкӣ ва дар он гирифтани коди шахсии мизоҷ муайян карда мешавад.
Баъди ин дар оинаи компютер саҳифаи аввали ҳисобномаи мизоҷ пайдо мешавад, ки дар он шумораи суратҳисоб, маблағи дар он буда ва намудҳои хизматрасонии бонкӣ навишта шудаанд. Яке аз намудҳои хизматрасонӣ пардохти бонкӣ аст, ки бо роҳи ба болои он бурдану зер кардани ақрабак варақаи супоришномаи пулдиҳӣ пайдо мешавад.
Мизоҷ дар супоришномаи пулдиҳӣ рӯзи пулгузаронӣ, маблағи пул, ном ва суроғаи ширкат ё шахси пулгиранда, мақсади пулгузарониро навишта, бо ақрабак онро тасдиқ менамояд. Ҳамин тариқ, он барои иҷро ба бонк фиристода мешавад. Мизоҷ дар ҳолати зарурӣ метавонад нусхаи онро чоп карда, дар сохтори ҳисобдорӣ нигоҳ дорад.
Бонк рӯзи дар супоришномаи пулдиҳӣ муайяншуда амалиётро иҷро намуда, рӯйнавишти суратҳисобро мефиристад. Илова ба ин, мизоҷ имкон дорад бо роҳи дар сайти бонк кушодани саҳифаҳои дигари ҳисобномааш иҷрои амалиёти бонкиро назорат кунад. Дар ин саҳифаҳо ҳамаи амалиёти бонкӣ бо суратҳисоб — даромаду баромади маблағҳои пулӣ, ному суроғаи пулгирифтагону пулдодагон, маблағи пул, рӯзи амалиёт ва мақсади пардохт навишта шудаанд.
Бонк метавонад барои ҳимояи суратҳисоб аз амалиёти шахсони дигар ҳудуди маблағгузарониро муайян намояд. Масалан, барои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ин ҳудуд 2 500 евро дар як рӯз буд. Дар ҳолати зиёд будани маблағи пардохт аз ин ҳудуд бонк талаб мекунад, ки ҳар як амал алоҳида имзо карда шавад. Тартиби муайян намудани ин имзои ададӣ нисбатан мушкилтар аст.
Мизоҷ имкон дорад амалиёти дигарро низ иҷро намояд. Масалан, ӯ метавонад қурби асъорҳои хориҷиро дида, асъори дар суратҳисоб бударо ба асъори дигар иваз намояд, болоравии фоизи пасандозии бонкро ба инобат гирифта, аз суратҳисоби ҷорӣ маблағи заруриро ба суратҳисоби пасандозӣ гузаронад, оид ба масъалаҳои дигари зарурӣ ба бонк паём фиристад.
Агар мизоҷ дар хона ва ё ҷойи кораш компютеру Интернет надошта бошад, қисми зиёди ин амалиётро ӯ метавонад ба воситаи автоматҳои бонкӣ (банкоматҳо/терминалҳо), ки дар кӯчаҳо гузошта шудаанд, иҷро намояд. Пештар ин автоматҳо танҳо барои додани пули нақд ба аҳолӣ хизмат мекарданд, ҳоло мизоҷ метавонад илова ба амалиёти пулгирӣ автомати бонкиро барои пасандози пул, чопи рӯйнавишти амали иҷрошуда, гузаронидани пул ба суратҳисоби дигар (масалан, ҳангоми додани пули мол, барқ, об ё хизматрасонӣ), чопи рӯйнавишти суратҳисоб ва амалиёти дигар истифода барад.
Бартариҳои ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ:
-
Сарфаи вақт: барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонк рафтан зарур нест, онро аз хона ва ё ҳуҷраи корӣ иҷро кардан мумкин аст;
-
Сарфаи коғазу вақти корӣ: зарурати пур кардани ҳуҷҷатҳои зиёд вуҷуд ندارد;
-
Зиёдшавии имконияти вақти иҷрои амалиёт: мизоҷ метавонад амалиётро ҳар вақте ки хоҳад, новобаста аз вақти кории бонк иҷро намояд (24/7, аз ҷумла рӯзҳои истироҳату ид);
-
Васеъшавии мавзеи иҷрои амалиёт: мизоҷ метавонад ҳангоми зарурати пардохти пул сарфи назар аз ҷой ё шаҳри будааш интернетро истифода карда, амалиётро иҷро намояд;
-
Афзоиши суръати гардиш ва самаранокии муомилоти пулӣ: мизоҷ новобаста аз вақту ҷойи будааш амалиёти пардохтиро сари вақт иҷро менамояд.
6.5. Ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ
Мақсади омӯзиши шаклҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ ташкили дурусту самараноки пулгузаронӣ аз суратҳисоби харидор (пулдиҳанда) ба суратҳисоби фурӯшанда (пулгиранда) мебошад. Зарур аст, ки пули фурӯшанда ҳар чӣ тезтар ба суратҳисоби он ворид шавад. Дар шароити ҷаҳонишавии умумӣ ҳаҷми савдои байналмилалӣ новобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофии корхонаю ташкилотҳо рӯз аз рӯз меафзояд. Бонкҳо ҳамчун муассисаҳои ба онҳо хизматрасон доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои ҳозиразамони ҳисоббаробаркунианд.
Ба ҳама маълум аст, ки новобаста аз масофаи байни корхонаю ташкилотҳо (масалан, Душанбе — Париж) бонкҳо ба якдигар пули нақд намефиристанд. Илова бар ин, маблағи пардохтҳои пулӣ дар як рӯз чандин миллиардҳоро ташкил медиҳад, ки аз ҷой ба ҷой бурдани он гаронбаҳост. Маблағҳои пули нақди дар бонкҳо буда даҳҳо маротиба аз маблағи пардохтҳо камтар аст. Пас чӣ гуна бонкҳо ҳисоббаробаркунии байни мизоҷонро таъмин менамоянд?
Бонкҳои тиҷоратӣ барои таъмини ҳисоббаробаркунии мизоҷонашон дар бонки марказӣ (миллӣ)-и мамлакати худ ва бонкҳои тиҷоратии дохилию хориҷӣ ҳисобҳои муросилотӣ (correspondent account) мекушоянд. Вобаста ба муносибатҳои молию пулии мизоҷон, бонкҳо дар ин ҳисобҳо маблағи муайянро нигоҳ дошта, ҳангоми зарурат аз он ба суратҳисоби пулгиранда пул мегузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё