Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вазифа ва намудҳои пул

Вазифаҳои пул ва тавсифи онҳо Моле, ки қобилияти ба ҳар моли дилхоз иваз шуданро дорад, хамарзиш (эквивалент)-и умумӣ номида мешавад.

Пул ҳамчун ҳамарзиши умумӣ аз давраи пайдошавиаш чунин вазифаҳои бо ҳам алоқамандро иҷро мекунад:

  • ченаки арзиш (ё андозаи арзиш)
  • воситаи муомилот
  • воситаи пардохт
  • воситаи ҷамъоварӣ (пасандоз)
  • пули ҷаҳонӣ

Омӯзиши вазифаҳои мазкур дар пайдарҳамӣ ва алоқамандии зичи онҳо имконият медиҳад, ки моҳияти пулро беҳтар фаҳмем.

Ҷенаки арзиш.

Бинобар маҳсули меҳнат будани ҳамаи молҳо, аз он ҷумла пул, арзиши онҳо бо ҳам муқоисашаванда аст. Пул, ки моли дорои хусусиятҳои хос аст, вазифаи ченаки арзишро иҷро мекунад.

Вазифаи пул ҳамчун ченаки арзиш аз муайянкунии арзиши молҳои дигар иборат буда, ду хусусияти хос дорад:

  1. онро пулҳои аслӣ - тилло ё нуқра иҷро мекунанд, зеро барои арзиши молҳои дигарро муайян намудан худи пул бояд маҳсули меҳнат буда, дорои арзиш бошад;

  2. онро пулҳои идеалӣ, яъне фикран тасаввуркарда иҷро мекунанд. Масалан, барои муайян кардани арзиши мол зарур нест, ки миқдори муайяни тилло дошта бошем.

Дар ҳолати бо пул ифода кардани арзиши мол, меҳнати барои ин мол сарфшуда ба меҳнати барои истеҳсоли миқдори муайяни пул - тилло сарфшуда фикран ва дар асоси таносубҳои қабулшуда муқоиса карда мешавад.

Арзиши моли бо тул ифодаёфта нархи мол номида, мешавад.

Ҳангоми истифодаи тилло ҳамчун пул нархи молҳо бевосита бо тилло муайян карда мешуд.

Истифодаи пули коғазӣ ҳамчун андозаи арзиш танҳо бо миқёс (масштаб)-и нарх -- ифодаи тиллоии ба пул додашуда имконпазир аст. Миқёси нарх табиати техникӣ дошта, метавонад аз тарафи давлат ва ё дар бозор муайян карда шавад.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ як рубл ба 0,987412 грамм тиллои холис баробар карда шуда буд. Дар ИМА миқёси нархи як доллар соли 1900 ба 1,504 грамм, 1934 - 0,889 грамм, 1971 - 0,818 грамм, 1973 - 0,737 грамм тиллои холис баробар буд. Баъдан аз соли 1976 сар карда, ИМА аз муайян намудани нархи асъори худ ба таври маъмурӣ даст кашид ва акнун нархи он дар бозор вобаста ба пешниҳоду талабот муайян карда мешавад. 20 сентябри соли 2007 нархи як доллари амрикоӣ дар бозори ҷаҳонии тилло ба 0,04274 грамм тиллои холис баробар буд.

Ифодаи тиллоии пули миллии Тоҷикистон -- сомонӣ ба воситаи пулҳои озод табдилшаванда ва бо таври савдои озод муайян мешавад. Қурби тиллоии пулҳои озод табдилшаванда дар бозорҳои ҷаҳонии савдои тилло муайян мегардад.

Ҳамин тариқ, пул ба сабаби маҳсули меҳнат буданаш ҳамчун ченаки арзиш амал мекунад ва иҷрои ин вазифа имконият медиҳад, ки додугирифти байни молистеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон одилона амалӣ гардад.

Воситаи муомилот.

Пул ҳамчун воситаи муомилот дар вақти хариду фурӯш, ки гирифтани молу додани пул бо ҳам мувофиқ меоянд, истифода бурда мешавад. Моҳияти ин вазифа аз миёнаравии пул ҳангоми хариду фурӯши мол иборат аст.

Пул ҳамчун воситаи муомилот ду хусусият дорад:

  1. онро пулҳои ҳақиқӣ” иҷро мекунанд, яъне ҳангоми хариду фурӯш пули воқеӣ истифода мешавад;

  2. азбаски дар ин сурат истифодаи пул муваққатӣ аст, ин вазифаро пулҳои камарзиш иҷро мекунанд.

Пулҳои ҳақиқӣ гуфта, муаллиф истифодаи бевоситаи пулҳои қоғазӣ ё филиззиро ҳангоми хариду фурӯш дар назар дорад, яъне дигар намудҳои ҳисоббаробаркунӣ ба монанди аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурӯшанда гузаронидани пул, дар оянда додани пули фурӯш ва ғайра хоси ин вазифа нестанд. Масалан, Қосим ба Ҳайдар қалам мефурӯшад. Агар Ҳайдар аз киссааш пул бароварда арзиши қаламро дарҳол диҳад, дар ин ҳолат пул ҳамчун воситаи муомилот амал мекунад.

Пулҳои камарзиш гуфта, пулҳои коғазию филиззиеро мегӯянд, ки арзиши дар рӯи онҳо навишташуда ба арзиши истеҳсолиашон мувофиқ нест. Масалан, барои истеҳсоли як дона пули панҷсадевроӣ ҳамагӣ якчанд сент сарф мешавад, ҳол он ки бо ин панҷсадевроӣ маҳсулоте харидан мумкин, ки арзишаш аз арзиши аслии панҷсадевроӣ садҳо маротиба зиёд аст.

Дар ҳолати истифодаи пул ҳамчун воситаи муомилот харидору фурӯшанда имконият доранд иҷрои бевоситаи ӯҳдадориҳои байниҳамдигариро назорат кунанд. Харидор сифати молро тафтиш ва арзиши онро ба арзиши молҳои дигари ба ин мол монанд муқоиса карда, нархи охиринро муайян менамояд. Фурӯшанда дар навбати худ имконият дорад ба кобилияти пардохтпазирии харидор боварӣ ҳосил намояд.

Ва танҳо баъди чунин назорати байниҳамдигарӣ мол ба харидор ва пул ба фурӯшанда дода мешавад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки пул ҳамчун воситаи муомилот, инчунин воситаи назорати иҷрои ӯҳдадориҳои байниҳамдиғарии харидору фурӯшанда аст.

Вобаста ба пешрафти иқхисодиёт, комёбиҳои илму техника, сол то сол зиёд шудани истифодаи кортҳою чекҳо ва дигар намудҳои ҳисоббаробаркунӣ ҳаҷми пули ҳамчун воситаи муомилот истифодашаванда кам мешавад. Дар мамлакатҳои тараққикарда, ба монанди ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон ва ғайра ҳаҷми пули нақд дар ҳаҷми умумии гардиши он хеле кам аст, зеро дар ин мамлакатҳо воситаҳои ҳозирзамони ҳисоббаробаркунӣ - ба суратҳисоби кормандон, нафақахӯрон, донишҷӯён гузаронидани музди меҳнат, нафақапулию стипендия ва аз он ҷо ба таври ғайринақдӣ (бо воситаи кортҳо) додани хонапулӣ, арзиши молҳо ва хизматрасонӣ, бо чеку векселҳо додани пули молҳои баландарзиш васеъ истифода мешаванд.

Масалан, дар ИМА ҳамагӣ фоизи кормандон моҳонаи худро бо пули нақд мегиранду халос, дар Олмону Бритониёи Кабир ва Фаронса миқдори кормандоне, ки чунин тарзи ҳисоббаробаркуниро истифода мебаранд, аз 8 то 12 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин нишондиҳанда ба 90-100 фоиз баробар аст. Тоҷикистон ба гурӯҳи мамлакатҳое дохил аст, ки тамоми мардуми он бо пули нақд гирифтани музди меҳнатро афзалтар мешуморад.

Воситаи пардохт

Пул ҳамчун воситаи пардохт ҳамон вақт амал мекунад, ки агар байни додани молу гирифтани пули он, додани қарзу баргардонидани он, иҷрои кору пардохти пули он (масалан, пардохти музди меҳнат) фосилае пайдо шавад.

Агар ҳангоми истифодаи пул ҳамчун воситаи муомилот вақти хариду фурӯш ба ҳам мувофиқ ояд, ҳангоми истифодаи пул ҳамчун воситаи пардохт фурӯшанда имконият надорад пули молро дарҳол гирад. Чунин шакли ҳисоббаробаркунӣ асосан дар байни корхонаҳо, корхонаҳою давлат, корхонаҳою кормандони онҳо, байни давлатҳо маъмул аст.

Аслан ин вазифаро пулҳои ғайринақдӣ иҷро мекунанд, ҳаҷми пулҳои нақдии барои иҷрои ин вазифа истифодашаванда хеле кам буда, асосан ҳангоми додани андоз, ходлапулӣ ва ғайра аз тарафи шахсони воқеӣ истифода мешаванд.

Ба тавассути истифодаи воситаҳои ҳозирзамони ҳисоббаробаркунӣ ба монанди векселу чекҳо, кортҳои кредитию дебетӣ ҳаҷми пули ҳамчун воситаи пардохт истифодашаванда нисбат ба ҳаҷми пули ҳамчун воситаи муомилот истифодашаванда сол то сол меафзояд.

Имрӯзҳо дар муомилоти мамлакатҳои тараққикарда пулҳои электронӣ васеъ истифода мешаванд. Воситаҳои ҳозирзамони алоқа имконият медиҳанд, ки харидор барои молҳои харидааш ба воситаи корт ҳисобу китоб кунад. Фурӯшанда имконият дорад дар сонияҳои башумор дар ҳисоби бонки харидор будан ё набудани маблағи зарурӣ ё гарави пӯшонидани хароҷотҳои харидорро тафтиш намуда, баъдан ба маблағи нархи молҳои интихобкардааш чек нависад. Дар чек номи харидор, таърихи рӯз, рақами корт ва маблағи умумии молҳои фурӯхташуда ё хизматҳои расонидашуда нишон дода шудааст. Чек аз тарафи харидор имзо шуда ба бонки ӯ барои ғузаронидани пул фиристода мешавад.

Бонк моҳе як бор феҳристи хароҷотҳои аз суратҳисоб кардашударо ба мизоҷ мефиристад.

Мизоҷ имкон дорад бо воситаи ин феҳрист дурустии амалиётҳои дар ҳисоби он гузаронидашударо назорат кунад.

Пул ҳамчун воситаи пардохт инчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ васеъ истифода мешавад. Масалан, пул ҳамчун воситаи пардохт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба баргардонидани қарзҳо, додани фоизи онҳо ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, давлатҳои дигар, ширкатҳои алоҳида, додани аъзоҳаққӣ ба созмонҳои байналмилалӣ, хариду фурӯши байниҳамдигарии ширкатҳои давлатҳои гуногун ва ғайра истифода мешавад.

Дар қатори хароҷотҳои ҳаррӯза ё ҳарҳафтаина (хариди нон, равған, чой ва гайра) одамон хароҷоте доранд, ки як бор дар як ё якчанд сол ба вуқӯъ пайваста, маблағи калонро талаб мекунанд. Масалан, тӯй, хариди хона, мошин ва ғайра.

Ҳукумат низ дар қатори хароҷотҳо барои музди меҳнат, кӯмакхарҷӣ, нафақа ва ғайра ҳангоми зарурати сохтмони иншоотҳои азим, ба монанди бунёди нақб, роҳҳо, истгоҳҳои барқӣ, хариди ҳавопаймоҳо бояд захираҳои пулӣ дошта бошад. Корхонаю ташкилотҳо барои нав намудани таҷҳизот, сохтмони биноҳо ва ғайра ба чунин захираҳои пулӣ ниёз доранд.

Ин аст, ки ҳам ҳукумату корхонаю ташкилотҳо ва ҳам одамон барои дар оянда пӯшонидани хароҷотҳои дар боло номбаршуда аз даромад, маошу фоидаашон маблағи муайянеро дар ҳисобҳои махсус ё дар сандуқҳо ҷамъ мекунанд. Масалан, баъди чанд сол зарурати иваз намудани агрегатҳои пурқимати нерӯгоҳи барқии Норак ба миён меояд ва соҳиби онро зарур аст, ки аз аввали истифодаи ин нерӯгоҳ пай дар пай маблағи муайянеро ҷамъ намояд, то тавонад ҳангоми зарурат агрегатҳои навро харидорӣ кунад. Цул дар чунин маврид ҳамчун воситаи андӯхт ё ғункунӣ баромад мекунад.

Зарурати пай дар пай азнавкунии техникаю технологияи истеҳсолӣ бо мақсади таъмини пешрафти истеҳсолот андӯхти миқдори муайяни пулро талаб мекунад. Азбаски мақсади асосии молистеҳсолкунандагон дар шароити иқтисоди бозорӣ гирифтани фоида мебошад, онҳо ҳаракат мекунанд, ки маблағҳояшонро барои таъмини пешрафти истеҳсолот истифода кунанд. Яъне, аз як тараф, пул ҳамчун воситаи андӯхт имкон медиҳад, ки молистеҳсолкунандагон ҳангоми зарурат маблағи муайянро дошта бошанд, аз тарафи дигар, ба шарофати ин вазифаи пул ва хариди саривақтии техникаю технологияи нав такрористеҳсоли васеи молҳо таъмин карда мешавад.

Дар миқёси байналмилалӣ ин вазифаро тилло ва асъорҳои озодтабдилшаванда иҷро мекунанд.

Пулҳои ҷаҳонӣ.

Дар баробари хариду фурӯш бо пули миллӣ дар дохили мамлакат ҳар як кишвар сарфи назар аз хоҳишаш ба додугирифти берунӣ ниёзманд аст.

Ҷаҳонишавӣ ё боз ҳам васеъшавии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба он оварда расонд, ки давлат ва шаҳрвандони он, корхонаю ташкилотҳо барои қонеъ гардонидани талаботашон бо давлату шаҳрвандон ва корхонаҳои хориҷӣ додугирифт мекунанд. Илова ба он, сол то сол миқдори шахсони ба хориҷи кишвар сафаркунанда, аз қабили сайёҳон, донишҷӯён, кормандони ҳукуматию шахсони алоҳида меафзояд ва онҳо барои пӯшонидани хароҷотҳои худ ба асъори“ хориҷӣ ниёз доранд.

Мафҳумҳои «пул» ва «асъор» ҳаммаъноянд, вале бо мақсади ҷудо кардани пули миллии тоҷикӣ аз пулҳои миллии кишварҳои дигар ҳангоми омӯзиш ҳар ду мафҳум истифода мешаванд. Таҳти мафҳуми «пул» пули миллии тоҷикӣ ва зери мафҳуми «асъор» пулҳои миллии мамлакатҳои дигар дар назар дошта шудааст.

Азбаски дараҷаи тараққиёти давлатҳо ва имкониятҳои дохилии онҳо барои таъмини устувории Қурби пули миллиашон гуногун аст, ҳукумату соҳибкорон барои ҳисобу қитоб пули мамлакатҳои му- тараққиро, ки онҳо гарави устувории қурбашро додаанд, истифода мебаранд. Пули миллии мамлакатҳои нисбатан қафомонда дар додугирифти байналмилалӣ истифода намешавад.

Албатта, ҳангоми истифодаи тилло ҳамчун воситаи пардохт чунин мушкилот вуҷуд надошт, ваде баробари ба ҷои тилло истифода кардани пулҳои коғазӣ зарурати интихоби як ё якчанд пулҳои миллӣ ҳамчун пули ҷаҳонӣ ба миён омад.

Ҳамин тариқ, асъори озодтабдилшавандаи мамлакати мутараққие ба сифати воситаи пардохти байналмилалӣ ё ҳамчун пули ҷаҳонӣ истифода мешавад. Имрӯзҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ асосан доллари ИМА ва евро васеъ истифода мешаванд. Пули миллии мамлакатҳои алоҳида дар ҳолати зарурӣ дар бозорҳои дохилии онҳо ба асъори озодтабдилшаванда иваз карда мешавад ( Нигаред ба замимаи 4).

Бо мақсади пешбурду равнақи савдои байналмилалӣ дар ҳама мамлакатҳо бозори дохилии асъор амал мекунад, ки аз он корхонаю ташкилотҳои эҳтиёҷманд барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон дар назди ширкатҳои хориҷӣ асъор мехаранд ва ё асъори аз хориҷи кишвар овардаашонро дар он фурӯхта ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷет оид ба додани андозҳо, коргаронашон доир ба пардохти музди меҳнат ва ғайра иҷро менамоянд.

2.2. Намудҳои пул Дар давраҳои гуногуни пешрафти ҷамъият талабот ба категорияҳои иқтисодӣ, аз он ҷумла пул низ дигар мешавад. Ин аст, ки вобаста ба талаботи ҷамъият ва имконияти давлатҳо намудҳои гуногуни пул дар муомилот истифода шудаанд.

Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва пешрафти соҳаҳои алоҳида, истифодаи ҳамарзиш (эквивалент)-и умумии мутобиқтареро талаб мекард. Аз ин рӯ, баробари ҷудо шудани чорводорӣ аз зироаткорӣ мардум ба сифати ҳамарзиши умумӣ ҳайвонотро истифода карданд, зеро он бо қобилиятҳои хосаи худ“ аз дигар намуди молҳо афзалияти бештар дошт.

Имконияти истифодаи ҳайвонот ҳамчун қувваи корӣ, истеҳсоли ширу маҳсулоти ширӣ, гӯшт, пӯст ва ғайра.

Ҷудошавии ҳунармандӣ аз заминдорӣ боиси истифодаи намудҳои нави ҳамарзиши умумӣ: табар, биринҷ, равғани зайтун ва ғайра гардид, ки онҳо хосиятҳои бештари заруриро доро буданд, яъне нисбатан одӣ, сабуку камҳаҷм, тақсимшавандаю санҷидашаванда буда, арзиши жустувортаре доштанд.

Пешрафти истеҳсолоту муомилот ва ҷустуҷӯи ҳамарзиши умумии мутобиқтаре боиси дар ҳамин давра истифода кардани оҳан, қалъагӣ, қӮрғошим, мис, нуқраю тилло ҳамчун пул гардид.

Арасту дар асарҳои худ оид ба истифодаи тангаҳои оҳанин ишора кардааст. Императори Рим пулҳои қалъагиро ба муомилот баровардааст. Дар Чину Осиёи Миёна пулҳои мисин васеъ истифода мешудаанд. Баъдан мамлакатҳо ба истифодаи нуқраю тилло гузаштанд, ки хосиятҳои бештари заруриро доро буданд.

Албатта, тилло моли аз ҳама қиматтарин набуд, вале ба тавассути ҳосиятҳои хос доштанаш мӯҳлати дароз ҳамчун пул истифода шудааст. Гарчанде тиллои сафед (платина) филизи аз тиллои маъмулӣ чандин маротиба қиматтар аст, вале ба сифати пул истифода нашудааст, балки одамон қариб, ки онро намешиносанд.

Зарурати таъмини устувории арзиши пулҳо, баҳисобгирӣ ва батанзимдарории муомилоти пулӣ боиси ба як шакли муайян даровардани онҳо гардид. Ин аст, ки тангаҳои филиззии нуқрагию тиллоӣ дар шаклҳои муайғн аз ҷониби бонкҳою ҳукуматҳо бароварда шуданд.

Тангаҳои нуқрагину тиллоӣ то охири асри ХТХ ва аввали асри ХХ дар муомилоти пулии мамлакатҳои алоҳида истифода шудаанд. Баъдан мамлакатҳо паси ҳам аз истифодаи пулҳои тиллоӣ даст кашиданд, зеро дар шароити пай дар пай зиёдшавии истеҳсоли молу хизматрасонӣ барои таъмини талаботи муомилот захираҳои зиёди тилло лозим буд. Барои қонеъгардонии ин талабот давлат бояд ҳар сол маблағи зиёдро барои истеҳсоли тилло ва истифодаи он ҳамчун пул сарф мекард. Давлатҳое, ки конҳои тилло надоштанд, маҷбур буданд қисми захираҳои моддии худро барои хариди тилло сарф кунанд. Идова ба ин, сармояи дар шакли пули тиллоӣ ҷамъшуда фоизи иловагӣ намеовард, яъне мис- ли пулҳои имрӯзаи дар бонкмонда аз ҳисоби фоиз зиёд намешуданд. Аз тарафи дигар, калонҳаҷм будани муомилоти пулии тиллоӣ мушкилиҳои зиёдеро ҳангоми васеъ шудани савдои байналмилалӣ ба миён овард. Давлату тоҷирон барои додугирифт бо мамлакатҳои хориҷӣ маблағҳои иловагии зиёдеро сарф мекарданд, ки боиси камманфиатӣ ва садди роҳи пешрафти савдои байналмилалӣ” мегардид.

Масалан, агар давлат барои аз ширкати амрикоӣ харидани ҳавопаймои калонҳаҷми арзишаш 50 млн. доллар шартнома баста бошад, ба бонки миллӣ барои гузаронидани ин маблағ супориш медиҳад. Бонки миллӣ дар навбати худ аз ҳисоби долларҳои дар бонки амрикой доштааш маблағи заруриро на дертар аз рӯзи дигар ба ҳисоби ширкати амрикоӣ мегузаронад. Ширкат бошад, фардо ё пасфардо ҳавопайморо ба харидор мефиристад. Харҷи бонк барои ин амалиёт на зиёдтар аз 100 сомонӣ аст. Дар ҳолати муомилоти пулии тиллоӣ барои хариди ин ҳавопаймо бо нархҳои соли 2005 тахминан 10 тонна тиллои маҳаки 565 лозим аст. Барои ин миқдори тиллоро аз давлати мо то Амрико бурдан вақту хароҷотҳои зиёди иловагӣ (тахминан 300 ҳазор сомонӣ) лозим аст. Тилло на танҳо дар шакли пул, балки дар шаклҳои дигар низ (ҷавоҳирот, воситаи пулғункунӣ, ноқил ва ғайра) истифода мешавад. Тилло дар шакли пул вобаста ба харҷи меҳнат барои зебосозӣ (дизайн) ва рехтани он аз тилло дар шакли одӣ қиматтар буд ва ин фарқият аз ҳисоби хазинаи давлат пӯшонида мешуд.

Илова ба ин камбудиҳо, тилло бо сабаби мулоим буданаш ҳангоми истифода хӯрда шуда вазнашро гум мекунад?” ва давлат барои таъмини устувории арзиши он бояд доимо тангаҳои тиллоии истифодашударо ба тангаҳои нав иваз намояд. Иқти- соддонҳои амрикоӣ ҳисоб кардаанд, ки агар имрӯз дар ИМА муомилоти пулии тиллоӣ мебуд, давлаташонро лозим меомад, ҳар сол барои нигаҳдошти он камаш 2,5 ҳазор тонна тиллои холис сарф кунад.

Захираҳои тиллоии Амрико соли 2004 ба 13 ҳазор тонна баробар буд ва агар ҳисоб кунем, ки дар ин мамлакат 100 соли охир тилло ҳамчун пул истифода намешавад, пас ба хулоса меоем, ки ҳатто чунин давлати пуриқтидор аз ӯҳдаи ташкили муомилоти пулии тиллоӣ намебарояд.

Арзиши номиналии пули тиллоӣ (арзиши дар болои танга навишташуда) бояд ба арзиши қонунан муайяншудаи он баробар бошад, вагарна боварии мардум ба ин тангаҳо ва ҳукумат, ки эмитент - барорандаи пул аст, гум мешавад.

Барои мисол, ҳукумат ҳамчун эмитент эълон мекунад, ки тантаи 10 сомонии аз тиллои маҳаки 585 сохташуда, 10 грамм вазн дорад. Вале ҳангоми истифода дар муомилот ин танга хӯрда шуда вазни худро гум мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки он аз ҷониби эмитент ба тангаи арзишаш пурра иваз карда шавад.

Ба ҳама маълум аст, ки миқдори конҳои тилло дар дунё хеле маҳдуданд ва истеҳсолкунандагони тилло аз ӯҳдаи қонеъ гардонидани талаботи муомилот ба тилло намебароянд. Илова ба ин, мақсади асосии ҳама гуна намуди истеҳсолот гирифтани арзиши иловагӣ мебошад. Истеҳсоли тилло, ки қиматтарин моли дунё буд, зараровар гардида, боиси болоравии арзиши тиллою молҳои дигар ва номутаносибии пешрафти соҳаҳо гардид.

Ҳамин тариқ, илова ба камбудиҳои дар мавзӯи аввал қайдшуда, маҳдуд будани захираҳо ва таъмини нопурраи муомилоти пулӣ ба миқдори зарурии тилло, таъсири манфии муомилоти пулии нопурра ба истеҳсолот вазъи ногувореро ба миён овард.

Давлатҳо дар ҷустуҷӯи роҳи баромад аз ин вазъи ногувор маҷбур шуданд пули тиллоиро ба намояндаи он дар муомилот - пулҳои коғазӣ иваз намоянд.

2.3. Пулҳои коғазӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Пулҳои хазинадорӣ.

Пулҳои хазинадорӣ аз ҷониби ҳукумат (ба воситаи сохтори молиявии он) барои пӯшонидани хароҷотҳои иловагии буҷет (хусусан ҳангоми ҷанг, гиперинфлятсия ва ҳодисаҳои дигари харҷи барзиёдро талабкунанда) ба муомилот бароварда мешаванд. Давлат ӯҳдадор нест, ки ин пулҳоро ҳангоми зарурат аз муомилот гирад, зеро онҳо таъминоти аслӣ надоранд.

Баровардани пулҳои хазинадорӣ ҳаҷми умумии пулҳоро дар муомилот зиёд намуда, боиси болоравии нархҳо ё таваррум мегардад. Бинобар ин, истифодаи чунин намуди пулҳо воситаи «маҷбурии» ҷамъ кардани андози иловагӣ аз мардум ба- рои пӯшонидани хароҷотҳои барзиёди буҷети давлат ҳисобида мешавад.

Дар Тоҷикистон пулҳои хазинадорӣ дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шудаанд. Онҳо пулҳои 1, 3, 5-рублаи чопи соли 1961 буданд, ки баробари ба истифодаи пули миллӣ гузаштани ватанамон аз муомилот гирифта шуданд.

Имрӯз пулҳои хазинадорӣ дар ИМА, Италия, Ҳиндустон, Индонезия ва чанд мамлакати дигар истифода мешаванд.

Пулҳои қарзи.

Асоси пайдоиши пулҳои қарзӣ истифодаи забонхатҳои ҷавоҳиротсозон буд, ки таъминоти тиллоӣ дошта, дар муомилот озод истифода мешуданд.

Ин забонхатҳо бо мурури замон ва равнақ ёфтани фаъолияти бонкҳо ба шакли муайян даромада вексел ном гирифтанд. Векс-елҳо ба гурӯҳи пулҳои қарзӣ дохил мешаванд, зеро бо тартиби аз ҷониби бонкҳо муайянкарда бароварда шуда, ҳамчун гарави қарзи ба ивазашон додашаванда эътибор доранд.

Яьне соҳиби вексел имкон дорад онро ҳамчун гарав истифода карда, ба ивазаш қарз гирад.

Баъдан дар натиҷаи пешрафти бонкдорӣ, пайдоиши имконияти ҳисоббаробаркунии гайринақдӣ ва истифодаи мошинҳои электронӣ дар соҳаи бонкдорӣ шаклҳои нави пулҳои қарзӣ: бонкнотаҳо, чек, пулҳои электрони ва KOpMXOU бонки пайдо шуданд.

Хусусияти хоси пулҳои қарзӣ аз он иборат аст, ки онҳо дар асоси амалиётҳои қарзӣ, яъне ҳан- гоми додани қарз ба муомилот бароварда шуда, бо мурури замон ба бонк бармеғарданд. Таъмин будани қарз ба миқдори муайяни мол ё воситаҳои асосию гардишӣ нишонаи таъминоти молӣ доштани пулҳои қарзӣ мебошад.

Агар барориши пулҳои хазинадорӣ ба мақсади пӯшонидани касри буҷет амалӣ гардад ва ба талаботи муомилот алоқае надошта бошад, пас барориши пулҳои қарзӣ дар асоси талаботи муомилот ба пул амалӣ мегардад. Ин аст, ки онҳо дар ҳолати татбиқи сиёсати дурусти пулӣ аз ҷониби бонки марказӣ ба болоравии нархҳо сабаб намешаванд.

Албатта, дар ибтидо пулҳои коғазиро ба муомилот бе ягон пайвастагӣ ба тилло баровардан ғайри имкон буд, зеро мардум онҳоро эътироф намекард. Бинобар ин, бонкҳои тиҷоратӣ, ки эмитенти пулҳои коғазӣ буданд, гарави таъмини устувории арзиши онҳо ё ба таври дигар, гарави дар ҳолати зарурӣ ба ивази пулҳои қоғазӣ додани миқдори муайяни тиллоро доданд. Ин пайвастагӣ аввал «стандарти тиллоӣ» ва баъдан «стандарти хишти тиллоӣ» ном гирифт.

Аз ҷониби давлат қабул кардани «стандарти тиллоӣ» маънои онро дошт, ки воҳиди пулии ин мамлакат ба миқдори муайяни тилло баробар аст ва ҳар касе пули онро ба бонк пешниҳод кунад, соҳиби миқдори муайяншудаи тилло мегардад. Масалан, дар Бритониёи Кабир аз асри ХУШ то соли 1914 стандарти тиллоӣ вуҷуд дошт. Мувофиқи қонун 1 фунт стерлинг ба 113 гран ё 7,3 грамм тиллои холис баробар буд. Бо сар шудани ҷанги якуми ҷа- ҳон ва зиёд шудани хароҷотҳои ҳарбии мамлакат Бритониёи Кабир аз стандарти тиллоӣ даст кашид, зеро дигар имконияти ба ивази пулҳояш додани тиллоро надошт. Ҳатто тангаҳои тиллоие, ки дар гардиш буданд, аз муомилот гирифта шуданд.

Мамлакатҳое, ки иқтидори истифодаи стандарти тиллоиро надоштанд, бо роҳи истифодаи «стандарти хишти тиллоӣ» мехостанд устувории арзиши пулашонро таъмин намоянд. Масалан, Британияи Кабир баъди анҷоми ҷанги якуми ҷаҳон ва барқарор шудани иқтисодиёташ соли 1925 истифо- Даи «стандарти хишти тиллоӣ»-ро эълон кард, ки мувофиқи он давлат ба шахсони хоҳишманд ба ивази пулашон хишти тиллоӣ медод. Арзиши хишти тиллоӣ, ки 11 киллою 340 грамм вазн дошт, ба 1550 фунт стерлинг баробар буд. Дар он давра ин маблағи калон буд ва ба ҳар кас муяссар намешуд, ки соҳиби чунин маблағ гардад. Бӯҳрони иқтисодии солҳои 30-юми асри ХХ Бритониёи Кабирро маҷбур сохт, ки соли 1931 аз «стандарти хишти тиллоӣ» даст кашад.

Баробари аз ҷониби ҳукумату бонкҳо ёфтани роҳҳои танзими гардиши пулҳои коғазию таъмини устувории қурби онҳо ва ба ин восита зиёд намудани эътимоди мардум ба пулҳои коғазӣ давлатҳо паси ҳам аз стандартҳои тиллоию хишти тиллоӣ даст кашиданд, яъне имрӯз ягон давлати дунё ба ивази пулаш тилло ё хишти тиллоӣ намедиҳад, гарчанде шумо метавонед бо он пул аз бозор миқдори муайяни тиллоро харидорӣ кунед.

Пешрафти соҳаи бонкдорӣ, электроника ва татбиқи комёбиҳои он дар ин соҳа, фоиданокии нигоҳдошти пул дар бонк, самаранокии истифодаи шаклҳои ҳозиразамони ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи бонк ва ғайраҳо боиси пай дар пай камшавии истифодаи пулҳои нақдӣ ва васеъ шудани истифодаи пулҳои ғайринақдӣ гардид.

2.4. Пулҳои ғайринақдӣ Дар мамлакатҳои пешрафта мардум ҳисобу китобашонро асосан ба воситаи бонкҳо амалӣ мекунанд. Аз ин рӯ, миқдори пули нақд дар муомилот хеле кам буда, аслан барои хариди молҳои камарзиш, ба монанди сигарет, оби нӯшокӣ ва ғайра истифода мешавад.

Ҳукуматҳо низ ба истифодаи камтари пулҳои нақд дар муомилот хеле ҳавасманданд, зеро таъмини гардиши пулҳои нақдӣ харҷи хеле зиёдро талаб мекунад. Мувофиқи маълумотҳо ҳаҷми умумии пулҳои нақд дар дунё 10 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 250 ҳазор тонвнааш ба долларҳои ИМА рост меояд. Барои таъмини муомилоти пулӣ на камтар аз 100 млн. тонна коғазу ширеш ва лавозимоти дигар зарур аст. Ба болои ин мардуми зиёд ба ҳисобу китоб, бастакунӣ, ҷобаҷогузорӣ. нигохдорӣ, аз як ҷой ба ҷойи дигар кашонидани пул ва ғайра машғуланд. Арзиши як мошини калони цулҳисобкунӣ аз 40 ҳазор то 2 млн. доллари ИМА аст. Аз ин рӯ, ҳукуматҳо доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳисоббаробаркунианд. Илова ба ин, ҳисобу китоб ба воситаи бонкҳо ба одамон имкон намедиҳад, ки аз андозбандӣ гурезанд. Ин аст, ки пулҳои нақдӣ тахминан ба як фоизи муомилоти молии мамлакатҳои мутараққӣ хизмат мекунанду халос ва ин ҳам рӯ ба камшавӣ дорад.

Сарфи назар аз омӯзиши пулҳои гайринақдӣ ҳамчун масъалаи алоҳида дар байни онҳо ва пулҳои нақдӣ” алоқамандии зич вуҷуд дорад, ки он дар воҳиди ягонаи пулӣ будани ҳар ду, гузариш аз шакли нақдӣ ба ғайринақдӣ (ҳангоми пасандоз кардани пулҳо, бо пули нақд додани аъзоҳаққӣ, додани пули барқу телефон) ва баръакс (ҳангоми аз ҳисоби бонкӣ гирифтани пули нақд барои додани музди меҳнат, иловапулӣ, нафақа) зоҳир мегардад.

Инчунин, идоракунии гардиши пул ба воситаи татбиқи сиёсати пулию қарзии бонки марказӣ, дар доираи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул ҳам ба пулҳои нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ дахл дорад.

“Зикр бояд кард, ки истифодаи мафҳуми «пули нақд» дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз истифодаи он дар мамлакатҳои дигар фарқ мекунад. Агар дар мамлакатҳои гурӯҳи аввал пули нақд гуфта танҳо пулҳои коғазию тангагии дар даст ё дар хазинаҳо доштаро фаҳманд, дар мамлакатҳои гурӯҳи дуюм ба онҳо инчунин пулҳои дар ҳисобҳои бонкӣ буда низ дохил мешаванд.

пешина
аз 29
навбатӣ