Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Низоми пулӣ
Низоми пулӣ ва намудҳои он
Тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташкилу танзими муомилоти пулӣ аз ҷониби давлат низоми пулӣ ном дорад.
Қисмҳои таркибии низоми пулӣ:
-
Қоидаҳои ташкили он;
-
Номи пули миллӣ;
-
Тартиби таъмин намудани пулҳои дар муомилотбуда;
-
Механизми эмиссияи пулҳо;
-
Сохтори ҳаҷми пули дар муомилотбуда;
-
Тартиби пешбинии муомилоти пулӣ;
-
Механизми танзими муомилоти пулию қарзӣ;
-
Тартиби муайян намудани қурби пул;
-
Таъмини риояи тартиботи кассавӣ.
Пул, ки ҷузъи асосии низоми пулӣ мебошад, пайдоиш ва аз як шакл ба шакли дигар гузаштани он низоми пулиро низ тағйир додааст. Дар рафти таърих одамон аз истифодаи пулҳои молӣ (теша, табар, биринҷ ва ғайра) ба пулҳои филиззӣ (тилло, нуқра, мис ва ғайра), ва аз онҳо ба пулҳои коғазию филиззӣ (пулҳои коғазӣ ва тангаҳо) гузаштаанд. Инчунин дар кишварҳои пешрафта ҷойи пулҳои коғазию филиззиро пулҳои электронӣ гирифта истодааст, зеро истифодаи онҳо камхарҷу мувофиқи мақсад аст. Сарфи назар аз ин, ҳар як кишвар низоми пулиашро ба таври барояш мувофиқ ташкил менамояд.
Низоми пулии мамлакати алоҳида ин тартиби ташкилу танзими муомилоти пулии он аст, ки ба анъанаҳои таърихии бонкдорию пулдориаш асос ёфта, қонунан қабул шудааст.
Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ то ба имрӯз намудҳои зерини низомҳои пулӣ истифода шудаанд:
-
Молӣ;
-
Филиззӣ;
-
Фидусиарӣ.
1. Низоми пулии молӣ
Низоми пулии молӣ хоси давраи аввали тараққиёти ҷамъият аст, ки дар он одамон молҳои одии дар ихтиёрашонбуда, ба монанди пари паррандаҳою тухми растаниҳоро ба сифати пул истифода кардаанд. Баробари пайдоишу пешрафти зироаткорию чорводорӣ биринҷ, гӯшт ва дигар маҳсулоти ин соҳа ҳамчун пул истифода шудаанд. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва пайдоиши ҳунармандӣ имкон дод, ки мардум ба сифати пул сангҳои ба шакли муайян даровардашуда, сафол ва молҳои дигарро истифода баранд. Пайдоиши филиз ва соҳаи коркарди он боиси ба истифодаи пулҳои филиззӣ гузаштани одамон гардид.
2. Низоми пулии филиззӣ (металлӣ)
Вобаста ба истифодаи як ё якчанд намуди пулҳои филиззӣ дар муомилот ба шаклҳои монометаллӣ ва биметаллӣҷудо мешавад.
-
Низоми пулии монометаллӣ (аз калимаҳои юнонии monos — як ва metallon — филиз, металл) сохторест, ки дар он танҳо як намуди филиз ба шакли муайян дароварда шуда, вазифаи пулро иҷро мекунад. Масалан:
-
Асрҳои III–II то милод дар Рими қадим пулҳои аз мис сохташуда истифода мешуданд.
-
Солҳои 1843–1852 дар Русия, 1853–1893 дар Ҳиндустон, 1847–1875 дар Нидерландия ва то соли 1935 дар Чин тангаҳои нуқрагӣ дар муомилот буданд.
-
Охири асри XIX ва аввали асри ХХ мамлакатҳои пешрафта дар баробари нуқра ба муомилот тангаҳои тиллоиро бароварданд, ки ин боиси пайдоиши низоми пулии биметаллӣ гардид.
-
-
Низоми пулии биметаллӣ (аз калимаҳои bis — ду ва metallon — филиз) сохторест, ки дар он вазифаи пулро ду намуди филиз, асосан тиллою нуқра, иҷро мекунанд. Дар чунин ҳолат нархҳо низ бо ду намуди пул муайян карда мешуданд, яъне як намуди мол ҳам нархи тиллоӣ ва ҳам нархи нуқрагин داشت, ки савдоро нисбатан мушкил мегардонд.
Шаклҳои низоми пулии биметаллӣ:
-
Низоми пулии параллелӣ: дар он ҳамчун пул ду намуди филиз (асосан тиллою нуқра) истифода шуда, қурби онҳо нисбат ба якдигар мувофиқи талаби бозор муайян карда мешуд.
-
Низоми пулии дугона: дар он низ ду намуди филиз истифода мешуд, вале қурби нисбии онҳоро на бозор, балки давлат муайян мекард. Масалан, соли 1803 дар мамлакатҳои аврупоӣ қурби нисбии тиллою нуқра 1:15,5 муайян шуда буд (1 грамм тилло = 15,5 грамм нуқра).
-
Низоми пулии «ланганда»: дар он тиллою нуқра воситаи қонунии муомилот бошанд ҳам, таносуби аслии қурбҳои онҳо таъмин карда намешуд, зеро ҳукумат истеҳсоли беасоси тангаҳои нуқрагинро барои пӯшонидани хароҷоти худ истифода мебурд.
Зиёд шудани истеҳсоли нуқра ва ноустувор гардидани арзиши он дар асри XIX боиси боз ба низоми пулии монометаллӣ (тиллоӣ) гузаштани мамлакатҳои пешрафта гардид (Бритониёи Кабир — 1816, Олмон — 1871, Фаронса ва Шведсия — 1873–1875, Русияву Ҷопон — 1897, ИМА — 1900). Сабаби ба тилло гузаштан зарурати идораи муомилоти пулӣ, назорати таваррум, кам кардани харҷи буҷет ва ташкили захираҳои тиллоии кишварҳо буд.
Шаклҳои низоми монометаллии тиллоӣ:
-
Стандарти тангаи тиллоӣ: танҳо тангаҳои тиллоӣ дар муомилот буданд ва вазни муайян доштанд. Пулҳои коғазӣ низ озодона ба тилло иваз мешуданд.
-
Стандарти хишти тиллоӣ: баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҷорӣ шуд. Пулҳои коғазӣ танҳо ба хиштҳои тиллоӣ (масалан, 12 кг) иваз карда мешуданд, ки барои шаҳрвандони одӣ дастрас набуд. Бӯҳрони иқтисодии соли 1929 боиси даст кашидан аз ин стандарт гардид (Бритониё — 1931, ИМА — 1933, Фаронса — 1936).
-
Стандарти шиори тиллоӣ: мамлакатҳои бе захираи тилло пулҳои худро ба асъори кишварҳое, ки стандарти тиллоӣ доштанд, иваз мекарданд (Олмон, Австрия, Дания).
Аз соли 1944 низоми Бреттон-Вудс амал мекард, ки дар он арзиши асъорҳо ба доллари ИМА (1 унсия тилло = $35) ва ба воситаи он ба тилло вобаста буд. Соли 1971 ИМА аз ивази доллар ба тилло даст кашид ва соли 1976 низоми пулии Ямайка қабул шуд, ки дар он қурби пулҳо дар бозори озод муайян мегардад.
3. Низоми пулии фидусиарӣ
Низоми пулии фидусиарӣ (аз калимаи лотинии fides — имон, боварӣ) низомест, ки дар он давлат гарави ба тилло иваз намудани пулҳои коғазиро бо қурби муайян намедиҳад. Ин низоми пулии имрӯза мебошад, ки дар он пулҳои коғазӣ (доллар, евро, сомонӣ), филиззӣ (сент, дирам, копейка) ва электронӣ (кортҳои бонкӣ) амал мекунанд.
Қоидаҳо ва ҷузвҳои низоми пулӣ
Қоидаҳои (принсипҳои) ташкилу идоракунии низоми пулӣ:
-
Идораи мутамаркази низоми пулӣ: тавассути бонки марказӣ (миллӣ) амалӣ мегардад ва қарорҳои он барои ҳама ҳатмист.
-
Банақшагирии гардиши пул: барои пешбинии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва пешгирии таваррум истифода мешавад.
-
Асоси қарзӣ доштани эмиссияи пул: ба муомилот баровардани пул танҳо бо роҳи додани қарз аз ҷониби бонкҳо амалӣ мегардад.
-
Таъмин будани воҳидҳои пулӣ: тавассути захираҳои тиллоию асъорӣ, коғазҳои қиматнок ва молу мавод.
-
Тобеияти бонки марказӣ ба парламент: барои пешгирии истифодаи беасоси манбаъҳои пулӣ аз ҷониби ҳукумат.
-
Додани маблағҳо ба ҳукумат танҳо дар шакли қарзӣ: бо мақсади роҳ надодан ба таваррум.
-
Истифодаи пурраи фишангҳои танзимкунанда: тағйири фоизи қарз, меъёри захираҳои ҳатмӣ ва ғайра.
-
Назорати гардиши пул: риояи интизоми кассавӣ дар хоҷагии халқ.
-
Таъмини ягонагии истифодаи пули миллӣ: истифодаи ягонаи пули миллӣ дар қаламрави мамлакат.
Ҷузвҳои асосии низоми пулӣ:
-
Номи воҳиди пулӣ (рубл, сомонӣ, доллар ва ғ.);
-
Таклиф ва тартиби таъмини воҳидҳои пулӣ;
-
Механизми эмиссионӣ (ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул);
-
Сохтори ҳаҷми пули дар муомилотбуда (таносуби нақдӣ ва ғайринақдӣ, масалан, 30:70);
-
Банақшагирии гардиши пул;
-
Механизми танзими муомилоти пулию қарзӣ;
-
Тартиби муайян намудани қурби пули миллӣ;
-
Риояи тартиботи кассавӣ дар хоҷагии халқ.
Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми пулии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҷузвҳои низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
Номи воҳиди пулӣ: Пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ (аз 30 октябри соли 2000 ворид шудааст) ва воҳиди хурди он — дирам мебошад.
-
Тартиби таъмини воҳидҳои пулӣ: Бо захираҳои тиллоӣ, асъори озод табдилшаванда, коғазҳои қиматноки Бонки миллӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
-
Механизми эмиссионӣ: Бонки миллии Тоҷикистон сохтори ягонаи эмиссионии мамлакат мебошад, ки ҳуқуқи чоп ва ба муомилот баровардани пулро дорад.
-
Сохтори ҳаҷми пул ва банақшагирии гардиши он: Аз ҷониби Идораи амалиёти кассавии Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси ҳисоботи бонкҳои тиҷоратӣ танзим мегардад.
-
Механизми танзими муомилоти пулию қарзӣ: Тавассути фоизи қайтакунонӣ (рефинансирование), меъёри захираҳои ҳатмӣ ва маҳдудиятҳои қарзӣ амалӣ карда мешавад.
-
Тартиби муайян кардани қурби пули миллӣ: Бонки миллии Тоҷикистон режими қурби шинокунандаи танзимшавандаро дар асоси талабот ва пешниҳоди бозори асъор истифода мебарад.
-
Риояи тартиботи кассавӣ: Қоидаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардида, риояи он дар ташкилотҳо тавассути бонкҳои тиҷоратӣ назорат карда мешавад.
Хулоса: Мақсади асосии ташкили дурусти низоми пулӣ — нигоҳ доштани устувории пули миллӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва роҳ надодан ба таварруми беназорат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё