Зеҳн
Чашмаи донояк

Саидмурод Искандарӣ. Маҷмӯаи чаҳор ҳикоя барои кӯдакон: дӯстии Алию Валӣ, «Чӯҷаи кабк», «Чашмаи донояк» ва «Мусичаҳо».

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 4 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Мусичаҳо

МУСИЧАҲО

Аз мушоҳидаи ман парандаи нодон ва танбалу беҳунар ҳамин мусичаҳоянд. Зеро онҳо ҳар ҷойе, ки рост ояд чор хасу баргу навдаҳоро гузошта, пайи зиндагӣ мешаванд.

Баъзан болои ду навдаи дарахте рахти хоб сохта тухм мегузоранд, ки оқибат бачаи онҳо бо вазидани андак бод ё меафтад ва ё туъмаи гурбаҳо мешавад. Ҳамаи ин одат нишонаи беҳунарию соддалавҳии онҳост.

Аввали тобистон ман шоҳиди тухмгузорию бачабарории як ҷуфт мусичаҳо гаштам. Рӯ ба рӯи кати зери зардолу болои чанд симаки ҳалқамонанди хати барқ як ҷуфт мусичаҳо як-ду рӯз ҷумбуҷул намуда, баъди кашондани чанд дона хас он ҷоро ҷойи истиқомати худ қарор доданд ва ҳафтае нагузашта мусичамодар ду дона тухм баровард. Мусичамодар гоҳ-гоҳе тухмҳояшро танҳо монда, барои обнӯшӣ мерафт. Вале ҳаво, ки гарм буду тухмҳо дар ҷойи бехавф, мусичаҳо аз чизе бим надоштанд. Аз байн боз як ҳафта гузашт, рӯзе дидам, ки аз ҳамон тухмакони майдаяк ду сар мусича берун шуданд. Тухмҳо хеле хурд-хурд буданд, вале вақте ки мусичабачаҳо аз тухм берун шуданд, кас бовар намекард, ки ин ҷуссаҳои калону лублунда аз ҳамин тухмчаҳои хурд баромада бошанд.

Мусичамодар акнун ба парвоз омад. Аз лона парида тахмин соатҳо ҳаял мекард ва баъд пайдо гашта, омада лаби лона нишаста, гулӯяшро барои кӯдаконаш боз мекард. Гоҳ ба яке ва гоҳ ба дигаре.

Мусичабачаҳо бо навбат нӯл ба кому меъдаи модар андохта, ғизо мехӯрданд. Ин таомул ҳар рӯз идома меёфт ва онҳо калон мешуданд. Баъди ду ҳафта онҳо хеле бузург шуданд, ҳатто ба як нигоҳ ҷуссаи онҳоро аз мусичамодар фарқ кардан душвор буд.

Вақте ки бузург гашта, пару боли нав бароварданд, акнун мусичабачаҳо низ ба назар чун дигар мусичаҳо зебову тозаву озода метофтанд.

Ана омад навбати парвоз. Онҳо бо пайдо гаштани модар дар лона қанотак зада, бол кушода машқи парвоз мекарданд.

Мусичамодар бори аввал аз лона ду-се метр дуртар болои тахтаи пешайвон нишаста, бо садои махсуси худ «ку-ку-ку» гӯён онҳоро ба сӯйи худ мехонд. Яъне мегуфт, ки натарсед, парвоз кунед. Бол кушоед, назди ман оед.

Шояд аз тарс бошад ва ё надонистани тарзи парвоз мусичабачаҳо тарсида-тарсида ва бо эҳтиёт аввал яке, баъд дигаре парида назди модар омаданд.

Модар онҳоро боз ба сӯйи лона даъват кард. Такрор пайи такрор. Модар пеш-пешу бачаҳо аз қафо, ин сӯ он сӯ парвоз карданд.

Ба хаёлам завқи мусичабачаҳо омад.

Бовариашон афзуд ва тарсу ҳарос аз дилашон рафт, ки акнун мусичамодар дар гӯшае ба ҳаракатҳои онҳо наззора дошту, бачаҳояш аз лона ба тахтаи пешайвон ва аз он ҷо боз ба лона рафту омад доштанд. Ин манзара хеле аҷиб буд. Мо аз тамошои ин манзара ҳаловат мебурдем. Мусичабачаҳо гӯё назди мову модараш имтиҳон месупориданд, мо бошем, ҳар як ҳаракати онҳоро мушоҳида карда, баҳо медодем.

Шом фаро расиду мо мусичабачаҳоро дар лонаашон надидем. Хавотир шудем, ки онҳо ба куҷо рафта бошанд. Охир онҳо дигар ҷойи рафтан надоранд-ку? Баъд нигоҳамон ба сӯйи дарахти зардолу тоб хӯрд. Дидем, ки як ҷуфт мусичабачаҳо паҳлуи ҳам болои навдаи зардолу, ҷойи мувофиқу салқин баҳузур нишастаанд.

Диламон пур шуд, зеро онҳо акнун калон шуда парвозро ёд гирифтаанд.

Мусичамодар бошад, ба онҳо сеҳри зиндагӣ, душману дӯсти атрофро меомӯхт. Ва дере нагузашта ҳаёти мустақилонаи онҳо оғоз меёбад. Ҳар кадоме аз пайи дарёфти ҷуфти муносиб ва обу дона. Онҳо лонаи доимӣ надоранд. Ҳар ҷойе рост ояд, лона месозанд ва зиндагӣ мекунанд.

пешина
аз 4