Паи ситора

Баҳром Фирӯз. Маҷмӯаи ҳикояҳо дар бораи зиндагӣ, орзуву рафтори наврасону ҷавонон.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 7 саҳифа
Гӯштгирӣ
ГӮШТГИРӢ
Дар миёнаҷоии давра аз кундаю ғӯлаҳои яклухт гулхани бузурге афрӯхта буданд. Оташ баъзан баробари ду қади одам баланд гашта, ҳезум часур-чусуркунон ба атроф шарораву лахча мепарронд. Шӯълаи гулхан атрофро равшан карда, рӯйи одамони дар қатори пеш нишастаро метафсонд. Онҳо гоҳ бо як даст, гоҳ бо дасти дигар рӯяшонро аз ҳарорати сӯзони оташ панаҳ мекарданд, аммо ҷойи тамошобобро аз даст намедоданд.
Давродаври гулханро ҳамвор карда, рег пошидаанд.
Дар қатори пеши давра, асосан, пирону даҳанкалонони деҳа ва меҳмонони аз роҳҳои дуру наздик омадагӣ нишаста, чой мехӯрданд, сӯҳбат мекарданд. Дар байни онҳо роҳбарони колхоз, идораи ҷамоат ва район ҳам буданд. Дар ақиб дигарон — мардон, ҷавонону бачагон, дар ду-се ҷой тӯдаи занону духтарон нишаста, ҳама интизори саршавии гӯштӣ буданд.
Саркор баъзеҳоро ақибтар шинонда, майдонро барои гӯштигирон васеъ карду аз ҳозирон гаштаю баргашта мепурсид, ки Комил-полвон чаро бедарак аст.
Саволи саркор аз даҳан ба даҳан гузашта, ба гӯши полвони ин дам ба тӯда ворид омадагӣ расиду ӯ аз торикӣ овоз баровард:
— Тақсир, мо дар ҳамин ҷо!
— Э, дар куҷо гум шуда гаштед? Ҳама ба шумо нигарон, — саркор ба сӯйи овоз муроҷиат кард.
Дар ақиби издиҳом каллаи калон ва пешонии фарохи Комил-полвон намудор шуд.
— Ҳой, полвон, имшаб гӯштӣ буданашро намедонистед-чӣ?!
— Соати ҳашт, баъди ҳама рафтан як мошин беда оварданд,— бо овози баланд сабаб меовард ӯ. — Ночор катӣ шофёр фуровардаму ба ғарам зер кардам... Як бор ба тӯйхона даромада, муборакбод гуфта бароям? — иҷозат хост вай. Матлаб аз ин “муборакбод гуфтан” хӯроке хӯрдан буданаш ҳам ба саркор ва ҳам ба дигарон равшан буд.
— Муборакбодро дар ҳамин ҷо мегӯед. Барои шумо ошро ба ҳамин ҷо меоранд. Саркор ба ҷониби тӯйхона фарёд кард. — Ҳой, Абдувалӣ, барои полвон дастурхон!..
Комил-полвон гузашта аз қатори пеш, дар паҳлӯи се-чор нафар мӯйсафедон нишаст, ки пирони обрӯманди деҳа буданд ва хурду бузург дар ҳар боб ба адолати онҳо шубҳа надоштанд ва дар воқеъ ҳам, ин касон аз ҳар гуна таассуб пок буда, ҳамеша дар баҳсу талош ва дигар маъракаи ин мардум ҳакам ва довари боэътимод ҳисоб меёфтанд.
Саркор ду нафар бачаяки ҳафтсоларо аз байни бачаҳои довталаб пеш бароварда, қабл аз он, ки ба талош андозад, барои гӯштии имрӯза аз кӯҳансолони давра фотиҳа пурсид.
— Пирон даст диҳанд, арвоҳ мададгор шаванд, афтодаро замин бардорад, афтондагиро... яке аз он пирон, ба ин минвол хеле суханони дуо гуфту бо тантана ба фотиҳа даст кушод. — Оми-ин!..
Ҳама даст ба рӯй кашиданд. Баъд саркор он ду бачаро, ки мисли хурӯсчӯҷаҳо ҳар лаҳза омодаи ба якдигар ҳамлакунӣ буданд, ба гӯштӣ андохт.
Гӯштигирии бачаҳо ғалатӣ аст! Онҳо монанди калонсолон такаллуф ва худнамоӣ надоранд, барои озмудани якдигар дуру дароз чарх намезананд. Бачаҳо, ҳамин ки даст ба миёни якдигар расонданд, гарму ҷӯшон талош мекунанд. Ана, кайҳо афтонд!.. Бачаяки афтида ҳунгос зада гириста сар дод. Саркор бо хавотирӣ ӯро ҳолҷӯӣ кард:
— Чӣ шуд, канӣ?.. Куҷоят?.. А?.. Бигӯ? — вай дасту пойи ӯро даст-даст кард, ки мабодо лат нахӯрда бошад.
— Га... гар... гарданама ханҷолид...
— Ҳеҷ гап не, канӣ?.. Э, барои ҳамин ҳам одам гиря мекунад? Айб аст... Ма, — саркор ба вай ҳам як ручка подош дод.
Ду нафари дигар дар майдон талош доштанду боз якчанд нафар довталабони хурд миён баста, омодаи ба гӯштӣ даромадан буданд. Кадоме аз ҳарифон ғолиб меояду бо вай бояд гӯштӣ гирад, барои ин ғайратмандони хурдсол фарқ надошт.
Комил-полвон аз талоши бачаҳо чашм наканда, пиёлаи чойи кадоме дароз кардагиро ҳӯрт мекашид.
Чойи кабуди талх ба меъдаи холӣ чандин таъсири хуш надошт магар, ҳар дам ба атроф нигариста, фаҳмонданӣ мешуд, ки дастархон наовардаанд. Аммо чашму гӯши ҳама ба гӯштигирон банд, ба назди полвон дастархон овардан ба ёди касе намеомад. “Сабили ишкам расо танбӯр навохт-ку! — гуфт вай худ ба худ. Баъд боз ба умед ба атроф нигарист. — Раҳматӣ падарам мегуфтанд- а, нонро пеши по назан. Аз гӯштӣ намонам гуфта, мастобаи занакро нахӯрда омадам, уболаш гирифт.
Нона пеши по задан намешавад... Ба ишками гушна гӯштӣ ҳам завқ надорад. Хайр, меовардагист, фаромӯш накунад шуд...” — Канӣ, полвон, чӣ шуд, чӣ мегӯед? — Ногоҳ саркор ду нафар гӯштигири ба паҳлӯ афтодаро боздошта, ба ӯ рӯ овард.
— Ҳалол шавад. Аз дигар, — ҳукми худро гуфт полвон. Овози вай мисли ҳарвақта қатъӣ ва салобатнок набуд.
Навбати гӯштӣ тадриҷан аз хурдсолон ба наврасон мегузашт. Гӯштигирии наврасони 14-15 сола хеле ҷиддӣ ва кирои тамошо аст. Ҳиммати тӯйдор ҳам бад не.
Саркор мукофоти ғолиб — як дастгоҳи суратгириро аз қуттиаш гирифта, ба мардум нишон намуд ва сипас, оварда ба дасти полвон дод. Одатан, ғолиб мукофоташро аз дасти полвон мегирад. Комил-полвон ғилофи чармини онро даст-даст карда диду аз дил гузаронд, ки нархаш чанд пул бошад. Ин Бахтиёр як умр ба кори сиёҳ даст назад, нахондагӣ бошад ҳам, чаққон баромад, — мегуфт вай ба дил аз хусуси тӯйдор андешида. — Як даҳ соли охир дар райпо, ба магазинҳо мол медиҳад. Дондори деҳа мегуфтаст, ки аз ҳар қуттӣ арақ як дона-ду дона ба худаш мегирифтаст, аз чойи нағз ҳам, аз дигар чизҳо ҳам. Баъд дӯкондорҳо қусури онро аз мо мебаровардаанд...
Ду тан наврасон уқобвор ба ҳам дарафтоданд.
Комил-полвон як-ду сол аз инҳо калон буд ё не, дар тӯй бо як ҷавони дар гӯштӣ ном баровардагӣ талош карда, ӯро афтонду номи “Полвон”-ро гирифта буд. Ҳамон вақт граммофон дар ҳар деҳа якта ё дута буду бас... “Э - э, дастархон овардан аз ёдашон рафт. Саркор ҳам як бор нигоҳ намекунад, ки ишора кунам. Шикамсер чӣ парвои шикамгурусна!.. Ҳамдам-қассобро чӣ фалак задаст, дина ба нася як кило гӯшт надод-е. Ягон бор гӯшт гирифта, пулашро надода намондаам-ку! Аз баҳри насяфурӯшӣ баромадаст!.. Гӯшт — танқис, бозораш тез-дия. Кӣ дар киса доим пули нақд дорад?! Ин ҷо ба ту шаҳр аст-чӣ?..
Эҳ, канӣ, ҷавонтар бошаму аз ин гӯштӣ як гӯсфанди фарбеҳ гирифта барам. Дар охир, барои полвонҳои калон гӯсфанд ё қолин будагист? Бе ин намешавад...
Хайр, ба ман ҳам, як вақте полвон буд, гуфта ягон чиз шавгун медиҳанд: калӯш ё ягон яктаҳи чит...” Полвон оҳиста оҳи бадард кашид.
Ба ҳамин тариқ, ӯ чашм ба гӯштигирон фикр мекарду фикр мекард. Ҳарчанд зӯр зад, аз қайди ин андешаҳо баромада, лаҳзае бо атрофиён ё гӯштигирии бачаҳо андармон шавад, аммо натавонист. Ба гӯшаш гап намефорид. “Наход, ки ба тӯй гушна омада, гушна равам? Э, ин қадар дабдабаю дову дастгаҳатро ба сарам занам! Ошу нонат бошад ҳам, хешу табор, ёру дӯсти дурустат набудаст. Дар ин хел вақт наздиконаш аз омадаю равандагон хабардор шаванд-дия! Ҳамин ҳам кор шуд!.. Ин не, вай не, Бахтиёр ҳам калонҳоро мешиносад. Ба ҷойи ман раис омада шинад канӣ... Барои дилёбию дилҷӯӣ тӯй мекунанд... Ягон мансабдор ояд, “хуш омадед” гӯён дар гирдаш патаку пайтоба мешаванд... Ҳамин ҳам мардӣ аст?! — Ӯҳ, Рауф ҳарифаша бардошт!.. Ҳа, ана, ба сари зону гирифт.
Парто тезтар!.. Ҳа, бале!.. Тавба кардам, ҳеч кас гумон надошт, ки ҳамин шатрама одам мешавад. Чунон бесар, чунон айғоқ буд, ки ба замин занед, ба осмон меҷаҳид!
Дар шикамаш як рӯдаи рост надошт. Аз дасти ин на полизи мардум дар амон буду на арғамчини мол. Ба қавле, аз ганда пӯст меканд, аз нағз — пӯстин. Ба аскарӣ рафту одам шуда омад... Дастархон овардан аз ёдашон рафт... Ҳозир агар ба ҷойи ман ягон одами ба инҳо нафъаш мерасидагӣ ояд, ҳамааш тохта меомад... Аслаш, барои халқ тӯй намедиҳанд, барои калонҳо...” Қариб ду-дуним соат гӯштӣ гирифтанду тадриҷан навбати паҳлавонони номдор расид. Ҳама медонистанд, ки аз деҳаи Яккатут Мурод ном паҳлавони таърифӣ барои бо Сангин гӯштигирӣ омадааст. Сангин паҳлавони номдори ин гирду атроф, шогирди Комил- полвон, умеду ифтихори вай аст. Комил-полвон шогирди бисёре дорад, аммо Сангин дигар аст.
“Паҳлавонӣ ба вай мерос. Аҷдод - аҷдодаш паҳлавон гузаштагӣ. Комил-полвон раҳматӣ бобои ӯро ёд дорад, як фил барин қувват дорад, мегуфтанд. Тахтапушташ ба замин норасида аз гӯштӣ баромад, аммо сабилмондаи мӯҳтоҷӣ ӯро маъюб кард. Мегуфтанд, ки Хӯҷамуроди аллоф як иморати дакаданг андохта, барои шаҳсутуни айвонаш аз сойи Ҷизмон як дарахти чормағзро ғалтондаст. Роҳи кӯҳ танг, улав намегардад. Чор йигити ҳузарб ду рӯз овора шуда, ғелондаю кашола карда, сад қадам барин овардаанду бас. Хӯҷамурод, замин хабар накашад, одами айёр буд, мегӯянд. Рӯйирост аз паҳлавон илтимос накардааст. Андешидааст, ки баногоҳ маъюб шавад, дар пеши халқ умрбод рӯсиёҳ мегардад.
Бинобар ин, овоза сар додаст, ки агар ҳар кас ҳамон чӯба биёрад, як пуд гандум медиҳад. Паҳлавони камбағал ина шунида, дар як шаб танаи чормағзро оварда, ба таги дарвозаи бой партофтаст. Мегуфтанд, ки ана, баъди ҳамон воқеа паҳлавон дигар ба худ наомад, қоматаш рост нашуд. Баъзе мегуфтанд, ки вай маъюб шудагӣ, баъзеи дигар чашм расид, мегуфтанд. Боз кӣ медонад, ман раҳматиро аранг-аранг ёд дорам, — мегуфт худ ба худ андешида Комил-полвон. — Дар рагу пайи Сангин қуввати бобояш ҳаст. Ман ба вай нозукиҳои ҳунарамро ёд додам, ин тарафаш ба худаш вобаста. Сангин дар аввал як авҷ карду сонитар танпарвар шуд. Аз афти кор, маишат, сониян, сабилмонда арақ шасташа гардонд...
Дар як дастархон чорта нону мева ҳам наоварданд-е!..
Ҳе, ноумедҳо! Агар ош намонда бошад, нону чой ҳам нест-чӣ?.. Арвоҳ занад...” — И-и-и, полвони яккатутиаш баромаданӣ-ку! Э-э, вай ин Тоҳирчаро меафтонад... Мурод — Мурод мегӯянд, ҳамин будаст-дия. Ҷудо ҳам бӯзбала-ку! Ҳар як кафаш бел барин-е! — гуфт мулло Нори дар ақибаш буда даҳонашро ба таҳи гӯши Комил-полвон наздик карда.
— Ҳа, сахттар чангол занад, қабурғаи Тоҳирчаро канда мегирифтагӣ барин, — Комил-полвон ҳам ӯро назараш гирифт.
Комил-полвон ҳаракатҳои Муродро мушоҳида карда, ӯро аз ҳар ҷиҳат писандид. Паҳлавони ҷавон ҳанӯз шармин буда, ба сухан даҳон кушояд, хиҷолат кашида, сурх мегашт. Хоксору батамкин буданаш аён.
Ҳа, мағрурию худнамоӣ надорад.
Вақте ки вай бо Тоҳирча ба талош сар кард, Комил- полвон пай бурд, ки меҳмон ҷавони бақувват буда, ҳанӯз аз зӯри худ бехабар аст. Вай баъди он ки ҳарифашро ду- се бор афшонда дида, зӯри ӯро санҷид, дилпурона ба вай наздик рафт. Тоҳир ҳам зӯри ӯро фаҳмиду ана, худашро мегурезонад. Дуруст. Агар ба зери бағали Мурод афтад, вай вазнаш катӣ мадори инро хушк мекунад...
Паҳлавонон чунон ба ҳам дарафтоданд, ки саркор аз хавфи он ки ногаҳ якдигарро ба оташ назананд, мудом дар тарафи гулхан меистод.
Тоҳирча Муродро хеле арақшор кард. Мурод ҳар қадар ӯро ба чапу рост меандохт, аммо бефоида буд.
Тоҳирча ба ҳарифи худ сахт такя партофта, монанди кундаи чанор ноҷунбон меистод. Аз байни издиҳом овозҳои таҳсин баланд мегашт.
— Сахт ист, Тоҳир!
— Ту аз вай кам не!.. Нони трактор ҳалол аст!..
Полвон тубу тухмаи Тоҳирчаро ҳам нағз медонад:
“Падараш як одами нимҷон. Паҳлавонӣ ба Тоҳирча аз тӯби модараш мерос аст. Тағояш полвони забардаст буд.
Як йигит буд, ки аждаҳо мегуфтед. Дар ҷанг нобуд шуд...” Комил-полвон таърихи гӯштӣ ва гӯштигирони 30- 40 соли охирро хуб медонист. Вай дар бачагӣ гӯштигирии тағои ана ҳамин Тоҳирчаро дида буд. “Дар як тӯйи бузург қариб тамоми полвонҳои гирду атроф ҷамъ шуданд. Тағои Тоҳирча – Абдусамад дасташ омад карду ягон-ягон шаш полвонро афтонд. Як номарди дигар — Ҳафиз ҳам даъвои полвонӣ дошт. Мардум ғавғо бардоштанд, ки дарояд. Ночор ба майдон даромаду бо Абдусамад даст ба миён шуд. Абдусамад, дар ҳақиқат, полвони зӯрдаст, ҷавонмард ва тандеҳ буд.
Ҳамин ки Ҳафизро ба сари сина бардошта, ба замин заданӣ шавад, ин номард аз ҷойи нозуки полвон гирифт.
Абдусамад аз зӯри дард бо қаҳр ӯро чунон ба сари синааш фишурд, ки аз даҳану бинии Ҳафиз хун омад.
Ҳафиз пеш аз ин ҳам дар як маъракаи дигар бо сари зонуяш ба шиками ҳарифаш зада, сабабгори ғавғои калоне гашта буд. Як гурӯҳ одамон, ки он лаҳза аз номардии Ҳафиз бехабар буданд, ба тарафгирии вай хестанду қариб деҳодеҳи калон сар зад. Пештар дар тӯйҳо ба гӯштию бузкашӣ ҳар як қавм йигит ҷамъ карда, дар бағал гурзу калтак, теғу шашпар мерафтанд. Баъзан тӯйҳои калон хунрезию азо катӣ тамом мешуд. Ҳар як деҳа, ҳар як қавм орият гуфта ҷон медоданд-е! Аҳмақира бинед!.. Ҳукумат ҳамаро ба тартиб оварда, хуб кори савоб кард... Аммо равнақи гӯштӣ ҳам аз миён рафт.
Давраш гузашт. Он хел тӯйҳо ҳам нест, он хел полвонҳо ҳам. Ҷавонҳои ин давр се бор талош кунанд, нафасашон мегардад. Ҳамааш аз папирос, мондан гиред аз арақ.
Баъзе йигитҳо ба сӣ даромада - надаромада чарбу мебанданд. Одам фарбеҳ, ки шуд, аз вай полвон намебарояд...” — Маҳкам ист, Тоҳир!
— Ҳа, дастакотба садқа!..
Шӯру садои мардум Комил-полвонро аз банди хаёлот ба худ овард.
Ҳеҷ чашмдошт набуд, ки Тоҳирча Муродро ин қадар монда мекунад. Аз ҳозирон ин сирро аксар пай набурданд, аммо мардони гӯштидида мақсади Тоҳирро фаҳмиданд. Вай барои ғалтондани ҳарифаш зӯр намезад. Аз ӯ худро дур кашида, имконият намедод, ки талош зуд яктарафа гардад. Мурод ҳамвора зӯр мезад, ки зудтар ӯро ғалтонад. Мақсади Тоҳир ҳам ҳамин — ӯро монда кардан буд, то ки ба ҷӯрааш, ҳамдеҳааш Сангин осон шавад. Сангин кайҳо тағйири либос карда, ҳозирӣ медид.
— Парво накун, Тоҳир, Сангин дар ҳамин ҷо! — фарёд кард кадоме барои ба Тоҳирча рӯҳ бахшидан.
“Чойникҳои чойро дам ба дам бурда мебиёранд, аммо аз дастархон дарак не. Ё ба саркор як имои бурут карда фаҳмонам-чӣ? Айб аст охир, мардуми гирду пеш чӣ мегӯянд? Саркор аз худаш дониста гӯяд, гапи дигар.
Ҳуши вай ҳозир ба гӯштӣ. Ман барин рӯзаш катӣ ғарам зер кардааст-чӣ?.. Хайр, ҳеч гап не, як шаб-дия. Мардум рӯза медоранд-ку! Аз тӯй нарасад, гила накун, гуфтаанд...” — Мурод, телба нашав!.. — кадоме аз меҳмонон мақсади Тоҳирчаро пай бурд магар, ҳамдеҳаашро огоҳ кард.
Қийғоси аҳли маърака баланд гашт. Мурод оқибат Тоҳирчаро ба сари сина бардошту пойи ӯро аз замин канд ва як бор давр гардонду зад. Гӯё замин кӯчида бошад, аз издиҳом наъра бархост:
— Ӯ-ӯҳ!..
— Қандата зан!..
— Ҳалолат бод! — гуфт Комил-полвон ҳам зери лаб ба таҳсин сар ҷунбонда.
Мӯйсафедони атрофаш ҳам ба таҳсин лаб кушоданд.
— Ҳалол... Ҳалол...
— Беғилу ғаш гӯштӣ гирифтанд!
— Ҳаққи ҳалол!.. Қанд занед!..
Мурод пеш омада радиои инъомро аз дасти Комил- полвон гирифт. Вай дар ҳолате, ки ҳарсос зада нафас мегирифт, чолок онро гирифту бурда ба дасти яке аз наздиконаш дод. Мурод баъди каме ин тараф-он тараф роҳ гашта, тапиши дилашро паст кардан, рафта дар паҳлӯи ҳамдеҳагонаш нишаст. Ду нафар ҷавони бӯзбала ба молидани дасту пойи ӯ машғул шуданд. Дигарон ба сӯйи ӯ хам шуда, маслиҳати як марди миёнсолро гӯш мекарданд.
Сангин аз гӯшае оҳиста ба майдон даромаду маърака лаҳзае хомӯш монд. Ба назари одами бегона чунин менамуд, ки ӯ гӯё вазъ мегуфта бошаду халқ барои сухани вайро шунидан ором шудаст. Сангин бо кафи даст чашму рӯяшро аз дуду аз гармии оташ панаҳ карда, оҳиста майдонро давр гашт. Ӯро бинад, ҳар кас ҳам паҳлавон мегуфт. Навча, синафароху миёнборик, дасту бозувонаш мисли оҳани тобхӯрда, чеҳракушод — хуллас бо тамоми ҳастиаш мегуфт: паҳлавони ҳақиқӣ манам!
Ҳама бо шавқ ба қаду басти ӯ зеҳн монда буданд.
Сангин, аз рӯйи одат, давраро чарх заду омада дар рӯ ба рӯйи Комил-полвон дузону нишаст ва аз устоди худ фотиҳа пурсид.
— Ҳаросон нашав, дасти ман не, дасти бобоям, гӯй... Пирон мададгор шаванд... Комил-полвон даст ба рӯй кашиду лаҳзае ба чашми Сангин нигариста монд.
Баъд ба тарафи ӯ хам шуда, бо овози паст гуфт: — Ба ман нигар, ҳой... аз вай сабилмонда хӯрдагӣ барин менамоӣ... Чӣ ҷин зад ба ту? И-и... Охир масҷид... И-и...
Э, пир занад тура...
— Камакак зиён надорад, тағо... Бачаҳо намонданд...
— Номаъқул кардӣ!.. Гӯштина мурдор накун! — Якбора ба шӯр омад Комил-полвон, аммо овозашро баланд накард.
— Э, парво накунед!.. Ҳозир мебинед...
— Гарданат мешиканад! — гуфт полвон ситезаомез сар ҷунбонда. — Бас, оҳиста аз майдон барою ҷомара каш! —Суханашро аз зиҳи дандон бароварда амр кард ӯ.
— Ягон сабаб биёру дафъаи дигар мегирам гӯй ё рӯйирост гӯю мон: камтар арақ хӯрда будам, устодам рухсат надоданд.
