Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар нимаи дуввуми асри XVIII бонкҳои хусусӣ пайдо шуданд, ки қарзҳои векселӣ медоданд. Аз соли 1793 шумораашон то 400 адад расида буд. Як марҳила фаъолияти бонкҳо аз сабаби ҷанг бо Фаронса коҳиш ёфта буд. Ин коҳишёбӣ 24 сол, то анҷомёбии ҷанг давом кард.

Дар соли 1797 дар Англия ва Уэлс зиёда аз 280 “country” бонкҳо вуҷуд доштанд, дар соли 1816 бошад, ин шумора ба 900 адад расид. Соли 1816 ҳаҷмии умуми пули қоғазӣ дар Англия 24 миллион фунт-стерлингро ташкил медод.

Соли 1826 дар пайи либерикунонӣ корҳои бонкӣ, ба корпоратсияҳо иҷозаи баровардани векселҳои тақдимкунанда дода шуд, вале ин имконият низ ҳудуди муайянро дар бар мегирифт (яъне дар масофаи 65 мил аз Лондон). Бо чунин тарз инҳисории Бонки Англия мустаҳкам шуда, тақрибан рақиб надошт. Соли 1833 хизматрасонӣ бо усули қабули депозитҳо иҷозат дода шуд. Дар давраҳои баъд бонкҳо, ки пештар ҳуқуқи иваз кардани пулҳои қоғазии худро бо пулҳои филизӣ доштанд, акнун метавонистанд онҳоро ба пулҳои қоғазии Бонки Англия иваз кунанд.

Ҳамаи ин дигаргуниҳо Бонки Англияро боз ҳам мустаҳкамтар мекард. Соли 1946 қабули либористии бонки миллишуда онро ба дараҷаи “корпоратсияи оммавӣ” оварда расонд.

пешина
аз 42
навбатӣ