Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

МАН ЧАРОҒ АФРӮХ ТАМ

Ошёни гунҷиш к ва раиси ҷонфидо Ӯ ҳанӯз дар овони тифлӣ дар исканҷаи шадиди қисмат фишор хӯрда буд. Вақте ки ба синни яксолаю шашмоҳагӣ расид, ба ҳукми сарнавишт падару модараш аз ҳам ҷудо гардиданд. Ӯ ва бародари калониаш дар паҳлӯи модар монда буданд. Солҳое, ки Раҳматулло дар мактаб таҳсил дошт, кӯшиш менамуд, ки бори рӯзгорро барои модараш сабуктар бикунад. Бинобар ин аз давраи кӯдакӣ Раҳматулло ба меҳнати гарони ҷисмонӣ гаравида шуд. Чун дар зодгоҳаш одамон иморатҳои нав месохтанд, он солҳо ба хишт талабот зиёд буд. Раҳматулло бо чанд нафар ҳамсолони худ хиштрезӣ мекард ва ҳар маблағе, ки бар ивази ин меҳнати вазнин меёфт, ба модари азизаш месупурд.
Ӯ ба таҳсил ҳам шавқу ҳаваси калон дошт ва дафтару китобро зери бағал карда, ба лойхона меомаду лойи хишт мехобонд ва то замони тайёр шудани лой аз хиштҳои хушку нимхушкида як навъ миз сохта, дар рӯйи он дафтару китобҳояшро гузошта, сабақҳои муаллимро такрор менамуд ва ба мутолиаи китобҳо шуғл меварзид. Хонаи истиқоматии онҳо хеле танг буд, бинобар ин боре Раҳматулло қарор дод, ки ҳангоми таътили тобистона бо дастони худ хоначае бисозаду ба модараш хурсандие бубахшад. Барои ин тамоми тамузи тобистон хишт рехт, пойдевор сохт ва дар ҷустуҷӯи дастаку васса шуд. Чун девори хонаи дастсохти Раҳматулло баланд гардид, модар воқеан ҳам мамнун шуд ва фарзанди меҳнатдӯсти худро дуо кард:

– Гунҷишко ворӣ ҳелча сохтӣ, камол биёбӣ, бачаме, илоҳӣ, камиро набинӣ, ҷуни очае, – кафи дастон ба рӯй молид модар. Воқеан ҳам Раҳматулло мисли гунҷишкон барои худ ошёне сохта буд. Вале ҳангоми пӯшидани боми хона Раҳматулло хеле азият кашид, зеро рави пайдо кардааш тақрибан якуним метр кӯтоҳ омад. Аммо пул надошт, ки рави дарозтар бихарад. Бо маслиҳати усто ба ҷойи кӯтоҳи рав дастакро пайванд карда, бомро пӯшиданд. Раҳматулло ёд дорад, ки дар ҳамин хоначаи навсохтааш аз модаркалони худ афсонаҳои обу заминро шунидааст. Бибии Раҳматулло чарх мересиду ба набераи дӯстдоштааш афсона мегуфту мегуфт. Дар ин афсонаҳо об ҳамчун зебопарӣ, рамзи покӣ ва ризқу рӯзӣ тасвир мешуду момозамини ганҷрасон ҳамеша ташнаи як қатраи булӯрини об буд. «Ба ҳалқи ман қатраи об чаконед, пас аз бағалам ҳар чӣ хоҳед, ситонед, – мегуфт момозамин,

– дастархони шуморо бо нозу неъмати шойгон мекунам рангину пуралвон...»

...Дар афсонаи дигар об ва замин ба мисли ду хоҳароне буданд, ки байни худ доимо ҷанҷолу арбада доштанд ва ба ҳамин сабаб гӯё об гурехта дар қаъри замин пинҳон гардидааст. Ҷанҷолу арбадаи обу замин нишонаи паридани хайру баракат ва омадани бадбахтию касофат будааст. Одамон ҷаҳду талош менамуданд, ки чоҳҳо ва ҷӯйҳо кофта, роҳи обро кушоянд ва онро бо замин оштӣ диҳанд. Баракату шукуфонии замин ҳам дар созиши он ба оби файзрасон будааст...
Барои Раҳматулло шунидани ин афсонаҳо гуворо буду хаёлпарварона. Ҳар вақте ки ӯ бибиашро ҳини чархресӣ медид, хоҳишу илтиҷо менамуд, ки афсонаҳои обу заминро бигӯяд. Бибиаш батакрор мегуфту Раҳматулло гӯш мекард ва хаёлан худро дар сафи чоҳканҳову ҷӯйкобон мепиндошт, ки онон обро ҷустуҷӯ доштанд... Ҳамон соле, ки Раҳматулло кулбаяки нав сохта буд, зимистон сербарфу борон омад: қисмати рави кӯтоҳомадаи бом андаке чӯкид ва ба чакидан сар кард. Бибии Раҳматулло ҳам дигар чархро дар гирди чакдони хонаи кӯҳна мересиду дар ҳамон ҷо ба наберааш афсона мегуфт... Раҳматулло дар лаҳзаҳое, ки бар сақфи кулбаяки наваш менигарист, аз дил мегузаронд, ки агар рав кӯтоҳӣ намекард, бом намечӯкид ва нам ҳам намегузашт. Рави кӯтоҳи нахустин хонаи сохтааш як умр дар хотираш нақш баст.
Солҳо гузаштанд.
Раҳматулло бо роҳи хидматӣ барои бомпӯшии бисёр одамон – хешу бегона, шиносу ношинос, хулоса, ҳар тоифаи эҳтиёҷмандон равҳои дарозу мустаҳкам, инчунин тахтаю шифер, фанеру мех ва дигар маводи хушсифату фаровони сохтмон муҳайё намудааст. Вале ҳангоми бомпӯшии худаш ҳамон вақт якуним метр рав кӯтоҳ омада буду касе лутфу марҳаматаш накард. Шояд он вақт ҳеч кас дар деҳа чунин рав надошт. Ҳароина Раҳматулло аз он лаҳзаи тангдастӣ дар дил ғуборе напарварида, балки барои одамон равҳои дарозу бадошт ва қавие омода месохт ва ин равҳо якуним метр кӯтоҳ набуда, балки ду-се метр дарозтар буданду бомҳо ҳаргиз намечӯкиданд ва намрезиҳо ҳам ба сақфҳо намегузаштанд...
Айёми ҷавонии Раҳматулло шиори «Чун дар деҳот зиндагӣ мекунӣ, техникаро биёмӯз!» хеле машҳур шуда буд. Ҷавонон ба идора намудан ва таъмиру тармими васоити гуногуни техникӣ ҷаҳду талош меварзиданд, зеро бидуни васоити техникӣ корҳои хурду калони кишоварзиро анҷом додан душвор буд. Раҳматулло ҳам шавқи зиёде дошт, ки пешаи ронандагиро омӯзад.
Бо ҳамин ният ӯ ба идораи комиссариати ҳарбии ноҳия омад, зеро бо кӯмаки ин идора ҷавонон аз ҳисоби давлат бепул касб омӯхта, пас аз касбомӯзӣ дар сафи артиши Шӯравӣ хизмати Ватанро адо менамуданд. Вале он замон кори Раҳматулло барор нагирифт, дар комиссариати ҳарбӣ ба ӯ гуфтанд, ки ҳанӯз хурдсол аст. Сипас шавқи касбомӯзӣ Раҳматуллоро ба мактаби ронандагии шаҳри Душанбе овард, чунки мехост ҳар чӣ зудтар соҳиби касбу кор шавад ва дар зиндагӣ ба модараш дастрасоӣ намояд. Ба касбу кор ташнадилии Раҳматулло аз ҳамин сабаб буд.
Дар мактаби ронандагии пойтахт, ки он аз тарафи созмони мададгорони артиш таъсис ёфта буд, аз Раҳматулло талаб намуданд,ки қабл аз оғози таҳсил бояд ҳаштсад сӯм пардохт намояд (ин пули даврони сталинии соли 1947 то ислоҳи пулии соли 1961 буд). Раҳматулло аз шаҳри Душанбе (он солҳо Сталинобод) ба автобуси самти Қубодиён савор шуда, сӯйи хона раҳсипор гардиду раҳораҳ гирифтори фикру хаёлҳои гуногун шуд, ки чӣ тавр ҳаштсад сӯмро ҳар чи зудтар пайдо кунад. Барои ҷавони наврас, ки дар хона бизоате надошт, ба даст овардани ин маблағи калон хеле душвор буд. Вале аз тарафи дигар, барои таҳсил дар мактаби ронандагӣ дилаш гум мезад. Раҳматулло дар хона як сар буз дошт, ки ҳар сол ду бузғола мезоид. Шири ҳамон буз ризқу рӯзии оила ҳисоб меёфт ва бузғолаҳоро ҳам ба ягон камбуди рӯзгор сарф менамуданд.

Ӯ тасмим гирифт, ки ҳамон бузро бо бузғолаҳояш ба бозор бурда фурӯшаду як қисми маблағро пайдо намояд ва қисмати дигари пули мактабро бо ягон роҳи дигар биёбад. Вай худро бо ҳамин андеша тасаллӣ медод, ки бузу бузғолаҳо ҳоло як манбаи ризқу рӯзӣ бошанд ҳам, маблағи бар ивази онҳо бадастмеомада низ барои касбомӯзӣ сарф мешавад, ки ин ҳам дар оянда, иншоаллоҳ, манбаи ризқу рӯзӣ ва молу манол хоҳад шуд.

Вай бомдоди рӯзи дигар бо ҳамин андешаю пиндорҳои нек бузу бузғолаҳоро ронда ба сари кӯча баромад ва охирин даҳ сӯми ҷайбашро сарфи кирояи мошин карда, ба бозори мавошӣ ва сутурони ноҳия ворид шуд. Бозор пур аз бузу гӯсфанд, гӯсолаю гов, буққаҳои шохзани фарбеҳ ва ҳатто чанд сар аспу шутур ҳам буд. Раҳматулло бо мақсади ёфтани нисфи пули мактаби ронандагӣ дар дил нархи бузу бузғолаҳоро чорсад сӯм муайян намуд ва тасмим гирифт, ки «ҳар кас чун савдо бикунад, ҳамин нархро мегӯяму дар қавлам устувор меистам». Дере нагузашта шахсе ба моли Раҳматулло талабгор шуда, бадани бузро даст-даст карда диду бузғолаҳоро муоина намуд.

– Нархи бузу бузғолаҳота дар якҷоягӣ чанд кардӣ, бача? – пурсон шуд харидор.

– Ака, чорсад сӯм, – ҷавоб дод Раҳматулло.

– Ӯҳу, нарха баланд гирифтӣ-ку.

– Охир, ака, се сар мол аст.

– Хайр, воҳима накуну камтар поён фаро,-гуфт харидор ва бо андаке хаёл илова намуд:

– Албатта, ту ҳам бо умед ба бозор омадаӣ, биё, ба ҳарсеаш сесаду панҷоҳ диҳаму гирифта равам. Бачаҳоша бачаҳом бозӣ мекунанд.

– Не, ака, аз чорсад кам намеша. Ман ҷойи мешудагиша гуфтам.

– Якравӣ накун, пули нағз шуд.

– Не, гапи ман якта.

– Хайр, худат медонӣ, – гуфт харидор ва ба сӯйи молдорони дигар рафт. Бо ҳамин то гашти бозор ягон кас ба назди Раҳматулло омада, бузу бузғолаҳояшро савдо накард. Ва ӯ дигар пуле надошт, ки мошин киро кунад. Бинобар ин ҳайрон монд, дуруст мегуфтаанд, ки «сухани хона ба бозор намеояд рост». Дар бозор низ одамон кам монданд. Раҳматулло намедонист, ки чӣ кор кунад ва бо ҳамин ҳоли музтариб мехост, ки бозорро тарк намояд. Тифоқо дар назди баромадгоҳи бозор шахсе аз банди ресмони буз дошта гуфт:

– Мефурӯшӣ? Раҳматулло ҳамон нархи пешинаро такрор кард.

– Додарам, акнун гашти бозор шуд, ба он нарх ҳеч кас намехарад. Агар хоҳӣ, ба бузат сад сӯм ва ба бузғолаҳоят панҷоҳ сӯм медиҳам. Раҳматулло маҷбуран розӣ шуд, зеро дар ҷайб пули мошинкиро ҳам надошт. Бегоҳӣ модар аз воқеа огоҳ гашта, писарашро дилбардорӣ кард.

– Бачам, агар аз савдои буз барор накарда бошӣ, илоҳӣ, аз хондан барор биёбӣ, шофири зӯр шавӣ, бачам. Ғам нахӯр, мана, ин пули мактабат, бихону дили сағиру кабира биёб... Ва модар як миқдор пулеро, ки барои рӯзи мабодо пасандоз карда буд, бо ҳазор умеду орзу ба дасти писараш дод. Раҳматулло дуои поки модарро раҳтӯшаи худ карда, ба таҳсил раҳсипор шуд. Азбаски шавқу завқи таҳсили мактаби ронандагӣ дар ниҳоди ӯ маъво дошт, шабу рӯз сабақи устодонро меомӯхт.

Ба корҳои амалӣ шуғл меварзид. Дар фарҷом ба колхоз ҳамчун ронандаи бомаҳорат шуда омад. Он солҳо ӯ дар хоҷагӣ чун ронандаи моҳир назир надошт. Раҳматулло, ки ҷисму ҷонаш ҳама иборат аз рагу пай, ҷавони боғайрат ва чусту чолоке буд, бо мошини худ вазифаҳои душвору вазнинтаринро адо менамуд. Аз тарафи роҳбарияти колхоз ҳар як супорише, ки мешуд, бо ҷону дил ба анҷом мерасонд. Ба даштҳои дур ва кӯҳдоманҳои душворгузар бори чӯпононро сари вақт мебурд, сапедадамон пахтачинонро ба минтақаҳои зарурӣ интиқол медод ва бегоҳӣ ба хонаҳояшон меовард. Дар сари роҳ чун ҳамқишлоқиёнро бубинад, бо борашон ба манзил мерасонд ва ба миннатдории пирону солхӯрдагон сазовор гардида, мутобиқи дуои модар дили сағиру кабирро меёфт. Тавре ки гуфтаанд:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Каъба бунёди Ҳалили Озар аст,
Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар аст.

Дар колхоз ронандагони бисёре ба таври худ кор мекарданд, вале на ҳар кас мисли Раҳматулло дилёб буд. Ба ғайр аз дилёбӣ ва хизматгори беминнати халқу ҷамъият будан ӯ мошини худро нағз нигоҳубин мекард, мошини Раҳматулло доимо дар ҳаракат буда, аз ҳисоби хобу истироҳат, махсусан шабонгоҳон таъмир мешуд. Бинобар ин роҳбарон ҳар амре бидиҳанд, Раҳматулло бидуни нею нестон омодаи хидмат мешуд. Ӯ чунон боҳавсала буд, ки фурсат пайдо намуда, рондани тракторҳои шудгоркунанда, васоити ҳамакораи марбути коркарди пахтазор ва ҳатто булдозеру экскаваторро ҳам омӯхт. Одамон ба саъю кӯшиш ва ғайрати нотамому ҳавсалаи томи ин ҷавони қоматбаланди камгап ва хоксору фурӯтан қоил мешуданду дар ҳайрат буданд, ки чӣ гуна ӯ аз ӯҳдаи ин корҳои вазнини техникӣ баромада метавонад.

Ҳамин хислатҳои барҷастаи меҳнатдӯстӣ, хушзеҳнӣ ва хизматгори содиқу беминнати мардуми диёр будани Раҳматулло баъдтар, дар давраи мушкилтарини ҳаёти халқ, вақте ки бо хоҳишу дархости пай дар пайи деҳқонон, ҳамдиёрон, занону мардон, пирону ҷавонон ӯ раиси хоҷагӣ интихоб гардид, барояш кӯмаки зиёд намуданд. Лекин ин воқеа хеле дертар ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳоло бошад, Раҳматулло ронандаи пешқадамтарини хоҷагӣ буда, аз ҳар як печу мӯҳра ва обу равғани мошинаш бохабар аст ва онро тозаю озода нигоҳ дшта, моҳирона меронад. Бинобар ҳамин ҳам мошини наппа-нави «ЗИЛ», ки ба колхоз ворид шуд, ба ӯ бовар карда, ба номаш сиҷил намуданд. Ҳамин тавр кору амали ин шахси поквиҷдон ва покизакор барор кард ва акнун ӯ мошини навтаринро соҳиб гардид...

пешина
аз 29
навбатӣ