— Тавалло мекунам, рухсат диҳед... Маро беобрӯ накунед... — илтиҷо кард Сангин.
— Не, намешавад... Масҷид... — боз мақоли ҳангоми қаҳр мегуфтагиашро ба забон гирифт полвон.
— Хуб гӯед, охир... Мурам ҳам, аз ин намеғалтам...
Ман ба номаш лаб тар кардам...
Комил-полвон лаҳзае дудила шуда ба рӯйи шогирди худ нигариста монд. Ин лаҳза мӯйсафедони паҳлӯяш ба миён даромаданд:
— Каму тум хӯрда бошад, ҳеч гап не, полвон...
— Ҳозир ҳамаи ҷавонҳо мехӯранд...
— Ба гапи ман бовар намекунед? — исрор мекард Сангин.
— Бовар кардан катӣ... — қадре мулоим гашта ғурунгос зад полвон. — Ҳамин ҳам кор шуд!.. Шарм кун...
— Дилпур бошед...
Атрофиён тӯл кашидани гуфтугӯйи устоду шогирдро дида, ба сӯйи онҳо чашми шавқ дӯхта буданд.
Сангин барои ба дигарон сир надодан даҳанашро инҷ карда, табассум менамуд. Баъди бо ишораи сар бархез гуфтани устодаш ӯ бархосту довталабона майдонро давр зад. Нидоҳои таҳсину офарин баланд шуданд.
— Ҳа, баракалло!..
— Кам нашав, додар!.. Саломат бош!
— А ҷонат гардам, сари мара паст накун!
Комил-полвон гушнагиашро фаромӯш кард ё худ баъд аз гузаштани вақти муқаррарии хӯрокхӯрӣ иштиҳош кӯр шуда буд. Ҳоло ҳушу хаёлаш ба гӯштӣ.
Шаш сол боз ӯ гӯштӣ намегирад. Ҳамсолонаш аз майдон баромаданду вай ҳам ночор бас кард. Бо ҷавонон гӯштигирӣ хуб не. Аммо ҳар боре, ки Сангин ба майдон дарояд, тамоми узвҳои бадани Комил-полвон паридан мегирад. Гӯё ҳозир худаш ба майдон медаромада бошад.
Дили одаткарда балои ҷон будаст.
Сангину Мурод — ду тан зӯртарин паҳлавонони ин маърака ба ҳам дарафтоданду атроф ба якборагӣ сокит гашт. Фақат чарс-чарскунон сӯхтани кундаҳои бед ва гурс-гурс пойкӯбии паҳлавонон ба гӯш мерасиду бас.
Аҳли маърака нафасашонро ба дарун кашида, саҳнаи асосии гӯштигирии имшабаро тамошо мекарданд. Ин талош аз он ҷиҳат ҳам талоши бағоят муҳим буд, ки ҳар ду паҳлавон ҳам то ҳол аз касе мағлуб нашуда буданд.
Ин гуна гӯштиро дидан ва шоҳид будан ба ҳар кас муяссар намешавад ва онҳое, ки гувоҳи мағлубияти паҳлавони пушташ замин налесида буданд, як умр ин воқеаро хотира карда, ба авлодон ҳикоят мегӯянд.
Сангин аз кӯфтагии Мурод истифода кардан хост магар, яку якбора ҳарифи ношиносро дурустакак наозмуда, ҳамла сар кард. Аз ҳамлаҳои Сангин Мурод саросема шуд. Мардум ба зӯрии ҳамдеҳаашон дилпур шуда, ба қийғос ва офарингӯӣ сар карданд. Мурод паҳлавонвор истодагарӣ дошт ва ҳангоми ором шудани ҳарифи худ ду даст ба миёни ӯ мунтазири ҳамлаҳои нав нафас рост мекард. Сангин, одатан, чусту чолок ва бо суръат гӯштӣ мегирифт. Бинобар ин, ором ва ба фурҷа чарх гаштани Мурод ба вай намефорид.
Комил-полвон ҳамлаҳои бебарори шогирдашро мушоҳида карду нафасгирии ноҳамвори ӯро пай бурд ва оҳиста, зери лаб “оббо” гуфту ба афсӯс ба зонуяш шаппотӣ зад. Баъд худ ба худ, аммо ба доварони паҳлӯяш шунаво зери лаб пичиррос зад:
— Нагуфтам, ки арақ кори ина кардагӣ!..
Шиддати ҳамлаҳои Сангин кам-кам паст гашта, ҳоло ду паҳлавон монанди ду барзагови шох ба шох ниҳода, аз миёни якдигар дошта, ором чарх мезаданду фақат аҳён-аҳён ҳамдигарро такон дода мемонданд.
Одатан, паҳлавонон ё барои озмудани усули якдигар ва ё ҳангоми монда шудан ин тариқ гӯштӣ мегиранд.
Расул-бобои андовакаш аз ақиб хам шуда, ба гӯши Комил-полвон гуфт:
— Инат кайҳо арақ кард, ҷиян...
Мӯйсафед пас аз сонияе чанд илова кард:
— Худат миёната бастан гир.
— Ман кайҳо бас кардагӣ, тағо.
— Ҳеҷ гап не, дар зарурат... Барои обрӯйи халқамон...
— Рагу пай хунук шудагӣ. Бекора чӣ даркор, — даст афшонд полвон.
Аммо ӯ ҳис кард, ки дар таги дилаш майле ба гӯштӣ ҳасту аммо забонаш инкор мекунад. Пай бурд, ки аз ақиб, аз паҳлӯ ҳамдеҳагони солдидаю рамузи гӯштигириро мефаҳмидагӣ, ҳоло ба сӯйи вай менигаранд. Паҳлавонон баъди тақрибан бист дақиқа талош кардан ҳар ду ҳам арақшор гаштанду саркор бо иҷозати доварон ба онҳо танаффус дод. Муроду Сангин миёнбанди якдигарро сар дода, ҳар яке ба назди тӯдаи худ рафта, дар пеши давра нишастанд.
Комил-полвон хотирпарешон менишаст.
Шогирдаш ӯро нописанд кард, ба гапаш гӯш надода, ба гӯштӣ даромад. “Шогирд тарбия карда натавонист”, мегӯяд халқ. Усули гӯштиро ёд додан кам аст, одаму одамгарӣ, ҷавонмардию тандеҳиро ҳам ёд додан даркор.
Ҷойи мана гирифт, акнун хотирҷамъ аз майдон мебароям, гуфта будам. Сабил монад, арақ рагу паяша сӯхтааст... Э-э-э...” Сангин ба саркор ким-чӣ гуфту рафта, сарулибосашро пӯшидан гирифт.
— Наход?! — беихтиёр хитоб кард полвон. — Ҳай, афсӯс... Нотандеҳӣ кард... Расми полвонҳо ин хел набуд...
— Гап зан, Комил-полвон!.. — Расул-бобо аз қафо заҳрханда кард.
Саркор ба назди доварон омада маслиҳат андохт:
— Сангин мегӯяд, ки “дуранг”. Тобаш набудааст.
Насиб бошад, ягон бори дигар мегирем мегӯяд... Хӯш, шумо чӣ мегӯед? — Вай як-як ба чашми доварон нигарист.
Пирони солманд маънидорона ба чашми якдигар нигариста, сар ҷунбонданду чӣ гуфтанашонро надониста, ба Комил-полвон рӯ оварданд. Полвон ба чашми онҳо нигариста натавонисту сарашро хам кард.
Ин дам гӯё ҳама ба вай нигариста мегуфтанд: шогирди ту нотандеҳӣ кард!
— Насиби Муродро диҳед... — гуфт вай аз замин сар набардошта.
— Хайр, ба Сангин ҳам ягон чиз диҳед, — илова кард яке аз мӯсафедон.
Дигарон дар тасдиқи ин ҳукм сар ҷунбонданду саркор аз ҷояш бархост.
Комил-полвон норозӣ даст афшонду оҳиста худро ақиб кашид ва аз байни мардуми бо ғалоғӯла бархостагӣ гузашта сари хам аз маърака баромада рафт.
Соли 1974.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё