Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо саволҳои мувофиқ гузоред.

Намуна: чӣ? – чашма, киҳо? – кӯдакон, ...

Диктанти хомӯш (бесадо) I Падари ман (чӣ?) овард. (кӣ?) барои мо китоб менависад.

Холаам (чӣ?) мебофад. (кӣ?) донишомӯзонро ба саёҳат мебарад.

Супориш. Ба саволҳо ҷавоб навишта ҷумлаҳоро нависед.

II Ман дирӯз қалам, ручка, перо, дафтар, китоб, сиёҳидон, резинка, ҷадвал харидам.

Падарам, модарам, амакам, холаам, хоҳарам, бародарам, аммаам ба меҳмонӣ рафтанд.

Супориш. Пеш аз исмҳо саволҳои чӣ? ва кӣ? гузошта нависед.

III 1. Мадрасаҳои Улуғбек, Шердор, Тиллокорӣ, Гӯри Мир, Бибихоним, Чорбакр бо санъати меъмории гулдаста ороиш ёфтааст.

2. Падари Гударз Кашводи Зарринкулоҳ аз паҳлавонони бузурги давраи подшоҳии Фаридун будааст.

3. Асбобу олоти асосии гулдӯзӣ сӯзан, чангак, дарафш, ангуштпона мебошад.

4. Мӯҳраи гардан, гулӯбандакро дар қаротегин, Дарвоз, Зарфшон хафабанд, гулӯбанд дар Мастчоҳ кенҷак дар Бадахшон семак, марҷон, марҷони гардан мегӯянд.

Диктанти санҷишӣ Лола ва ман Лола додару хоҳар дорад. Номи додараш Ҷасур мебошад.

Вай дусола аст. Хоҳараш чорсола аст. Номаш Мунира мебошад.

Ман дар синфи сеюм мехонам.

Номи ман Фаррух мебошад. Фамилияам Восеъзода аст.

Фамилияи омўзгори мо Раҳмонов мебошад. (34 калима) Испанд Испанд яке аз гиёҳҳои шифобахши қадимии тибби Шарқ аст. Онро Абӯали ибини Сино дар муолиҷаи беморҳои гуногун истифода бурдааст. Испанддудкунӣ дар Шарқ машҳур гаштааст.

Аз тухми испанд ранги сурх мегиранд, ки дар ранг додани гилем ба кор меравад. (38 калима) Диктанти озод Тамошои шаҳар Рӯзи истироҳат ҳамроҳи омўзгор ва шарикдарсон ба тамошои шаҳр рафтем. Тамошои шаҳр бо дидану зиёрат кардани Мақбараи Сомониён, майдони “Хотира ва ёдбуд” сар шуд. Ҳамон рӯз мо Арк, Зиндон, Шаҳристон, Манораи Калон, мадрасаи Мири Араб, мадрасаи Кӯкалдош, мадрасаи Девонбегӣ, Тоқи Саррофон, Тоқи Телпакдӯзон, Тоқи Заргарон, Лаби ҳавз ва Дахмаи Биҳиштиёнро тамошо кардем. Ба хиёбони истироҳатӣ рафта ба чарху фалак савор шудем. Бо таассуротҳои бисёр ба хона баргаштем. (69 калима) Диктанти биноӣ Гунҷишкак Гунҷишкаки майдаяк, Майдаяку хушрӯяк.

Дар панҷааш шохчаҳо, Дар болои буттаҳо.

Нишаста бозӣ мекард, Хуб нағмасозӣ мекард.

Мирсаид Миршакар Диктанти шарҳдиҳӣ Тошканд пойтахти ҷумҳурияти мо аст. Дар дар¸и Зарафшон моҳӣ бис¸р аст. Мо дар деҳаи Талибарзу зиндагӣ мекунем. Шариф най менавозад. Расул Зирак ном саг дорад.

Гови мо Қашқа ном дорад. Озода ба корҳои бибиаш ¸рӣ дод.

Фирӯза духтари аълохон аст. Далер бо Беҳрӯз омад. Хурсандова Насиба омўзгора аст.

Гурба Гурбаи Мошон, шаш бача доштаст.

Яктаи онро, Зирак номидаст.

Дуюмашро ӯ, Гардак номидаст.

Ба сеюмаш ном, Алояк мондаст.

Ба чорумаш ном, Балояк мондаст.

Аминҷон Шукӯҳӣ Исмҳои хос Диктанти таъкидӣ 1. Ҷингилапо ҳафт бача дошт: Алӯлак, Булӯлак, Хиштаки Сари Танӯрак, Токчапарак, Мехчапарак, Болошинак, Таҳшинак.

2. Мушак Бибигамбӯсакро навозиш карда, аз об кашида гирифтаасту ба хона оварда нигоҳубин кардааст.

3. Хуршед, Умед ва Зайнаб ба ниҳолҳо об медиҳанд.

4. Падарам бо ҳавопаймо аз Бухоро омад.

5. Эҳтимол пагоҳ бародарам аз Фарғона ояд.

6. Ҷасур бо Фаридун ба кино рафтанд.

7. Ман дар¸ҳои Сир ва Зарафшонро дидам.

8. Деҳаи мо Нишеб манзараҳои зебо дорад.

9. Ҷӯраам Полвон ном саг дорад.

Анори Ғурбун аст он, Безахму бутун аст он.

Номат бувад Ҷаҳонгир, Замину осмонро гир.

Асад Гулзодаӣ Бухороӣ Супориш. Исмҳои хосро муайян кунед.

Диктанти санҷишӣ Мадади бачаҳо Охири моҳи октябр ҳамаи меваҳо мепазанд. Деҳқонон дар саҳро меҳнат мекунанд. Трактор низ ба шудгор кардани заминҳо хизмати худро дареғ намедорад. Пас аз дарс як гурӯҳ донишомӯзони синфи сеюм ба саҳро рафтанд. Ғи¸с, Ғаффор ва Саттор аз бобои деҳқон иҷозат гирифта, ба кор шурӯъ намуданд. Онҳо ба ғунучини сабзавот ва мева ба вай кӯмак расониданд.

Фурсате нагузашта кор ба охир расид. Бобои деҳқон аз мадади бачаҳо хурсанд шуд. (53 калима) Супориш. Исмҳоро муайян кунед.

Исмҳои ҷинс Диктанти худамро месанҷам I Чинор, себ, гӯсфанд, райҳон, шалғам, тут, нок, асп, ҳино, бодиринг, бед, шафтолу, саг, садбарг, турб, сада, ангур, хирс, пиёз, сафедор, биҳӣ, гов, савсан, карам, буз, гурба, шутур, хар, курта, палто, шим, қалам, дафтар, китоб, ручка, ҷадвал, гандум, ҷав, мош, арзан, коса, табақ, пиёла, дег.

Супориш. Исмҳои ҷинсро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда, номи умумиашонро нависед:

Мева: ...

Дарахт: ...

Гул: ...

Сабзавот: ...

Асбобҳои рӯзгор: ...

Ҳайвонот: ...

Пӯшок: ...

Асбобҳои хониш: ...

Ғалла: ...

II Номи духтари амаки ман ... мебошад. Модарам аз магазин як килограмм ... харид. Бародарaм аз кӯҳ ... чида омад. Ман ва дугонаам ... ба музей рафтем. Модаркалонам хати шуморо хонда хеле ... карданд. Ҷӯраи ман ... ба Тошканд меравад. Номи хоҳарчаи ман ... мебошад. Гули ... шукуфтааст. Ман ва ...

оҳанпора ҷамъ кардем. Мошинҳоро аз оҳану ... месозанд.

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо исмҳои хос ва ҷинси мувофиқро гузоред.

Диктанти шунавоӣ I 1. Мо ба Саодат бахту саодат мехоҳем.

2. Мо орзу дорем, ки Орзухон ху шбахт бошад.

3. Бобои деҳқон ба Анора анор додааст.

4. Одина рўзи одина аз аҳволи модаркалонаш хабар гирифтааст.

5. Падари Бозор аз бозор либосҳои мактабии фарзандашро харид.

Супориш. Маъно ва фарқияти исмҳои хосу ҷинси бо ҳам табдилёфтаро гӯед.

II Дар боғи ҳайвонот Дар боғи ҳайвонот ҳодисае рӯй дод. Духтарчаи шашсола Лола фил, шер, гург, хирс, палангро тамошо мекард. Ӯ ба қафаси маймун наздик рафт. Лола конфет мехўрд. Ногоҳ маймун дасташро аз панҷара баровард ва конфети Лоларо кашида гирифт. Лола тарсид ва дод гуфта гиря кард.

Дар боғи ҳайвонот ба қафаси ҳайвонҳои ваҳшӣ наздик истодан мумкин нест.

Диктанти таъкидӣ I 1. Обу ҳавои Панҷрӯд бо Зебунисоияш моро мафтун кард.

2. Дараи Булбулон дар дидаи мо як умр нақш баст.

3. Пирамардон ривоят кардаанд, ки ҳангоми ҷанг навохтани Рӯдакии бузургвор Чилдухтарон рӯи ҳамин санг ба рақс мебаромаданд.

II Мусича, малах, зоғ, пашша, мурғобӣ, шапалак, булбул, кирм, калхот, ғоз, тортанак, товус, мӯрча, мурғ, сӯзанак.

Супориш. Исмҳои ҷинси ифодакунандаи номи ҳашарот ва паррандагонро дар алоҳидагӣ нависед.

Исмҳои танҳо ва ҷамъ Диктанти шунавоӣ Рӯбоҳи ҳилагар 1. Рӯбоҳи гурусна мурда барин хоб кард. Зоғе аз он ҷо парида мегузашт. Вай рӯбоҳро дид. Зоғ ба наздики рӯбоҳ нишаст ва қар-қаркунон фарёд зад. Зоғон ҷамъ шуданд.

2. Як зоғ ба рӯбоҳ наздик омад. Вай ба думи рӯбоҳ нӯл зад.

Зоғи дигар ба сари рӯбоҳ нишаст. Вай ба даҳони рӯбоҳ нӯл зад.

Рӯбоҳ бо як ҳамла зоғро ба даҳон гирифт.

3. Зоғон ба ҳар тараф париданд ва қар-қар карданд. Онҳо ба шарики худ ёрӣ расонида натавонистанд.

Диктанти худамро месанҷам (чӣ) абр – (чиҳо?) абрҳо, (чӣ) гул – (чиҳо?) гулҳо, (чӣ?) китоб – (чиҳо?) китобҳо, (кӣ) донишомӯз – (киҳо?) донишомӯзон, (кӣ?) модар – (киҳо?) модарон, (кӣ?) наққош – (киҳо?) наққошон, (кӣ?) шоир – (киҳо?) шоирон, (кӣ?) донишомӯз – (киҳо?) донишомӯзон, (кӣ?)–шунавада – (киҳо?) шунавандагон.

Шогирди рассом Шино кунад дар само Парча – парча абрҳо Нигоҳи офтоб пурноз Мурғобиҳо дар парвоз Дар дашту кӯҳу саҳро Бузу гӯсфанд дар чаро Дарахтон гул кардаанд Хазандаву чаранда Ҳайвонҳои дарранда Гӯё гулдӯзӣ буданд Аз паи рӯзӣ буданд, ҳамаи ин сурат буд.

Дар дафтари Суннат буд.

пешина
аз 20
навбатӣ