Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Бонки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – (англ. First Bank of the United States) бонки амрикоӣ, солҳои 1791 то 1811 арзи вуҷуд кардааст. Моҳи декабри соли 1790 ходими давлатии ИМА Александр Гамилтон ба Конгресс пешниҳоди сохтани бонки миллиро кард. Ӯ пешниҳод кард, ки аксарияти хароҷотро аз ҳисоби сармояи худаш мекунад. Ҳукумат танҳо 20%-и хароҷотро ба зимма гирад. Пулҳои бонк бояд ба пулҳои танга иваз мешуданд. Ҳукумати федералӣ бояд восиати худро дар ин бонк нигоҳ медошт. 25 феврали соли 1791 Конгресс сохтани Аввалин бонки Иёлоти Муттаҳидаро тасдиқ кард. Иҷозатнома ба бонк кафолати мақоми умумимиллиро дар давоми 20 сол дод. Президенти бонк Томас Уилинг интихоб шуд. Бонк ба ҳукумати ИМА додани қарзи бебозгаштро оғоз кард. Ҳаҷми онҳо ба 6,2 млн. доллар мерасид. Дар фарқ аз дигар бонкҳои тиҷоратии имтиёзно Бонки миллӣ шӯъбаҳои худро дар дигар иёллотҳо дошт.

Канада

Бонки бузурги Канада – (англ. Royal Bank of Canada («Роял бэнк оф Кенада», «Бонки шоҳигарии Канада»), ки ҳамчунин ширкати бузургтарнии Канада ба ҳисоб меравад. Яке аз 12 бузургтарин бонкҳои дунё аз ҷиҳати сармояи бозорӣ мебошад, ки соли 1864 дар шаҳри Галифакс таъсис дода шуд.

Ин бонк дар рӯйхати бузургтарин ширкатҳои оммавии дунё мувофиқи рӯйхати тартибдодаи Forbes Global 2000 соли 2016 Бонки шоҳигарии Канада ҷои 52-юмро гирифт, ки аз он ҷумла ҷои 33-юм аз рӯи фаъолӣ, 50-ум аз рӯи фоидаи холис, 79-ум аз рӯи сармояи бозорӣ ва 256-ум аз рӯи гардиши пулу молро ишғол кард. Соли 2010 ба рӯйхати 50 бонки бовариноктарини дунё сазовор гардид (мувофиқи рӯйхати тартибдодаи маҷалаи Global Finance). Баъд аз 5 сол , соли 1869 бонк низомномаи федералӣ гирифта ҳуқуқӣ барориши пулро гирифт. Дар аввали солҳои 1870 доираи хизматрасонии худро вилотяҳои наздибаҳрӣ васеъ кард, вале дар натиҷаи коҳиш ёфтани саноатӣ киштисозӣ фаълияташ суст шуд. Соли 1882 аввалин шуъбаи он дар ҷазираҳои Бермуд кушода шуд, ҳарчанд ки соли 1889 маҳкам шуда, ба минтақаи Кариб ба иҷора дода шуд ва то имрӯз вуҷуд дорад. Дар соли 1896 сармояи бонк ба 10 млн доллар расид. Баъдан шуъбаҳои он дар Колумбия ва Куба низ кушода шуданд. Соли 1901 бонк номашро ба Royal Bank of Canada (RBC) иваз кард, соли 1907 бинои асосии он аз Галифакс ба Монреал кӯчонида шуд. Соли 1902 шумораи шӯъбаҳои бонк ба 109 адад расида, сармояаш 50 млн долларро ташкил дод. Соли 1939 нишондоди сармояи бонкӣ мазкур сарҳади 1 млрд долларро убур кард. Дар замони Ҷанги Дуввумӣ Ҷаҳонии фаъолияти бонк дар Амрикои Шимолӣ инкишоф ёфт, вале аксарияти шуъбаҳои аврупоиаш баста шуданд. Баъди ҷанг бонк сармоягузории нафту гази Канадаро ба уҳда гирифт. Ҳамон сол дар Ню-Йорк ширкати трастӣ (боваринок)-и Royal Bank of Canada Trust Company кушода шуд.

Соли 1961 аввалин компютер дар бонк насб карда шуд. Соли 1962 логотип (нишон)-и бонк иваз карда шуд, дар он акнун расми шер, тоҷ ва курраи Замин нишон шуда буд.

Дар аввали солҳои 1970 бонк якҷоя бо панҷ бонки дигар дар Лондон ширкати бонкии Orion барои пайдо кардани роҳ ба бозори хизматрасонӣ кушоданд. Соли 1981 қисми Бонки шоҳигарии Канада гашт, ки ар ин давра яке аз чор бонки бузурги Амрикои Шимолӣ ба ҳисоб мерафт ва сармояаш ба 51 млрд доллар расида буд.

пешина
аз 42
навбатӣ