Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Муносибатҳои қарзии байналмилалӣ
Мавзӯи 18. МУНОСИБАТҲОИ ҚАРЗИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Зарурати махсусгардонии истеҳсолоту муфид будани истеҳсоли молҳо дар минтақаҳои алоҳида рӯз то рӯз ба раванди ҷаҳонишавии (глобализатсия) иқтисодиёт суръат мебахшад. Пайваста боло рафтани нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва зарурати кам кардани арзиши аслии маҳсулоту хизматрасонӣ кишварҳои алоҳидаро маҷбур месозад, ки ба ин раванд ҳамроҳ шаванд.
Табиист, ки ҷаҳонишавии иқтисодиёт соҳаҳои савдою хизматрасонии байналмилалиро боз ҳам тараққӣ дод ва зарурати таъмини саривақтии ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ дар ин соҳаҳо боиси зиёдшавии истифодаи қарзу ташкили самараноки муносибатҳои қарзӣ гардид. Аз ин рӯ, омӯзиши моҳияти қарзу ташкили муносибатҳои қарзии байналмилалӣ (бозори сармояи қарзӣ, ташкилотҳои миёнарави молиявию бонкӣ ва ғайра) мувофиқи мақсад мебошад.
18.1. Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ
Сармояи қарзӣ гуфта маблағҳои пулиеро меноманд, ки ба мизоҷон ба ивази гирифтани фоиз ва дар мӯҳлати муайян баргардонидани онҳо дода шудаанд. Мавзӯи 12 ба омӯзиши сармояи қарзӣ ва сарчашмаҳои он дар сатҳи кишварҳои алоҳида бахшида шудааст. Ин мавзӯъ ба хусусиятҳои хоси ташкилу фаъолияти бозорҳои байналмилалии сармояи қарзӣ бахшида мешавад.
Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ амалиёти зеринро дар бар мегирад:
-
а) қисми амалиёти бозорҳои сармояи қарзии кишварҳои алоҳида (муносибатҳои қарзӣ бо ғайрирезидентҳо — дар дохили кишвар байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо муносибатҳои қарзӣ вуҷуд доранд. Масалан, ширкатҳои хориҷии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда метавонанд аз бонкҳои тоҷикистонӣ қарз гиранд);
-
б) амалиёти қарзию амонатӣ бо асъори хориҷӣ, ки берун аз қаламрави мамлакати ин асъорро бароварда иҷро шудаанд (масалан, амалиёти долларии дар қаламрави ИМА иҷрошуда ба ин гурӯҳ дохил намешаванд).
Рушди фаъолияти бозори байналмилалии сармояи қарзӣ аз бозорҳои миллии сармоя шурӯъ шудааст. Аввалан дар онҳо амалиёти қарзии байналмилалӣ иҷро мешуданд. Баробари пешрафти савдои байналмилалӣ ва зиёд шудани амалиёти асъорӣ зарурати ҷудо кардани амалиёти асъорӣ аз бозорҳои қарзии миллӣ ва бунёди қоидаҳои умумиҷаҳонии ин шакли фаъолият ба миён омад.
Ин аст, ки бозорҳои калонтарини сармояи қарзии дар шаҳрҳои Лондон, Париж, Ню-Йорк буда ба бозорҳои байналмилалӣ мубаддал шуданд. Фаъолияти онҳо дар асоси қоидаҳои умумии аз ҷониби иштироккунандагони бозор муайянкарда ба роҳ монда шуд. Баъдан, дар баробари зиёд шудани амалиёти қарзии асъорӣ бозорҳои Сюрих, Токио, Брюссел, Баҳрайн ва ғайра ба фаъолият шурӯъ намуданд. Имрӯзҳо вобаста ба пешрафти илм, хусусан пайдоишу истифодаи васеи Интернет дар соҳаи бонкдорӣ, тартиби иҷрои амалиёти қарзии асъорӣ ва фаъолияти бозорҳои сармоя комилан тағйир ёфта истодааст.
Амалиёти қарзӣ дар бозори байналмилалии сармояи қарзӣ аз ҷониби инҳо иҷро мешаванд: бонкҳои марказӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, хазинаҳои нафақа, биржа ва ширкатҳо.
Вобаста ба мӯҳлати истифодаи сармояи қарзӣ бозори байналмилалии онро ба се қисм тақсим намудан мумкин аст:
-
Бозори байналмилалии пул — бозори қарзҳои кӯтоҳмуддат (аз як рӯз то як сол). Ба ин гурӯҳ қарзҳою пасандозҳои байнибонкӣ, сертификатҳои бонкҳо, векселу розигиномаҳои (аксептҳои) бонкҳо дохил мешаванд.
-
Бозори байналмилалии қарзҳои миёнамуддату дарозмуддати хориҷӣ — бозори қарзҳои мӯҳлаташон аз як сол зиёд. Чунин намуди қарзҳо аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ барои пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва ғайра дода мешаванд. Масалан, чӣ хеле ки пештар қайд шуда буд, солҳои 1996–2006 гурӯҳ (консорсиум)-и бонкҳои шветсариягӣ барои маблағгузории кишту истеҳсоли пахта ба корхонаҳои тоҷикистонӣ қарз дод. Бонки венгерӣ низ қарзи дарозмуддатеро ба комбинати шири шаҳри Душанбе дод, ки он мӯҳлати панҷсола дошт. Бонки дигари ҳамин кишвар соли 1998 ба ҳукумати шаҳри Душанбе барои хариди троллейбусҳо қарзи дарозмуддат дода буд.
-
Бозори байналмилалии молиявӣ — ин бозори коғазҳои қиматнок мебошад, ки нимаи дуюми солҳои 1960-ум ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Қарзгирандаҳо-бароварандагони коғазҳои қиматнок ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ширкатҳои байналмилалӣ (транснациональные компании), ҳукуматҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои давлатӣ мебошанд. Онҳо коғазҳои қиматноки худро ҳамчун гарави баргардонидани қарз ба бозор бароварда, ба ивазаш қарз мегиранд.
Ҳоло ҳиссаи асосии қарзҳои байналмилалӣ (тақрибан 80 фоиз) ба қарзҳои аз ҳамин бозор гирифта рост меоянд. Масалан, мувофиқи маълумотҳои Вазорати молияи ИМА (Department of the Treasury) соли 2005 қарзи федералии он 2 трлн. долларро ташкил дод, ки қисми бештари он ба ӯҳдадориномаҳои қарзӣ рост меояд. 50,1 фоизи онҳоро шаҳрвандону кишварҳои хориҷӣ (Ҷопон, Бритониёи Кабир, Чин) харидаанд. Илова ба ӯҳдадориномаҳои қарзии ҳукумати ИМА коғазҳои қиматноки ширкатҳои ғайридавлатии ИМА ба маблағи 4 трлн. доллар дар дасти хориҷиён мебошад (www.washprofile.org/ru/node/3521). Дар Тоҷикистон низ аз соли 1997 инҷониб вомбаргҳои Вазорати молия ба фурӯш бароварда шудаанд, ки мақсад аз он ҷалби воситаҳои пулии аҳолӣ барои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ мебошад.
Коғазҳои қиматнок (облигатсияҳо) ба мӯҳлатҳои гуногун (аз 5 то 40 сол) бароварда мешаванд. Онҳо вобаста ба даромаднокӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: одӣ, бо фоизи «шинокунанда», бефоиз, табдилшаванда ва опсиондор.
-
Коғазҳои қиматноки одӣ беш аз 60 дарсади онҳоро ташкил медиҳанд. Фарқи коғазҳои қиматноки одӣ аз коғазҳои қиматноки дигар ин аст, ки барои тамоми мӯҳлати истифодаи қарз ба дорандагони коғазҳои қиматноки одӣ фоизи дар аввал аниқ муайяншуда дода мешавад.
-
Фоизи коғазҳои қиматноки гурӯҳи дуюм (бо фоизи «шинокунанда») вобаста ба тағйирёбии мизони фоизи бозорӣ дигар мешавад. Қарзгирандагону қарздиҳандагон дар ин амал бештар ба LIBOR (London Inter-Bank Offered Rate) ва ё тағйирёбии нархи молҳои алоҳида (нафт, тилло) дар бозори ҷаҳонӣ такя мекунанд.
-
Дорандагони коғазҳои қиматноки бефоиз даромади худро на ҳар сол, балки танҳо як маротиба дар охири мӯҳлати онҳо мегиранд. Дар асл дорандагони ин намуди коғазҳои қиматнок даромади муайян мегиранд, аммо на дар намуди фоиз, балки дар шакли кам кардани нархи фурӯши онҳо (дисконт). Вобаста ба мӯҳлат нархи фурӯши ин намуди коғазҳои қиматнок метавонад 30–40 фоизи нархи дар рӯяшон навиштаро (нархи номиналӣ) ташкил диҳад. Дорандагон дар охири мӯҳлат онҳоро бо нархи номиналиашон бармегардонанд, ки аз нархи фурӯшашон зиёд аст. Фарқи нархҳои номиналию фурӯш фоидаи дорандагони онҳоро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дорандагони чунин намуди коғазҳои қиматнок андоз намесупоранд. Масалан, коғазҳои қиматноки мӯҳлаташон 6-солаи ширкати А, ки нархи номиналиашон 100 сомонӣ мебошад, бо нархи 40 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Агар ҳисоб кунем, ки соли 2006 мизони фоизи пасандоз дар бонкҳои тиҷоратӣ 15–20 дарсад буда, рӯй ба пастшавӣ дорад, харидани ин коғазҳои қиматнок фоидаовар аст.
-
Коғазҳои қиматноки табдилшаванда ба дорандагонашон даромади камтар медиҳанд, вале онҳо ҳуқуқ доранд баъди мӯҳлати муайян коғазҳои қиматнокро ба саҳмияҳои ширкати онҳоро бароварда иваз кунанд, албатта, агар фоизи коғазҳои қиматнок аз дивиденди саҳмияҳо камтар бошад.
-
Коғазҳои қиматноки опсиондор намуди нисбатан нави коғазҳои қиматноканд, ки хусусиятҳои хоси намудҳои дигари онҳоро ба худ гирифтаанд. Чунин намуди коғазҳои қиматнок ба дорандагонашон ҳуқуқ медиҳад, ки як намуди онҳоро ба намуди дигар иваз намоянд. Масалан, онҳо ҳуқуқ доранд коғазҳои қиматнокро ба саҳмияҳои ширкат ва ё коғазҳои қиматноки фоизашон «шинокунанда»-ро ба коғазҳои қиматноки одӣ иваз намоянд.
Мақсади баровардани коғазҳои қиматнок ҷалб кардани маблағҳои пулии аҳолӣ ва ҳукуматҳою ширкатҳо мебошад. Ин маблағҳо барои пӯшонидани касри буҷет ва дар ҳаёт татбиқ кардани барномаҳои калони фоиданок сарф мешаванд.
Ҳамин тариқ, фаъолияти бозори байналмилалии сармояи қарзӣ пайваста дигар шуда, ба талаботи замон мувофиқ мегардад. Вобаста ба пешрафти илму техника шаклҳои нави ӯҳдадориномаҳо ва қарзҳо пешниҳод мешаванд, ки мақсади онҳо ҷалби воситаҳои пулии муваққатан озод мебошад. Ин маблағҳои пулӣ ҳамчун қарз барои пешрафти истеҳсолот, савдо ва ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ истифода мешаванд.
18.2. Қарзи байналмилалӣ ва намудҳои он
Қарзи байналмилалӣ гуфта истифодаи сармояи қарзиро дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодии алоқаманд ба муваққатан додани захираҳои молию асъорӣ меноманд. Истифодаи қарзи байналмилалӣ ба қоидаҳои зерини қарздиҳӣ асос меёбад: баргарданда будани қарз, мӯҳлатнок будани он, фоиздор будани он, таъмин будани он, ба мақсади муайян истифода кардани он.
Қарзи байналмилалӣ вобаста ба хусусиятҳои зерин намудҳои гуногун дорад:
-
Сарчашмаи захираҳои қарзӣ:
-
дохилӣ (қарздиҳӣ ба савдои берунӣ аз ҳисоби захираҳои асъории дохилӣ);
-
берунӣ (қарзгирӣ барои савдои берунӣ аз бонкҳою ширкатҳои хориҷӣ).
-
-
Қарздиҳанда: давлатӣ, бонкӣ, ширкатӣ (фирмавӣ — қарзи аз ҷониби ширкатҳои алоҳида додашуда) ва қарзҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ.
-
Самти истифодаи қарз:
-
тиҷоратӣ (алоқаманд ба савдои берунӣ ва хизматрасонӣ);
-
молиявӣ (барои маблағгузории бевосита, сохтмони иншоотҳо, хариди коғазҳои қиматнок, баргардонидани қарзҳои пешина, мудохилаи асъорӣ (валютная интервенция)).
-
-
Шакли қарз:
-
молӣ (дар шакли мол аз ҷониби фурӯшандагон ба харидорон);
-
асъорӣ (дар шакли асъори хориҷӣ ё пули миллӣ).
-
-
Асъори қарз: бо асъори мамлакати қарзгиранда, бо асъори мамлакати қарздиҳанда, бо асъори мамлакати сеюм, бо асъори байналмилалӣ (масалан, SDR — Special Drawing Rights / Ҳуқуқи махсуси заём).
-
Мӯҳлати қарз: кӯтоҳмуддат (то як сол), миёнамуддат (то панҷ сол), дарозмуддат (аз панҷ сол зиёд).
-
Таъминнокии қарз:
-
таъминбуда (бо векселҳо, мол, коғазҳои қиматнок, моликият ва ғайра);
-
таъминнабуда (бланковӣ — чунин намуди қарзҳо танҳо бо ӯҳдадориномаи қарздор таъминанду халос).
-
18.3. Ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ
Ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ — ташкилотҳои асъорию қарзие мебошанд, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва бо роҳи муттаҳид кардани захираҳои пулии гурӯҳи мамлакатҳо ташкил шудаанд. Мақсади ташкили онҳо ҳалли масъалаҳои умумӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин масъалаҳо дохил мешаванд:
амалиёт дар бозори байналмилалии асъор бо мақсади танзими иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҷонибдорию ҳавасмандгардонии савдои байналмилалӣ, танзими муносибатҳои асъорӣ, қарзию молиявии байни давлатҳо, ёрии қарзӣ ба кишварҳои мӯҳтоҷ.
Ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ инҳоянд:
-
Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ (Bank for International Settlements — BIS), ки соли 1930 аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ таъсис дода шудааст. Мақсади ташкили он мусоидат ба ҳамкории байни бонкҳои марказӣ, таҳлилу назорати иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳисоббаробаркуниҳои молиявии байналмилалӣ, омӯзишу коркарди стандартҳои ягонаи назорати бонкӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи муносибатҳои пулию қарзӣ мебошад. Қароргоҳи он дар шаҳри Базел (Швейцария) ҷойгир аст. Бо таъсиси Хазинаи байналмилалии асъор (соли 1944) қисме аз вазифаҳои Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ба ин ташкилоти навтаъсис гузашт. Ҳоло Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ба ташкили ҳамкориҳои бонкҳои марказӣ, ташкили ҳисоббаробаркуниҳо, идораи захираҳои асъории қисме аз бонкҳои марказӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмии соҳавӣ, коркарду татбиқи стандартҳои ягонаи назорати бонкӣ машғул аст. Ин бонк ба бонкҳои марказии кишварҳои дигар, аз он ҷумла Тоҷикистон, дар таълими кормандон ва ташкили назорати бонкӣ ёрӣ мерасонад.
-
Хазинаи байналмилалии асъор (International Monetary Fund — IMF) — сохтори махсуси Созмони Милали Муттаҳид буда, соли 1944 аз ҷониби 28 мамлакати ҷаҳон таъсис дода шудааст. Ҳоло шумораи аъзои он ба 184 адад расидааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Вашингтон (ИМА) ҷойгир мебошад. Хазинаи байналмилалии асъор вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
-
мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати пулӣ;
-
вусъат додани рушди савдои байналмилалӣ;
-
таъмини суботи қурби пулҳои миллӣ;
-
мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ. Аз соли 1996 инҷониб Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон чандин барномаҳоро татбиқ кард, ки мақсади онҳо таъмини устувории қурби пули миллӣ мебошад. Ин ташкилот аслан бо бонкҳои марказӣ ҳамкорӣ карда, назорати риояи дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро вазифаи худ қарор додааст. Ба таври дигар, онро бонки марказии бонкҳои марказӣ меноманд. Хазинаи байналмилалии асъор ба кишварҳои қафомонда барои ташкили захираҳои қарзӣ, таъмини устувории пули миллӣ ва пӯшонидани касри тавозуни пардохт қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Ҳамаи қарзҳои аз ҷониби ин ташкилот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда имтиёзнок буда, мӯҳлати дароз доранд.
-
-
Бонки ҷаҳонӣ (World Bank) — соли 1944 бо имзои шартномаи Бреттон-Вуд таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии он мусоидат ба пешрафти иқтисодиёти кишварҳои қафомонда ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бонки ҷаҳонӣ ин вазифаи худро бо роҳҳои зерин амалӣ мегардонад: гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои сохтори давлатӣ, маорифу тандурустӣ, савдо, хусусигардонии моликият. Бартарияти ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ истифодаи қарзҳои камфоизи он мебошад. Аз ҷониби дигар, гирифтани қарз аз ин бонк рейтинги қарзии кишварро боло бурда, боиси ҳавасмандии инвесторони хориҷӣ мегардад.
Бонки ҷаҳонӣ дар ҳайати худ чунин ташкилотҳои молиявиро муттаҳид кардааст:
-
Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд (International Bank for Reconstruction and Development — IBRD) соли 1946 ба фаъолият шурӯъ намуда, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
-
фаъолияти сармоягузорӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ;
-
фаъолияти таҳлилӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ;
-
миёнаравӣ дар тақсими захираҳо байни кишварҳои пешрафтаю қафомонда. Қарзҳои бонк танҳо дар асоси гарави ҳукумати кишвар ва барои пешбурди истеҳсолот дода мешаванд. Бонк ҳуқуқ надорад қисми сармоя ё саҳмияҳои корхонаҳоро харидорӣ кунад.
-
-
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (International Finance Corporation — IFC) соли 1956 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии рушди сектори ғайридавлатии иқтисодиёт дар кишварҳои мутараққӣ таъсис дода шудааст. Он бе гарави ҳукуматҳо фаъолият карда, ҳуқуқ дорад дар ташкили корхонаҳо саҳм дошта бошад. Он 25 фоизи арзиши барномаҳоро маблағгузорӣ карда, ҳуқуқ дорад 35 фоизи саҳмияҳои корхонаҳоро харидорӣ намояд.
-
Ассосиатсияи байналмилалии рушд (International Development Association — IDA) соли 1960 таъсис ёфтааст. Вазифаи он ёрӣ ба мамлакатҳои қафомонда, ки имконияти гирифтани қарз аз Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушдро надоранд, мебошад. Кишварҳое, ки даромади солонаи аҳолиашон камтар аз 865 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба гурӯҳи мамлакатҳои қафомонда дохил мешаванд. Ассосиатсия ба онҳо қарзҳои бефоиз ва дарозмуддат (30–40 сол) медиҳад. Солҳои 1996–2006 Тоҷикистон аз ҳамин ассосиатсия қарзҳои имтиёзнок гирифтааст.
-
Маркази байналмилалии танзими даъвоҳо оид ба сармоягузорӣ (International Centre for Settlement of Investment Disputes — ICSID) соли 1966 бо мақсади ҳалли даъвоҳо байни ҳукуматҳо ва сармоягузорони хориҷӣ таъсис дода шудааст. Марказ инчунин ба сармоягузорони хориҷӣ оид ба ҳалли масъалаҳои зарурӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Соле он зиёда аз 30 даъворо баррасӣ мекунад.
-
Агентии бисёрҷониба оид ба кафолати сармоягузорӣ (Multilateral Investment Guarantee Agency — MIGA) (соли таъсисаш 1988) ба расонидани ёрӣ ба мамлакатҳои қафомонда оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ машғул аст. Ин ёрӣ бо роҳи ба сармоягузорони хориҷӣ додани кафолат аз хатари сиёсӣ (ҷанг, кашида гирифтани моликият, нобасомониҳои шаҳрвандӣ, вайрон кардани шартнома ва ғайра) амалӣ карда мешавад. Агентӣ инчунин ба ҳукуматҳо оид ба ҷалби сармоя маслиҳатҳо медиҳад.
-
18.4. Ташкилотҳои молиявии минтақавӣ
Ташкилотҳои молиявии минтақавӣ низ ташкилотҳои асъорию қарзие мебошанд, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва бо роҳи муттаҳид кардани захираҳои асъории мамлакатҳои минтақаи муайян ташкил шудаанд. Мақсади ташкили онҳо ҷамъи захираҳои озод ва истифодаи онҳо барои пешрафти иқтисоди минтақа ва ҳалли масъалаҳои умумӣ дар соҳаи муносибатҳои асъорӣ мебошад.
Ба ин гурӯҳ Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки африқоии рушд, Бонки байнаминтиқавии рушд (Интерамрикоӣ), Бонки исломии рушд, Бонки Осиёи марказии ҳамкорию рушд, Хазинаи арабии асъор ва ғайра дохил мешаванд.
-
Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (European Bank for Reconstruction and Development — EBRD) соли 1991 бо мақсади ёрӣ ба мамлакатҳои соҳибистиқлолшуда таъсис дода шудааст. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир ҷойгир аст. Бонк бештар хусусияти тиҷоратӣ дошта, ба соҳаҳои ғайридавлатӣ қарз медиҳад. Тоҷикистон نیز дар қатори дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳҳоми ин бонк буда, аз қарзҳои он истифода мекунад. Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон ба ширкати «Оби зулол» ва бонкҳои тиҷоратӣ қарзҳои дарозмуддат додааст. Илова ба ин, ин бонк соҳиби қисме аз саҳмияҳои бонкҳо, аз он ҷумла бонки «Эсхата» мебошад.
-
Бонки аврупоии сармоягузорӣ (European Investment Bank — EIB) муассисаи молиявии Иттиҳоди Аврупо буда, соли 1957 барои дастгирии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст. Маблағҳои асъории он барои таъмини рушди баробарвазни иқтисодиёти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо равона шудаанд. Аслан он ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо қарз медиҳад. Қисми ками қарзҳои он ба мамлакатҳои ҳамкори Иттиҳоди Аврупо, ба монанди Туркия, Булғористон ва ғайра дода шудааст.
-
Бонки осиёии рушд (Asian Development Bank — ADB) соли 1966 аз ҷониби кишварҳои осиёӣ (Чин, Ҷопон, Корея ва ғайра) таъсис дода шудааст. Баъдан ба он кишварҳои дигари аврупоӣ (ба монанди Финляндия, Фаронса, Олмон) ва осиёӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон (соли 1998) ворид шудаанд. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Манилаи кишвари Филиппин ҷойгир шудааст. Бонк беҳ кардани шароити зисти мардуми минтақаро вазифаи асосии худ дониста, онро бо роҳҳои зерин амалӣ мегардонад: додани қарзҳои имтиёзнок, ёрии техникӣ, маблағҳои бебозгашт, кафолатномаҳо барои қарзҳои аз кишвару ташкилотҳои молиявии дигар гирифташуда, сармоягузорӣ. Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ҳамкории зич дорад. Дар ин давра Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон ба маблағи зиёд ёрии техникӣ ва қарзӣ расонидааст (масалан, таъмири роҳҳои Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, Душанбе – Ваҳдат – Нуробод – сарҳади Қирғизистон, силсилаи обтаъминкунии ноҳияи Ёвон ва барномаҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ).
-
Бонки африқоии рушд (African Development Bank — AfDB) соли 1964 аз ҷониби мамлакатҳои минтақаи Африқо бо мақсади мусоидат ба пешрафти иқтисодиёти кишварҳои африқоӣ таъсис дода шудааст. Баъдан қисме аз кишварҳои аврупоӣ ба узвияти он ҳамроҳ шуданд. Аз қарзҳои он аслан кишварҳои қафомондаи африқоӣ истифода мекунанд.
-
Бонки байнаминтиқавии рушд (Inter-American Development Bank — IDB) соли 1959 бо мақсади дастгирии рушди иқтисодиёти кишварҳои Амрикои Латинӣ таъсис дода шудааст. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Вашингтони ИМА ҷойгир мебошад. Қарзҳои он ба рушди иқтисодиёт, дастгирии корхонаҳои хурду миёна, маорифу тандурустӣ ва инфрасохтор равона шудаанд.
-
Бонки исломии рушд (Islamic Development Bank — IsDB) соли 1973 аз ҷониби кишварҳои исломӣ таъсис дода шудааст. Тоҷикистон ба узвияти он соли 1997 (дар маҷлиси солонаи бонк дар шаҳри Конакри, Гвинея) қабул шудааст. Мақсади бонк мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои он ва ҷаҳони исломӣ мутобиқ ба қоидаҳои шариат мебошад. Ба ҳайати бонк Корпоратсияи исломӣ барои рушди бахши хусусӣ (ICD), Корпоратсияи исломӣ барои суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC), Пажӯҳишгоҳи исломии тадқиқот ва омӯзиш (IRTI) дохил мешаванд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд соли 1998 шурӯъ шуда, то ба имрӯз давом дорад. Қарзҳои он барои барқарор кардани мактабу касалхонаҳо, сохтмони иншоотҳои нав ва роҳҳо (масалан, қисми зиёди шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма) сарф шудаанд.
-
Бонки Осиёи Марказии ҳамкорию рушд (Central Asian Bank for Cooperation and Development) соли 1995 аз ҷониби кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Баъдан ба он Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Алматии Қазоқистон ҷойгир шуда, мақсади ташкили он татбиқи барномаҳои калони моҳияти минтақавӣ дошта мебошад.
-
Хазинаи арабии асъор (Arab Monetary Fund — AMF) соли 1976 аз ҷониби 20 мамлакати арабзабон таъсис дода шудааст (қароргоҳаш дар шаҳри Абу-Даби, АМА / Работ, Марокаш). Мақсади ташкили ин хазина таъмини устувории асъорҳои кишварҳои араб ва ҳамоҳанг кардани сиёсати иқтисодию асъории онҳо мебошад.
Ба гурӯҳи бонкҳои минтақавӣ инчунин Бонки байнидавлатӣ (қароргоҳаш дар шаҳри Москва, Федератсияи Русия), Бонки рушди Евразия (қароргоҳаш дар шаҳри Алмати/Остона, Қазоқистон) ва ғайраро ворид намудан мумкин аст, ки аз ҷониби чанд кишвар таъсис дода шудаанду ба иқтисодиёти онҳо хизмат мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё